Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ЭЪЛОН: ОИД БА ИНТИХОБИ ТАФТИШКУНАНДАГОНИ КОРИ ХАТТӢ (ЭССЕ) ДАР ИМД-2018

Нашр шуд: 19 Апрели 2018
Диданд: 946

Душанбе, 19-уми апрели соли 2018

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар ворид гардидани кори хаттӣ (эссе) – ҳамчун ҷузъи имтиҳон ба низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби омӯзгорони фанҳои забон ва адабиёти тоҷик – чун тафтишкунандагони корҳои хаттии довталабон озмун эълон менамояд.

Барои тафтиши корҳои хаттии довталабон ҳамагӣ 260 нафар омӯзгор ба кор ҷалб карда мешаванд, аз ҷумла, аз шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 155 нафар, шаҳри Бохтар – 30 нафар, шаҳри Кӯлоб – 20 нафар, вилояти Суғд – 50 нафар ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – 5 нафар.

Талаботи тахассусӣ нисбат ба тафтишкунандагони кори хаттӣ (эссе): 

1) таҳсилоти олии касбӣ дар соҳаи филология

2) собиқаи 5-солаи корӣ ҳамчун омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик ва забони давлатӣ дар муассисаҳои таълимӣ;

3) дониш ва малакаю маҳорати касбӣ барои тафтиши кори хаттӣ;

4) муносибати беғаразона ҳангоми арзёбии корҳои хаттии хонандагон, дарки масъулият дар иҷрои вазифа;

5) риояи қатъии меъёри тасдиқшудаи холгузорӣ ба кори хаттӣ (эссе);

6) кор карда тавонистан дар гурӯҳ ва доштани андешаи шахсӣ дар иҷрои кор;

7) риояи одоби педагогӣ ва талаботи махфияти кор;

8) малакаи таълиму тадриси таҷрибаи бадастомада.

 

Ба омӯзгороне, ки дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ кор мекунанд ва (ё) бо созмонҳои татбиқкунандаи лоиҳаҳои гуногун оид ба арзёбии дастовардҳои хонандагон ҳамкорӣ кардаанд, бартарӣ дода мешавад.

Барои омода намудани омӯзгорон ба тафтиш ва арзёбии кори хаттии довталабон дар аввали моҳи июни соли равон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вобаста ба гурӯҳи шунавандагон семинари дурӯза ба нақша гирифта шудааст. Тафтиши корҳои хаттӣ дар ИМД-2018 аз 3-юм то 15-уми июл дар шаҳри Душанбе ба роҳ монда мешавад.

Интихоби тафтишкунандагон ба воситаи озмун ба роҳ монда мешавад. Шахсоне, ки дар озмун иштирок кардан мехоҳанд, бояд маълумотварақаро аз сомонаи Марказ дастрас карда, бо забони тоҷикӣ пур кунанд. Сипас нусхаҳои маълумотварақаи пуркардашуда, шиноснома (нусхаи ранга бо нишон додани ҷойи зист), рақами мушаххаси андозсупоранда, рақами инфиродии суғуртавӣ ва билети ҳарбиро (агар дошта бошанд) ба ариза замима карда, онҳоро тавассути почтаи электронӣ (бо нишонии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.) ба Марказ ирсол намоянд. Нусхаи ҳуҷҷатҳои бесифат – хираю нохоно пешниҳодшуда ба эътибор гирифта намешаванд.

Муҳлати ниҳоии пешниҳоди дархост барои иштирок: 10-уми майи соли 2018, то соати 16:00.

 

Маълумот барои тамос:

734003, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 192.

Телефон: (+992 37) 224 53 67, 224 53 68.

Факс: (+992 37) 224 53 66.

Нишонии электронӣ: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Шахси мутасаддӣ: Г. Давлатова.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон