Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ
      • Ҳуҷҷатҳои ММТ
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД-2021
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2021
    • Ҳисоботи даврӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2021
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2021-2022 (руйхати ихтисосҳо)
    • Ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷоди ва маҳорати махсус
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Китобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
  • Саволу ҷавоб

ЭЪЛОН: ОЗМУНИ ТАҚСИМОТИ ТАКРОРИИ ИЛОВАГИИ ДОВТАЛАБОН (ТАҚСИМОТИ 3-ЮМ)

Нашр шуд: 31 Августи 2017
Диданд: 93

Душанбе, 31-уми августи соли 2017

Дар доираи ҷойҳои тибқи комбинатсияҳои ихтисосҳо баъд аз озмуни тақсимоти асосӣ ва такрории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ мувофиқи нақшаи қабули донишҷӯён холимонда озмуни тақсимоти такрории иловагии довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 доир карда мешавад.

Дар озмуни тақсимоти такрории иловагӣ довталабони зерин ҳуқуқи иштирок карданро доранд:

1) довталабоне, ки холҳои гузаришро аз ҳамаи субтестҳо ва қисмҳои дахлдор соҳиб шуда, ба озмуни тақсимот роҳ ёфтаанду лекин тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосӣ (03.08.2017) ва такрорӣ (26.08.2017) аз рӯйи ягон комбинатсияи ихтисоси интихобкардаашон комёб нагардиданд;

2) довталабоне, ки аз рӯйи натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосӣ (03.08.2017) комёб гардидаанду бинобар сабабҳои гуногун барои аз қайди муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ гузаштан дар муҳлати муқарраргардида (то 15.08.2017) ба муассисаҳои таълимии дахлдор ҳозир нашудаанд ва тибқи озмуни тақсимоти такрорӣ ҷойҳои онҳо банд шудааст. Чунин довталабон бояд дар ин хусус на дертар аз 2-юми сентябр ба Марказ ариза пешниҳод намоянд. 

Барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрории иловагӣ довталаб бояд ба яке аз нуқтаҳои азнавбақайдгирӣ, ки рӯйхаташон дар зер оварда шудааст, муроҷиат карда, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз нав худро номнавис кунад. Азнавбақайдгирии довталабон барои иштирокашон дар тақсимоти такрории иловагӣ аз 4-ум то 6-уми сентябр доир карда мешавад.

ТАВАҶҶУҲ! Ба довталабоне, ки аз рӯйи натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосӣ (03.08.2017) комёб гардидаанду бо сабабҳои гуногун барои аз қайди муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ гузаштан дар муҳлати муқарраргардида (15.08.2017) ба муассисаҳои таълимии дахлдор ҳозир нашудаанд, дар сурати банд нашудани ҷойҳояшон тибқи озмуни тақсимоти такрорӣ барои ҳуҷҷатсупорӣ ва қабулашон ба муассисаҳои таълимии дахлдор аз рӯйи комбинатсияҳои ихтисосҳои дар озмуни тақсимоти асосӣ комёбшудаашон иҷозат дода мешавад. Чунин довталабон бояд дар ин хусус на дертар аз 2-юми сентябр ба Марказ ариза пешниҳод намоянд.

Хотиррасон менамоем, ки тибқи тартиби муқарраргардида довталабони гурӯҳҳои ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) ва 2-юм (иқтисод ва география) ҳуқуқи интихоб кардани комбинатсияҳои ихтисосҳоро танҳо дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои қаблан интихобкардаашон доранд.

Довталабони гурӯҳҳои ихтисосҳои 3-юм (филология, педагогика ва санъат), 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) ва 5-ум (тиб, биология ва варзиш):

- агар аз субтестҳои дахлдори қисмҳои А (имтиҳони умумӣ) ва Б (имтиҳони ихтисос) холҳои гузаришро соҳиб гардида бошанд, комбинатсияҳои ихтисосҳоеро, ки супоридани қисмҳои А ва Б-ро талаб менамоянд, дар доираи (а) гурӯҳи ихтисосҳои қаблан интихобкардаашон ё (б) гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) ё (в) 2-юм (иқтисод ва география) интихоб карда метавонанд;

- агар аз субтестҳои дахлдори қисмҳои А (имтиҳони умумӣ) ва Б (имтиҳони ихтисос), инчунин аз қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ё маҳорати махсус) ва (ё) аз қисми Г (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ) холҳои гузаришро соҳиб гардида бошанд, дар доираи (а) гурӯҳи ихтисосҳои қаблан интихобкардаашон комбинатсияҳои ихтисосҳоеро, ки супоридани қисмҳои А ва Б-ро талаб менамоянд ва (ё) комбинатсияҳои ихтисосҳоеро, ки супоридани қисмҳои А ва В (ё) Г-ро талаб менамоянд ё (б) гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) ё (в) 2-юм (иқтисод ва география) комбинатсияҳои ихтисосҳоеро, ки супоридани имтиҳони қисмҳои А ва Б-ро талаб менамоянд, интихоб карда метавонанд;

- агар аз субтестҳои дахлдори танҳо қисми А (имтиҳони умумӣ) ва аз қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ё маҳорати махсус) холҳои гузаришро соҳиб гардида бошанд, дар доираи танҳо гурӯҳи ихтисосҳои қаблан интихобкардаашон комбинатсияҳои ихтисосҳоеро, ки супоридани қисмҳои А ва В-ро талаб мекунанд, интихоб карда метавонанд.

Рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳое, ки тибқи онҳо баъд аз озмуни тақсимоти асосӣ ва такрории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ҷойҳои холӣ мондаанд, барои интихоби довталабон дар сомонаи Марказ гузошта мешавад.

 

РӮЙХАТИ

нуқтаҳои азнавбақайдгирии довталабон барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрории иловагии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2017

(тақсимоти 3-юм)

 

 

Р/т

Муассисае, ки нуқтаи азнавбақайдгирӣ дар он ҷойгир аст

Нишонӣ

Шаҳри Душанбе

1.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 25

шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 9

2.

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 71-и ба номи Юсуф Акобиров

шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Айнӣ, 265/1

Ноҳияи Рашт

3.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1 ба номи Хоҷа Абдулхайров

ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 27

Вилояти Суғд

4.

Гимназияи № 24-и ба номи Бобоҷон Ғафуров

шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 19-ум

Вилояти Хатлон

5.

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 12-и ба номи А. Ҳомидов

шаҳри Кӯрғонтеппа, кӯчаи Дзержинский, 17

6.

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 1

шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 40

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

7.

Бахши минтақавии Марказ дар шаҳри Хоруғ

шаҳри Хоруғ, кӯчаи Иҷубов Мамадато, 234

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Роҳнамои довталаб - 2021Роҳнамои довталаб - 2021
  • Намунаи саволу масъалаҳои тестНамунаи саволу масъалаҳои тест
  • Нақшаи қабули с.т. 2021-2022(ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2021-2022(ҷадвали ихтисосҳо)
  • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)

Мақолаҳо

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2021 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон