Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

Эълон

Нашр шуд: 08 Апрели 2015
Диданд: 1026

Натиҷаҳои олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз фанҳои равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ

 

Душанбе, 8-уми апрели соли 2015

Рӯзи 4-уми апрели соли 2015 дар бинои гимназия-парваришгоҳи ба номи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Рӯдакӣ олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз фанҳои равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ баргузор гардид. Дар олимпиадаи мазкур дониши иштирокдорон аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забони давлатӣ (тоҷикӣ), забони русӣ, забони англисӣ, таърих ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ (ҳуқуқи инсон) санҷида шуд.

Натиҷаҳои ниҳоии олимпиада 5-уми апрели соли 2015 ҷамъбаст гардида, 61 нафар ҳамчун ғолибони ҷойҳои 1-ум, 2-юм ва 3-юм эътироф гардиданд. Ҷойҳои 1-ум ва 2-юмро 16-нафарӣ ва ҷойҳои 3-юмро 29 нафар ишғол намуданд, ки аз ин шумора вобаста ба муассисаҳои таълимии типи муқаррарӣ ҷойҳои 1-умро 9 нафар, 2-юмро 8 нафар ва 3-юмро 14 нафар ва вобаста ба муассисаҳои таълимии типи нав (литсей, гимназияҳо, мактаб-литсейҳои Президентӣ) ҷойҳои 1-умро 7 нафар, 2-юмро 8 нафар ва 3-юмро 15 нафар ишғол намуданд.

Марказ, чун дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ҳангоми баргузории олимпиадаҳои ҷумҳуриявии фаннӣ низ фаъолияти худро дар асоси принсипҳои воқеият (объективӣ) дар санҷишу баҳогузорӣ, шаффофияту мустақилияти равандҳои баргузории озмунҳо, таъмини дастёбии баробар ба олимпиада ва истифодаи васеи техникаю технологияи муосир ба роҳ монда, тамоми чораҳои дахлдорро барои дар сатҳи зарурӣ баргузор кардани онҳо андешида истодааст.

Лозим ба қайд аст, ки корҳои ташкил ва баргузории олимпиадаҳоро Марказ дар ҳамкории бевосита бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст.

Тибқи тартиби муқарраргардида олимпиада дар намуди тест ва кори хаттӣ баргузор шуда, натиҷаҳои он 5-уми апрели соли 2015 эълон гардид. Пас аз эълони натиҷаҳо бо мақсади таъмини ҳуқуқҳои иштирокдорон барои арзёбии воқеӣ (объективӣ)-ии донишашон ва ҳалли масъалаҳои баҳсталаби марбут ба натиҷаҳои имтиҳонҳо ба онҳо иҷозат дода шуд, ки дар сурати норозӣ будан аз натиҷаҳои ба онҳо гузошташуда аризаи апеллятсионӣ пешниҳод намоянд.

Аз рӯйи таҳлили муқоисавии вилоят ва минтақаҳо иштирокдорон аз вилояти Суғд 19 ҷой (ҷойи 1-ум 6 нафар, 2-юм 7 нафар ва 3-юм 6 нафар), шаҳри Душанбе 17 ҷой (ҷойи 1-ум 3 нафар, 2-юм 5 нафар ва 3-юм 9 нафар), вилояти Хатлон 15 ҷой (ҷойи 1-ум 4 нафар, 2-юм 3 нафар ва 3-юм 8 нафар), Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 5-ҷойиро ишғол намуданд.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон