Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ЭЪЛОН: ОЗМУНИ ТАҚСИМОТИ ДОВТАЛАБОН ВА ҲОЗИРШАВӢ БА МУАССИАҲОИ ТАЪЛИМӢ ТИБҚИ НАТИҶАҲОИ ИМД-2016

Нашр шуд: 02 Августи 2016
Диданд: 1574

Душанбе, 2-юми августи соли 2016

Ба диққати довталабоне, ки холҳои гузаришро аз ҳамаи субтестҳои дахлдор ва имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус (агар ихтисосҳо супоридани чунин имтиҳонҳоро талаб карда, довталаб онҳоро супорида бошад) ба даст оварда, ба озмуни тақсимот РОҲ ЁФТААНД, мерасонем, ки натиҷаҳои озмуни тақсимоти довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон 3‑юми август эълон карда мешавад.

Маълумоти муфассал дар бораи натиҷаи озмуни тақсимот, аз ҷумла бали умумии бадастовардаи довталаб дар доираи ҳар як комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардааш ва бали гузариш дар доираи ҳар як комбинатсияи мазкур (агар довталаб дар озмун аз рӯйи он(ҳо) комёб нагардида бошад) барои ҳар як довталаб дар кабинети инфиродиаш ҷойгир карда шуда, инчунин ба телефони мобилии ӯ, ки дар варақаи бақайдгириаш дар майдони “Телефони мобилӣ” қайд гардидааст, SMS-паёмаки ройгон бо маълумоти мухтасар дар ин бора фиристода мешавад.

Бали гузариш дар бахши натиҷаи тақсимоти кабинети инфиродиаш дар сутуни “Бали гузариш” танҳо барои комбинатсияи ихтисосе нишон дода мешавад, ки довталаб дар озмуни тақсимот аз рӯйи он комёб гардидааст ё барои ҳамаи комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардаи довталаб, ки ӯ дар озмуни тақсимот аз рӯйи онҳо комёб нагардидааст. Дар сурати комёб гардидани довталаб мувофиқи яке аз комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардааш маълумот дар бораи комбинатсияи ихтисосҳои афзалияташон пасттари довталаб, аз ҷумла ихтисосҳо ва балҳои гузариши онҳо нишон дода намешавад.

Тавассути SMS-паёмак маълумоти мухтасар дар шакли яке аз ҷумлаҳои зерин фиристода мешавад:

1. “№ назорати: ХХХХХХХХХХХХХ. Натичаи озмуни таксимот: Шумо аз руи интихоби n (ихтисоси ХХХХХХХ, рузона, пулаки, муассисаи таълими) ГУЗАШТЕД. Фавран то 15.08.2016 ба муассисаи таълими барои хуччатсупори хозир шавед!”

2. “№ назорати ХХХХХХХХХХХХХ. Натичаи озмуни таксимот: Шумо аз руи ягон интихобатон НАГУЗАШТЕД ва метавонед дар озмуни таксимоти такрори иштирок намоед. Барои ин бояд аз 19 то 22 август аз нав аз кайд гузаред.”

Хотиррасон менамоем, ки маълумоти муфассал дар бораи натиҷаҳои озмуни тақсимот барои ҳар як довталаб дар кабинети инфиродиаш гузошта мешавад. Агар дар бахши натиҷаи тақсимоти кабинети инфиродии довталаб матни “Шумо аз рӯи интихоби №n гузаштед!”, ки ранги пасманзар (фон)-и он сабз аст, дарҷ гардида бошад, пас, довталаб дар озмуни тақсимот ба муассисаи таълимӣ мувофиқи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш комёб гардидааст ва дар ҷадвал комбинатсияи ихтисоси дахлдор, бали гузариши он ва бали бадастовардаи довталаб нишон дода мешавад.

Агар дар бахши натиҷаи имтиҳонҳои кабинети инфиродии довталаб матни “Шумо дар озмуни тақсимот аз рӯи ягон интихобатон нагузаштед!”, ки ранги пасманзар (фон)-и он сурх аст, бошад, маънои онро дорад, ки довталаб дар озмуни тақсимот ба муассисаи таълимӣ аз рӯйи ҳеҷ яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш комёб нагардидааст.

ТАВАҶҶУҲ! Таъкид менамоем, ки роҳ ёфтан ба озмуни тақсимот ҳоло маънои донишҷӯй шудан ва ҳатто гузаштан аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаи довталабро надорад ва гузаштан ё нагузаштани довталаби ба озмуни тақсимот роҳёфта танҳо 3-юми август, яъне пас аз озмуни тақсимот маълум мегардад. Зеро дар озмуни тақсимот имкон дорад, ки агар довталаби нисбат ба дигарон бали камдошта комбинатсияи ихтисос(ҳо)-еро интихоб карда бошад, ки дар он(ҳо) озмун баланд аст, комёб нагардад.

Дар баробари роҳҳои зикргардидаи дастрас кардани маълумот дар бораи натиҷаҳои имтиҳонҳо ҳар як довталаб имкон дорад, ки ба воситаи телефони мобилии худ SMS-паёмаки пулакиро бо дархост (матн)-и “n<рақами назоратӣ>” (масалан, n3081016008393) ба рақами кӯтоҳи 1617 фиристода, дар бораи натиҷаҳои имтиҳони худ маълумоти мухтасар гирад. Арзиши фирисодани ин SMS-паёмак 1 (як) сомонӣ аст.

Довталабоне, ки тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимот ба ин ё он муассисаи таълимӣ мувофиқи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон тақсим карда мешаванд, бояд на дертар аз 15‑уми август ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии дахлдор ҳозир шуда, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ки рӯйхати онҳо дар зер оварда мешавад, ба комисияи қабули он муроҷиат намоянд. Дар сурати бо сабабҳои узрнок дар муҳлати муқарраргардида имконнопазир будани ҳозиршавии довталаб ба муассисаи таълимӣ, довталабро зарур аст, ки сари вақт то 15‑уми август муассисаи таълимиро дар ин хусус тавассути намояндаи худ хабардор карда, ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намояд.

3‑юми август рӯйхати довталабони тибқи натиҷаҳои озмун ба муассисаҳои таълимӣ мувофиқи комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардаашон тақсимшуда ба ин муассисаҳои таълимӣ пешниҳод мегарданд.

ТАВАҶҶУҲ! Тибқи тартиби муқарраргардида, дар сурати сари вақт то 15‑уми август ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии дахлдор ҳозир нашудани довталаб ва ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод накарданаш ӯ аз ҳуқуқи қабул шудан ба муассисаи таълимӣ маҳрум мегардад ва ҷойҳои аз ин ҳисоб холимонда дар озмуни тақсимоти такрорӣ пешниҳод карда мешаванд. Чунин довталаб дар озмуни тақсимоти такрорӣ ҳуқуқи иштирокро надорад.

Тақсимоти довталабон бо назардошти балҳои бадастовардаю интихобҳои онҳо ва нақшаи қабули донишҷӯён ба таври худкор тавассути системаи иттилоотии “Довталаб”, яъне бе дахолати омили инсонӣ гузаронида мешавад.

Агар довталаби холҳои гузаришро соҳибшуда ва ба озмуни тақсимот роҳёфта тибқи натиҷаҳои озмун комёб нагардад, имкон дорад, ки аз рӯйи комбинатсияи ихтисосҳои муассисаҳои таълимӣ, ки баъди озмуни тақсимоти асосӣ дар онҳо ҷойҳои холӣ боқӣ мондаанд, бо бали аз имтиҳонҳо бадастовардааш дар озмуни тақсимоти такрорӣ иштирок намояд. Барои иштирок дар ин озмун довталабон бояд дар нуқтаҳои бақайдгирӣ аз нав ба қайд гирифта шаванд. Ҳангоми азнавбақайдгирӣ онҳо имкон доранд, ки дар доираи ихтисосҳои дорои ҷойҳои холӣ то 12 комбинатсияи ихтисосҳоро интихоб намоянд.

Тартиби озмуни тақсимот чунин аст:

1. Барои ихтисосҳое, ки супоридани имтиҳони қисми А (имтиҳони умумӣ) ва қисми Б (имтиҳони ихтисос)-ро талаб менамоянд, бали умумии довталаб, ки аз субтестҳои қисми А ва қисми Б ба даст овардааст, ба назар гирифта мешавад.

2. Барои ихтисосҳое, ки супоридани имтиҳони қисми А (имтиҳони умумӣ) ва қисми В (имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсус)-ро талаб менамоянд, бали умумии довталаб, ки аз субтестҳои қисми А ва қисми В ба даст овардааст, ба назар гирифта мешавад.

Бали аз қисми В (имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсус) бадастовардаи довталаб (дар сурати соҳиб шуданаш ба холҳои гузариш) ба қисми А (имтиҳони умумӣ) илова карда шуда, танҳо барои он ихтисосҳои интихобкардааш ба назар гирифта мешавад, ки супоридани чунин имтиҳонро талаб менамоянд.

3. Ҳангоми озмуни тақсимот дар навбати аввал тақсимоти довталаб аз рӯйи ихтисоси афзалияташ якум, ки дар варақаи бақайдгирӣ нишон додааст, баррасӣ карда мешавад. Агар довталаб аз рӯйи натиҷаҳои аз имтиҳонҳо бадастовардааш ба ихтисоси афзалияташ якум гузарад, ӯ аз рӯйи ихтисоси мазкур ба муассисаи таълимии дахлдор тақсим шуда, тақсимоти ӯ аз рӯйи ихтисос(ҳо)-и афзалияташ(он) баъдии интихобкардааш баррасӣ намешавад.

4. Агар довталаб тибқи натиҷаҳои бадастовардааш аз рӯйи ихтисоси афзалияташ якум нагузарад, тақсимоти ӯ аз рӯйи ихтисоси афзалияташ дуюми интихобкардаи ӯ баррасӣ мешавад. Ҳамин тавр дар сурати нагузаштани довталаб аз рӯйи ихтисоси мазкур низ раванди тақсимот мувофиқи ин тартиб ё то замоне идома меёбад, ки довталаб аз рӯйи яке аз ихтисосҳои дорои афзалияти баъдии интихобкардааш тақсим шавад ё бо тақсим нашуданаш аз рӯйи ҳеҷ яке аз ихтисосҳои интихобкардааш ба охир мерасад.

Агар довталаб аз рӯйи натиҷаҳои бадастовардааш мувофиқи бартарии яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш тақсимот шавад, он гоҳ, новобаста аз кофӣ будани натиҷаҳои бадастовардааш, барои гузаштани ӯ аз рӯйи дигар ихтисоси дорои афзалияти пасттари интихобкардааш, тақсимоти ӯ тибқи дигар ихтисос(ҳо)-и афзалияташ(он) баъдӣ баррасӣ намешавад.

Бали гузариш дар ихтисос ҷамъи балҳои аз ҳамаи субтестҳои қисми А (имтиҳони умумӣ), қисми Б (имтиҳони ихтисос) ва аз ҳисоби имтиёз ё коэффитсиент (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталабе аст, ки аз рӯйи натиҷаҳои озмуни тақсимот дар доираи ҷойҳои тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ҷудошуда ба ихтисоси муайян аз ҳама охир тақсимот мешавад. Бали гузариш дар ихтисосе, ки супоридани имтиҳонҳои эҷодӣ ё маҳорати махсусро талаб мекунад, ҷамъи балҳои аз ҳамаи субтестҳои имтиҳони қисми А, имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсус ва аз ҳисоби имтиёз (дар сурати доштани он) бадастовардаи довталаби аз рӯйи ихтисоси мазкур аз ҳама охир тақсимшуда ба ҳисоб меравад. Бали гузариш пешакӣ муайян нест ва он барои ҳар як ихтисос танҳо пас аз озмуни тақсимоти довталабон маълум мешавад.

Ёдрас мекунем, ки бали бадастовардаи довталаб аз рӯйи комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардааш, вобаста аз субтести асосии қисми Б (имтиҳони ихтисос), метавонад гуногун бошад, зеро вазн (бали имконпазири ҳадди аксар)-и субтестҳо гуногун аст.

Агар довталаб тибқи натиҷаи озмуни тақсимот аз рӯйи як, якчанд ё ҳеҷ яке аз комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардааш комёб нагардида бошад, дар бахши натиҷаи тақсимоти кабинети инфиродии довталаб дар сутуни “бали гузариш” бал(ҳо)-и гузариши чунин комбинатсияи ихтисосҳо нишон дода мешавад.

Лозим ба қайд аст, дар бинои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахши минтақавии он дар шаҳри Хоруғ ва муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истаравшан, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва Данғара, ки нишонии онҳо дар зер нишон дода мешавад, нуқтаҳои иттилоърасонӣ ташкил карда мешавад. Дар зарурат довталабон метавонанд ба яке аз ин нуқтаҳои иттилоърасонӣ муроҷиат карда, дар бораи натиҷаҳои озмуни тақсимот маълумот гиранд.

Довталабон имкон доранд, ки дархост ё саволҳои худро ба нишонии почтаи электронии Марказ – Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. пешниҳод намоянд.

Ҳуҷҷатҳои зарурие, ки довталабони дар озмуни тақсимот муваффақгардида бояд ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии дахлдор пешниҳод намоянд, инҳоянд:

1) ариза ба номи ректор;

2) ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот (диплом ё аттестат);

3) маълумотномаи тиббӣ (шакли 086-у);

4) 6 адад сурат (андозаи 3х4см);

5) маълумотнома аз ҷойи зист;

6) шиноснома (асл) ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият бо сурат, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ  додааст;

7) билети ҳарбӣ (агар дошта бошад) ё шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда;

8) нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (агар собиқаи корӣ дошта бошад).

Нишонии нуқтаҳои иттилоърасонӣ

1. Душанбе: Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 192;

- телефонҳо: 224 53 66, 224 53 68, 224 53 73, 224 53 72.

2. Хоруғ: бахши минтақавии Марказ:

- вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ, кӯчаи Иҷубов Мамадато, 234;

- телефон: 915-98-00-51.

3. Хуҷанд: муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 5-и ба номи 20-солагии Тоҷикистон:

- вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Калинников, 79;

- телефон: 911-10-12-97, 915-98-00-89.

4. Истаравшан: гимназияи № 5‑и ба номи Раҷаб Амонов:

- вилояти Суғд, шаҳри Истаравшан, кӯчаи А. Юсупов, 93;

- телефон: 915-98-00-88.

5. Қӯрғонтеппа: муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 12-и ба номи Анварбек Ҳамидов:

- вилояти Хатлон, шаҳри Қӯрғонтеппа, кӯчаи Дзержинский, 17;

- телефон: 915-98-00-58, 915-98-00-71.

6. Кӯлоб: муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ба номи В. П. Чкалов:

- вилояти Хатлон, шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 40;

- телефон: 911-00-48-27.

7. Данғара: муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2:

- вилояти Хатлон, ноҳияи Данғара, кӯчаи Нуралӣ Миралӣ;

- телефон: 915-98-00-50.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон