Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ЭЪЛОН! ОЗМУН БАРОИ ИНТИХОБИ РОҲБАР ВА ЁВАРИ РОҲБАРИ МАРКАЗИ ИМТИҲОНӢ

Нашр шуд: 13 Апрели 2020
Диданд: 1020

Душанбе, 13-уми апрели соли 2020

 

Маркази миллии тестии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ЭЪЛОНИ

озмун барои интихоби роҳбар ва ёвари роҳбари маркази имтиҳонӣ

 

Мансаб:  Роҳбари маркази имтиҳонӣ(50 ҷой);

                  Ёвари роҳбари маркази имтиҳонӣ(50 ҷой).

Муддати кор: 8 (ҳашт) рӯз (аз 30-юми июн то 7-уми июл бо имкони тамдид).

Макони иҷрои вазифа: ш. Душанбе – 32 нафар, н. Рашт – 2 нафар, ш. Хуҷанд – 10 нафар, ш. Истаравшан – 4 нафар, ш. Конибодом – 4 нафар, ш. Панҷакент – 4 нафар, н. Б. Ғафуров – 4 нафар, ш. Бохтар – 10 нафар, ш. Кӯлоб – 10 нафар, н. Восеъ – 4 нафар, н. Данғара – 4 нафар, н. Кӯшониён – 2 нафар, н. Ҷ. Балхӣ – 4 нафар, н. Шаҳритус – 4 нафар, ш. Хоруғ – 2 нафар.

 

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марказ) бо мақсади ташкил ва баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ марказҳои имтиҳонӣ таъсис медиҳад. Барои идораи раванди имтиҳон дар марказҳои имтиҳонӣ кормандони муваққатӣ ҷалб ва омӯзонида мешаванд. Бо ин мақсад Марказ барои интихоби роҳбарони марказҳои имтиҳонӣ ва ёварони роҳбарони марказҳои имтиҳонӣ озмун эълон менамояд. Кормандони интихобгардида барои ташкил ва идораи раванди имтиҳон дар марказҳои имтиҳонӣ масъул мегарданд.

 

Вазифаҳои асосӣ:

• омода намудани маркази имтиҳонӣ барои баргузории ИМД;

• иштироки фаъолона дар ташкил ва идораи раванди ИМД;

• назорати фаъолияти кормандони муваққатӣ тибқи тартиби муқарраргардида;

• пешниҳоди ҳисоботи ҳаррӯза ва ҷамъбастӣ ба намояндаи Марказ.

 

Талаботи тахассусӣ:

• маълумоти олӣ;

• собиқаи педагогӣ на камтар аз 5 сол;

• таҷрибаи кори ташкилотчигӣ: ташкили чорабиниҳои васеъ бо иштироки шумораи зиёди иштирокдорон;

• малакаи зарурии кор дар ташкил ва баргузории имтиҳонҳо;

• маҳорати хуби муошират;

• малакаи озодона суҳбат намудан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ.

 

Интихоби роҳбари маркази имтиҳонӣ ва ёвари роҳбари маркази имтиҳонӣ дар асоси озмун ба роҳ монда мешавад. Пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун дар ҳолати бархат (онлайн) сурат мегирад. Хоҳишмандон бояд бо нишонии http://vacancy.ntc.tj/ ба саҳифаи пешниҳоди ҳуҷҷатҳо гузашта, маълумотварақаро, ки дар он дастрас аст, бо забони тоҷикӣ пур кунанд. Сипас нусхаи рангаи шиноснома (бо нишон додани ҷойи зист), нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда, нусхаи рақами инфиродии суғуртавӣ ва нусхаи билети ҳарбиро (агар дошта бошад) замима карда, дархостро ирсол намоянд. Нусхаи ҳуҷҷатҳои бесифат пешниҳодшуда (агар равшану хоно набошанд) ба эътибор гирифта намешаванд.

Муҳлати ниҳоии пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун: 24-уми апрели соли 2020, то соати 16:00.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон