Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ЭЪЛОН: ОЗМУНИ ТАҚСИМОТИ ТАКРОРИИ ДОВТАЛАБОН ВА ҲОЗИРШАВӢ БА МУАССИАҲОИ ТАЪЛИМӢ ТИБҚИ НАТИҶАҲОИ ИМД-2016

Нашр шуд: 25 Августи 2016
Диданд: 1043

Душанбе, 25-уми августи соли 2016

Ба диққати довталабоне, ки барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ (аз 19‑ум то 22-юми август) аз нав аз қайд гузашта буданд, мерасонем, ки натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон 26‑уми август эълон карда мешавад.

Маълумоти муфассал дар бораи натиҷаи озмуни тақсимот, аз ҷумла бали умумии бадастовардаи довталаб дар доираи ҳар як комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардааш ва бали гузариш дар доираи ҳар як комбинатсияи мазкур (агар довталаб дар озмун аз рӯйи он(ҳо) комёб нагардида бошад) барои ҳар як довталаб дар кабинети инфиродиаш ҷойгир карда шуда, инчунин ба телефони мобилии ӯ, ки дар варақаи бақайдгириаш дар майдони “Телефони мобилӣ” қайд гардидааст, SMS-паёмаки ройгон бо маълумоти мухтасар дар ин бора фиристода мешавад.

Ёдрас менамоем, ки барои ҳар як довталабе, ки ҷиҳати иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ аз нав аз қайд гузаштааст, дар заминаи сомонаи Марказ кабинети инфиродии нав кушода мешавад. Барои воридшавӣ ба кабинети инфиродӣ довталаб бояд аз рақами назоратии нав ва рамзи муваққатии варақаи бақайдгирии аз нав гирифтааш истифода намояд.

Тавассути SMS-паёмак маълумоти мухтасар дар шакли яке аз ҷумлаҳои зерин фиристода мешавад:

1. “№ назорати: ХХХХХХХХХХХХХ. Натичаи озмуни таксимот: Шумо аз руи интихоби n (ихтисоси ХХХХХХХ, рузона, пулаки, муассисаи таълими) ГУЗАШТЕД. Фавран то 30.08.2016 ба муассисаи таълими барои хуччатсупори хозир шавед!”

2. “№ назорати ХХХХХХХХХХХХХ. Натичаи озмуни таксимот: Шумо аз руи ягон интихобатон НАГУЗАШТЕД.”

Хотиррасон менамоем, ки маълумоти муфассал дар бораи натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрорӣ барои ҳар як довталаб дар кабинети инфиродиаш гузошта мешавад. Агар дар бахши натиҷаи тақсимоти кабинети инфиродии довталаб матни “Шумо аз рӯи интихоби № n гузаштед!”, ки ранги пасманзар (фон)-и он сабз аст, дарҷ гардида бошад, пас, довталаб дар озмуни тақсимоти такрорӣ ба муассисаи таълимӣ мувофиқи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш комёб гардидааст ва дар ҷадвал комбинатсияи ихтисоси дахлдор, бали гузариши он ва бали бадастовардаи довталаб нишон дода мешавад.

Бали гузариш дар бахши натиҷаи тақсимоти кабинети инфиродиаш дар сутуни “Бали гузариш” танҳо барои комбинатсияи ихтисосе нишон дода мешавад, ки довталаб дар озмуни тақсимоти такрорӣ аз рӯйи он комёб гардидааст ё барои ҳамаи комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардаи довталаб, ки ӯ дар озмуни тақсимоти такрорӣ аз рӯйи онҳо комёб нагардидааст. Дар сурати комёб гардидани довталаб мувофиқи яке аз комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардааш маълумот дар бораи комбинатсияи ихтисосҳои афзалияташон пасттари довталаб, аз ҷумла ихтисосҳо ва балҳои гузариши онҳо нишон дода намешавад.

Агар дар бахши натиҷаи имтиҳонҳои кабинети инфиродии довталаб матни “Шумо дар озмуни тақсимот аз рӯи ягон интихобатон нагузаштед!”, ки ранги пасманзар (фон)-и он сурх аст, бошад, маънои онро дорад, ки довталаб дар озмуни тақсимот ба муассисаи таълимӣ аз рӯйи ҳеҷ яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш комёб нагардидааст.

Дар баробари роҳҳои зикргардидаи дастрас кардани маълумот дар бораи натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрорӣ ҳар як довталаб имкон дорад, ки ба воситаи телефони мобилии худ SMS-паёмаки пулакиро бо дархост (матн)-и “n<рақами назоратӣ>” (масалан, n7125016009908) ба рақами кӯтоҳи 1617 фиристода, дар бораи натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрорӣ худ маълумоти мухтасар гирад. Арзиши фиристодани ин SMS-паёмак 1 (як) сомонӣ аст.

Довталабоне, ки тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрорӣ ба ин ё он муассисаи таълимӣ мувофиқи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон тақсим карда мешаванд, бояд на дертар аз 30‑юми август ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии дахлдор ҳозир шуда, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ки рӯйхати онҳо дар зер оварда мешавад, ба комисияи қабули он муроҷиат намоянд. Дар сурати бо сабабҳои узрнок дар муҳлати муқарраргардида имконнопазир будани ҳозиршавии довталаб ба муассисаи таълимӣ, довталабро зарур аст, ки сари вақт то 30‑юми август муассисаи таълимиро дар ин хусус тавассути намояндаи худ хабардор карда, ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намояд.

26‑уми август рӯйхати довталабони тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрорӣ ба муассисаҳои таълимӣ мувофиқи комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардаашон тақсимшуда ба ин муассисаҳои таълимӣ пешниҳод мегарданд.

ТАВАҶҶУҲ! Тибқи тартиби муқарраргардида, дар сурати сари вақт то 30-юми август ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии дахлдор ҳозир нашудани довталаб ва ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод накарданаш ӯ аз ҳуқуқи қабул шудан ба муассисаи таълимӣ маҳрум мегардад.

Тақсимоти довталабон бо назардошти балҳои бадастовардаю интихобҳои онҳо ва нақшаи қабули донишҷӯён ба таври худкор тавассути системаи иттилоотии “Довталаб”, яъне бе дахолати омили инсонӣ гузаронида мешавад.

Тартиби озмуни тақсимоти тақсимоти такрорӣ чунин аст:

1. Дар доираи гурӯҳҳои ихтисосҳои 2-юм – 5-ум барои ихтисосҳое, ки супоридани имтиҳони қисми А (имтиҳони умумӣ) ва қисми Б (имтиҳони ихтисос)-ро талаб менамоянд, бали умумии довталаб, ки аз субтестҳои қисми А ва қисми Б ба даст овардааст, ба назар гирифта мешавад.

2. Дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 1‑ум барои ихтисосҳое, ки супоридани имтиҳони қисми А (имтиҳони умумӣ) ва қисми Б (имтиҳони ихтисос)-ро талаб менамоянд, бали умумии довталаб, ки танҳо аз субтестҳои қисми А ба даст овардааст, ба назар гирифта мешавад.

3. Барои ихтисосҳое, ки супоридани имтиҳони қисми А (имтиҳони умумӣ) ва қисми В (имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсус)-ро талаб менамоянд, бали умумии довталаб, ки аз субтестҳои қисми А ва қисми В ба даст овардааст, ба назар гирифта мешавад.

Бали аз қисми В (имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсус) бадастовардаи довталаб (дар сурати соҳиб шуданаш ба холҳои гузариш) ба қисми А (имтиҳони умумӣ) илова карда шуда, танҳо барои он ихтисосҳои интихобкардааш ба назар гирифта мешавад, ки супоридани чунин имтиҳонро талаб менамоянд.

1. Ҳангоми озмуни тақсимоти такрорӣ дар навбати аввал тақсимоти довталаб аз рӯйи ихтисоси афзалияташ якум, ки дар варақаи бақайдгирӣ нишон додааст, баррасӣ карда мешавад. Агар довталаб аз рӯйи натиҷаҳои аз имтиҳонҳо бадастовардааш ба ихтисоси афзалияташ якум гузарад, ӯ аз рӯйи ихтисоси мазкур ба муассисаи таълимии дахлдор тақсим шуда, тақсимоти ӯ аз рӯйи ихтисос(ҳо)-и афзалияташ(он) баъдии интихобкардааш баррасӣ намешавад.

2. Агар довталаб тибқи натиҷаҳои бадастовардааш аз рӯйи ихтисоси афзалияташ якум нагузарад, тақсимоти ӯ аз рӯйи ихтисоси афзалияташ дуюми интихобкардаи ӯ баррасӣ мешавад. Ҳамин тавр дар сурати нагузаштани довталаб аз рӯйи ихтисоси мазкур низ раванди тақсимот мувофиқи ин тартиб ё то замоне идома меёбад, ки довталаб аз рӯйи яке аз ихтисосҳои дорои афзалияти баъдии интихобкардааш тақсим шавад ё бо тақсим нашуданаш аз рӯйи ҳеҷ яке аз ихтисосҳои интихобкардааш ба охир мерасад.

Агар довталаб аз рӯйи натиҷаҳои бадастовардааш мувофиқи бартарии яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш тақсимот шавад, он гоҳ, новобаста аз кофӣ будани натиҷаҳои бадастовардааш, барои гузаштани ӯ аз рӯйи дигар ихтисоси дорои афзалияти пасттари интихобкардааш, тақсимоти ӯ тибқи дигар ихтисос(ҳо)-и афзалияташ(он) баъдӣ баррасӣ намешавад.

Бали гузариш дар ихтисос ҷамъи балҳои аз ҳамаи субтестҳои қисми А (имтиҳони умумӣ), қисми Б (имтиҳони ихтисос) ва аз ҳисоби имтиёз (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталабе аст, ки аз рӯйи натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрорӣ дар доираи ҷойҳои тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ҷудошуда ба ихтисоси муайян аз ҳама охир тақсимот мешавад. Бали гузариш дар ихтисосе, ки супоридани имтиҳонҳои эҷодӣ ё маҳорати махсусро талаб мекунад, ҷамъи балҳои аз ҳамаи субтестҳои имтиҳони қисми А, имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсус ва аз ҳисоби имтиёз (дар сурати доштани он) бадастовардаи довталаби аз рӯйи ихтисоси мазкур аз ҳама охир тақсимшуда ба ҳисоб меравад. Бали гузариш пешакӣ муайян нест ва он барои ҳар як ихтисос танҳо пас аз озмуни тақсимоти такрории довталабон маълум мешавад.

Ёдрас мекунем, ки бали бадастовардаи довталаб аз рӯйи комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардааш, вобаста аз субтести асосии қисми Б (имтиҳони ихтисос), метавонад гуногун бошад, зеро вазн (бали имконпазири ҳадди аксар)-и субтестҳо гуногун аст.

Агар довталаб тибқи натиҷаи озмуни тақсимоти такрорӣ аз рӯйи як, якчанд ё ҳеҷ яке аз комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардааш комёб нагардида бошад, дар бахши натиҷаи тақсимоти кабинети инфиродии довталаб дар сутуни “бали гузариш” бал(ҳо)-и гузариши чунин комбинатсияи ихтисосҳо нишон дода мешавад.

Лозим ба қайд аст, дар бинои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшҳои минтақавии он дар шаҳрҳои Хуҷанд,  Қӯрғонтеппа  ва Хоруғ, нишонии онҳо дар зер нишон дода мешавад, нуқтаҳои иттилоърасонӣ ташкил карда мешавад. Дар зарурат довталабон метавонанд ба яке аз ин нуқтаҳои иттилоърасонӣ муроҷиат карда, дар бораи натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрорӣ маълумот гиранд.

Довталабон имкон доранд, ки дархост ё саволҳои худро ба нишонии почтаи электронии Марказ – Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. пешниҳод намоянд.

Ҳуҷҷатҳои зарурие, ки довтабалони дар озмуни тақсимоти такрорӣ муваффақгардида бояд ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии дахлдор пешниҳод намоянд, инҳоянд:

1) ариза ба номи ректор (директор);

2) ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот (диплом ё аттестат);

3) маълумотномаи тиббӣ (шакли 086-у);

4) 6 адад сурат (андозаи 3х4 см);

5) маълумотнома аз ҷойи зист;

6) шиноснома (асл) ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият бо сурат, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дода шудааст;

7) билети ҳарбӣ (агар дошта бошад) ё шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда;

8) нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (агар собиқаи корӣ дошта бошад).

Нишонии нуқтаҳои иттилоърасонӣ

1. Душанбе: Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 192;

- телефонҳо: 224-53-66, 224-53-68, 224-53-73, 224-53-72.

2. Хуҷанд: Бахши минтақавии Марказ:

- вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Ҳаким Карим, 16;

- телефон: 91-110-12-97, 91-598-00-89.

3. Қӯрғонтеппа: Бахши минтақавии Марказ:

- вилояти Хатлон, шаҳри Қӯрғонтеппа, кӯчаи Борбад, 13;

- телефон: 91-598-00-58, 91-598-00-71.

4. Хоруғ: бахши минтақавии Марказ:

- вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ, кӯчаи Иҷубов Мамадато, 234;

- телефон: 93-515-30-22.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон