Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ЭЪЛОН: НАТИҶАҲОИ ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ – 2017

Нашр шуд: 22 Июли 2017
Диданд: 1027

Душанбе, 22-юми июли соли 2017

Натиҷаҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25-уми июли соли 2017 эълон карда мешаванд.

Маълумоти муфассал дар бораи натиҷаи имтиҳонсупории ҳар як довталаб дар кабинети инфиродиаш ҷойгир карда шуда, инчунин ба телефони мобилии ҳар як довталаб, ки дар варақаи бақайдгириаш дар майдони “Телефони мобилӣ” қайд гардидааст, дар ин бора SMS-паёмаки ройгон бо маълумоти мухтасар фиристода мешавад.

Дар SMS-паёмак маълумоти мухтасари иборат аз ду қисм: (1) дар бораи холҳои бадастовардаи довталаб аз ҳамаи субтестҳои дахлдор ва имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсус (дар ҳолати супоридани чунин имтиҳон) ва (2) роҳ ёфтан ё наёфтани ӯ ба озмуни тақсимот фиристода мешавад. Агар довталаб аз ҳамаи субтестҳои дахлдор ва имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсус (дар ҳолати супоридани чунин имтиҳон) холҳои гузаришро соҳиб шуда бошад, қисми 2-юми матни маълумоти мухтасар чунин хоҳад буд: “Ба тақсимот РОҲ ЁФТЕД!”. Агар довталаб холҳои гузаришро соҳиб нашуда бошад, қисми 2-юми маълумоти мухтасар чунин мешавад: “Ба тақсимот РОҲ НАЁФТЕД!”.

Хотиррасон менамоем, ки маълумоти муфассал дар бораи натиҷаҳои дар имтиҳонҳо аз ҳамаи субтестҳо ва имтиҳони эҷодӣ ва маҳорати махсус (дар ҳолати супоридани чунин имтиҳон) бадастовардаи ҳар довталаб бо нишон додани хол, бал, бали имтиёзӣ (дар ҳолати ҳуқуқи гирифтани имтиёзро доштан), бали коэффитсиент (барои довталабони дахлдор) ва маълумот дар бораи соҳиб шудан ё нашудани довталаб ба холҳои гузариш аз субтестҳо ва роҳ ёфтан ё наёфтани ӯ ба озмуни тақсимот дар кабинети инфиродиаш гузошта мешавад. Агар дар бахши натиҷаи имтиҳонҳои кабинети инфиродии довталаб матни “Шумо барои иштирок дар озмуни тақсимот, ки 3-юми август доир мегардад, РОҲ ЁФТЕД!”, ки ранги пасманзар (фон)-и он сабз аст, дарҷ гардида бошад, пас, довталаб ба озмуни тақсимот ба муассисаҳои таълимӣ аз рӯйи комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш роҳ ёфтааст. Гузаштан ё нагузаштани довталаби ба озмун роҳёфта аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш танҳо пас аз озмуни тақсимот, ки 3-юми август доир мегардад, маълум мешавад. Агар дар бахши натиҷаи имтиҳонҳои кабинети инфиродии довталаб матни “Шумо барои иштирок дар озмуни тақсимот РОҲ НАЁФТЕД! Холи субтест(ҳо)-е, ки аз он(ҳо) нагузаштед, бо ранги сурх қайд шудаанд.”, ки ранги пасманзар (фон)-и он сурх аст, дарҷ гардида бошад, ин гуна маънӣ дорад, ки довталаб бинобар аз як ё якчанд субтест ва ё имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсус (дар ҳолати супоридани чунин имтиҳон) соҳиб нагардиданаш ба холи гузариш ба озмуни тақсимот роҳ наёфтааст. Агар довталаб аз як ё якчанд субтест ё имтиҳонҳои эҷодӣ ё маҳорати махсус (дар ҳолати супоридани чунин имтиҳон) холҳои гузаришро соҳиб нагардида бошад, холҳои ин гуна субтестҳо ё имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсус бо ранги сурх қайд карда мешаванд.

ТАВАҶҶУҲ! Ёдрас менамоем, ки роҳ ёфтан ба озмуни тақсимот ҳоло маънои донишҷӯй шудан ва ҳатто гузаштан аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаи довталабро надорад ва гузаштан ё нагузаштани довталаби ба озмуни тақсимот роҳёфта тибқи интихобҳояш танҳо 3-юми август, яъне пас аз озмуни тақсимот маълум мегардад.

Дар баробари роҳҳои зикргардидаи дастрас кардани маълумот дар бораи натиҷаҳои имтиҳонҳо ҳар як довталаб имкон дорад, ки ба воситаи телефони мобилии худ SMS-паёмаки пулакиро бо дархост (матни) “t<рақами назоратӣ>” ба рақами кӯтоҳи 1617 фиристода, дар бораи натиҷаҳои имтиҳони худ маълумоти мухтасар гирад. Арзиши фиристодани ин SMS-паёмак 1 (як) сомонӣ аст.

Барои роҳ ёфтан ба озмуни тақсимоти довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ мувофиқи натиҷаҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ довталабро зарур аст, ки холҳои гузариш (шумораи ҳадди ақалли холҳо)-ро аз ҳар субтест дар доираи гурӯҳи ихтисосҳо ва имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус (дар ҳолати супоридани чунин имтиҳон) соҳиб гардад.

Тартиби роҳёбӣ ба озмуни тақсимот чунин аст:

1. Агар довталаб танҳо ихтисосҳоеро интихоб карда бошад, ки супоридани қисми А (имтиҳони умумӣ) ва қисми Б (имтиҳони ихтисос)-ро талаб менамоянд, барои роҳ ёфтан ба озмуни тақсимот бояд аз ҳамаи субтестҳои қисми А ва қисми Б холҳои гузаришро соҳиб гардад.

2. Агар довталаб танҳо ихтисосҳоеро интихоб карда бошад, ки супоридани қисми А (имтиҳони умумӣ) ва қисми В (имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсус)-ро талаб менамоянд, барои роҳ ёфтан ба озмуни тақсимот бояд аз ҳамаи субтестҳои қисми А ва қисми В холҳои гузаришро соҳиб гардад.

3. Агар довталаб дар баробари ихтисосҳои супоридани қисмҳои А (имтиҳони умумӣ) ва Б (имтиҳони ихтисос)-ро талабмекарда ихтисосҳоеро интихоб карда бошад, ки супоридани қисми А (имтиҳони умумӣ) ва қисми В (имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсус)-ро талаб менамоянд, пас:

- барои роҳ ёфтан ба озмуни тақсимот аз рӯйи ҳар ду навъи ихтисосҳои интихобкардааш бояд аз аз ҳамаи субтестҳои қисмҳои А ва Б, инчунин аз қисми В холҳои гузаришро соҳиб гардад;

- барои роҳ ёфтан ба озмуни тақсимот танҳо аз рӯйи ихтисосҳои супоридани қисми А (имтиҳони умумӣ) ва қисми Б (имтиҳони ихтисос)-ро талабмекарда бояд аз ҳамаи субтестҳои қисмҳои А ва Б холҳои гузаришро соҳиб гардад;

- барои роҳ ёфтан ба озмуни тақсимот танҳо аз рӯйи ихтисосҳои супоридани қисми А (имтиҳони умумӣ) ва В (имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсус)-ро талабмекарда бояд аз ҳамаи субтестҳои қисми А ва қисми В холҳои гузаришро соҳиб гардад.

4. Агар довталаб ихтисосҳоеро интихоб карда бошад, ки супоридани қисмҳои А (имтиҳони умумӣ), Б (имтиҳони ихтисос) ва Г (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ)-ро талаб менамоянд, барои роҳ ёфтан ба озмуни тақсимот бояд аз ҳамаи субтестҳои қисмҳои А ва Б, инчунин аз қисми Г холҳои гузаришро соҳиб гардад. Хотиррасон менамоем, ки чунин ихтисосҳоро танҳо филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе пешниҳод менамояд.

ТАВАҶҶУҲ: Бали аз қисми В (имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсус) бадастовардаи довталаб (дар сурати соҳиб шуданаш ба холҳои гузариш) ба қисми А (имтиҳони умумӣ) илова карда шуда, танҳо барои он ихтисосҳои интихобкардааш ба назар гирифта мешавад, ки супоридани чунин қисми В-ро талаб менамоянд. Инчунин, бали аз қисми Г (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ) бадастовардаи довталаб (дар сурати соҳиб шуданаш ба холҳои гузариш) ба бали умумии қисмҳои А (имтиҳони умумӣ) ва Б (имтиҳони ихтисос) илова карда шуда, танҳо барои он ихтисосҳои интихобкардааш ба назар гирифта мешавад, ки супоридани қисми Г-ро талаб менамоянд.

Тавре довталабон ва дигар алоқамандони имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ хабар доранд, холҳои бадастовардаи ҳар як довталаб бо роҳи миқёсгузорӣ (шкалабандӣ) ба балҳо баргардонида мешавад. Вобаста аз ин, аз рӯйи натиҷаи шкалабандӣ дар доираи ҳар гурӯҳи ихтисосҳо ва ҳар як ихтисос барои ҳар субтест ҷадвали мувофиқати холҳо ва балҳо тартиб дода, дар сомонаи Марказ ҷойгир карда мешавад. Ҳар як довталаб имкон дорад, ки холҳои бадастовардаашро бо истифода аз ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ва балҳои ҳар субтест дар доираи ҳар гурӯҳи ихтисосҳо ва ҳар як ихтисос бо маълумоти дар кабинети инфиродиаш ҷойдошта муқоиса намояд.

Лозим ба қайд аст, дар бинои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахши минтақавии он дар шаҳри Хоруғ ва муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Панҷакент, Истаравшан, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Рашт ва Данғара, ки нишонии онҳо дар зер нишон дода шудааст, нуқтаҳои иттилоърасонӣ ташкил карда мешавад. Дар зарурат довталабон метавонанд вобаста аз макони зисташон ба яке аз нуқтаҳои иттилоърасонӣ муроҷиат карда, дар бораи натиҷаҳои имтиҳонсупории худ маълумот гиранд.

Довталабон имкон доранд, ки дархост ё саволҳои худро ба нишонии почтаи электронии Марказ – Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. пешниҳод намоянд.

Нишонии нуқтаҳои иттилоърасонӣ

1. Душанбе: Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 192;

- телефонҳо: 224 53 68, 224 53 73, 224 53 67, 224 53 66.

2. Хоруғ: бахши минтақавии Марказ:

- вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ, кӯчаи Иҷубов Мамадато, 234;

- телефон: 915-20-72-29.

3. Рашт: муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1‑и ба номи Хоҷа Абдулхайров:

- ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 27;

- телефон: 918-31-00-04.

4. Хуҷанд: муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 5-и ба номи 20-солагии Тоҷикистон:

- вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, кӯчаи  Калинников, 79;

- телефон: 911-10-12-97, 915-98-00-49, 915-98-00-89.

5. Панҷакент: муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ба номи И. П. Разин:

- вилояти Суғд, шаҳри Панҷакент, кӯчаи  Д. Бобораҷабов, 37;

- телефон: 915-98-00-88.

6. Истаравшан: гимназияи № 5‑и ба номи Раҷаб Амонов:

- вилояти Суғд, шаҳри Истаравшан, кӯчаи А. Юсупов, 93;

- телефон: 915-98-00-70.

7. Қӯрғонтеппа: муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 12-и ба номи Анварбек Ҳамидов:

- вилояти Хатлон, шаҳри Қӯрғонтеппа, кӯчаи Дзержинский, 17;

- телефон: 915-98-00-58, 915-98-00-71.

8. Кӯлоб: муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ба номи В. П. Чкалов:

- вилояти Хатлон, шаҳри Кӯлоб, кӯчаи  Исмоили Сомонӣ, 40;

- телефон: 915-98-00-50.

9. Данғара: муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2:

- вилояти Хатлон, ноҳияи Данғара, кӯчаи Нуралӣ Миралӣ;

- телефон: 915-98-00-63.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон