Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ЭЪЛОН: ОЗМУН БАРОИ ИНТИХОБИ ТРЕНЕРОН

Нашр шуд: 10 Апрели 2018
Диданд: 880

Душанбе, 10-уми апрели соли 2018

Маркази миллии тестии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ЭЪЛОНИ

озмун барои интихоби тренерон

 

Мансаб: тренер (33 ҷой).

Муддати кор: 15 (понздаҳ) рӯз – аз 28-уми май то 13-уми июн бо имкони тамдид.

Макони иҷрои вазифа: ш. Душанбе – 10 нафар, н. Рашт – 1 нафар, ш. Хуҷанд – 4 нафар, ш. Истаравшан – 1 нафар, ш. Конибодом – 1 нафар, ш. Панҷакент – 1 нафар, н. Б. Ғафуров – 1 нафар, ш. Бохтар – 4 нафар, ш. Кӯлоб – 4 нафар, н. Восеъ – 1 нафар, н. Данғара – 1 нафар, н. Кӯшониён – 1 нафар, н. Ҷ. Балхӣ – 1 нафар, н. Шаҳритус – 1 нафар, ш. Хоруғ – 1 нафар.

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марказ) бо мақсади ташкил ва баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ марказҳои имтиҳонӣ таъсис медиҳад. Барои идораи раванди имтиҳон дар марказҳои имтиҳонӣ кормандони муваққатӣ ҷалб ва омӯзонида мешаванд. Ҷиҳати омӯзонидани кормандони марказҳои имтиҳонӣ Марказ барои интихоби тренерон озмун эълон менамояд. Кормандони интихобгардида барои ташкил ва баргузор намудани семинарҳои омӯзишии кормандони марказҳои имтиҳонӣ масъул мегарданд.

 

Вазифаҳои асосӣ:

- омода намудани макони баргузории семинарҳои омӯзишӣ;

- ташкил ва баргузор намудани семинарҳои омӯзишии кормандони марказҳои имтиҳонӣ;

- интихоби кормандони марказҳои имтиҳонӣ дар асоси меъёрҳои муқарраркардаи Марказ пас аз омӯзиш;

- супоридани ҳисоботи хаттии ҷамъбастӣ оид ба рафти семинарҳои омӯзишӣ;

- пешниҳод намудани рӯйхати иштирокдорони семинарҳои омӯзишӣ, ки дар асоси озмуни барои ба кори муваққатӣ ҷалб шудан интихоб шудаанд.

 

Талаботи тахассусӣ:

- маълумоти олӣ;

- собиқаи омӯзгории на камтар аз 5 сол;

- таҷрибаи кори ташкилотчигӣ: ташкили чорабиниҳои васеъ бо иштироки шумораи зиёди иштирокдорон;

- малакаи зарурии кор дар ташкил ва баргузории семинарҳои омӯзишӣ;

- қобилияти муошират бо ҷомеа;

- озодона суҳбат намудан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ.

 

Интихоби тренерон ба воситаи озмун ба роҳ монда мешавад. Шахсоне, ки дар озмун иштирок кардан мехоҳанд, маълумотварақаро аз сомонаи Марказ дастрас карда, бо забони тоҷикӣ пур кунанд. Сипас нусхаҳои маълумотварақаи пуркардашуда, шиноснома (нусхаи ранга бо нишон додани ҷойи зист), рақами мушаххаси андозсупоранда, рақами инфиродии суғуртавӣ ва билети ҳарбиро (агар дошта бошад) ба ариза замима карда, онҳоро тавассути почтаи электронӣ (бо нишонии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.) ба Марказ ирсол намоянд.

Муҳлати ниҳоии пешниҳоди дархост барои иштирок: 20-уми апрели соли 2018, то соати 17:00.

 

Маълумот барои тамос:

734003, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 192.

Телефон: (+992 37) 224 53 67, 224 53 68.

Факс: (+992 37) 224 53 66.

Нишонии электронӣ: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Шахси мутасаддӣ: Г. Давлатова.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон