Душанбе, 22-юми июли соли 2016
Натиҷаҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25-уми июли соли 2016 эълон карда мешаванд.
Маълумоти муфассал дар бораи натиҷаи имтиҳонсупории ҳар як довталаб дар кабинети инфиродиаш ҷойгир карда шуда, инчунин ба телефони мобилии ҳар як довталаб, ки дар варақаи бақайдгириаш дар майдони “Телефони мобилӣ” қайд гардидааст, SMS-паёмаки ройгон бо маълумоти мухтасар дар ин бора фиристода мешавад.
Дар SMS-паёмак маълумоти мухтасари иборат аз ду қисм: (1) дар бораи холҳои бадастовардаи довталаб аз ҳамаи субтестҳои дахлдор ва имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсус (дар ҳолати супоридани чунин имтиҳон) ва (2) роҳ ёфтан ё наёфтани ӯ ба озмуни тақсимот фиристода мешавад. Агар довталаб аз ҳамаи субтестҳои дахлдор ва имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсус (дар ҳолати супоридани чунин имтиҳон) холҳои гузаришро соҳиб шуда бошад, қисми 2-юми матни маълумоти мухтасар чунин аст: “Ба тақсимот РОҲ ЁФТЕД!”. Агар довталаб холҳои гузаришро соҳиб нашуда бошад, қисми 2-юми маълумоти мухтасар чунин аст: “Ба тақсимот РОҲ НАЁФТЕД!”.
Хотиррасон менамоем, ки маълумоти муфассал дар бораи натиҷаҳои дар имтиҳонҳо аз ҳамаи субтестҳо ва имтиҳони эҷодӣ ва маҳорати махсус (дар ҳолати супоридани чунин имтиҳон) бадастовардаи ҳар довталаб бо нишон додани хол, бал, бали имтиёзӣ (дар ҳолати ҳуқуқи гирифтани имтиёзро доштан), бали коэффитсиент (барои довталабони дахлдор) ва маълумот дар бораи соҳиб шудан ё нашудани довталаб ба холҳои гузариш аз субтестҳо ва роҳ ёфтан ё наёфтани ӯ ба озмуни тақсимот дар кабинети инфиродиаш гузошта мешавад. Агар дар бахши натиҷаи имтиҳонҳои кабинети инфиродии довталаб матни “Шумо барои иштирок дар озмуни тақсимот, ки 3-юми август доир мегардад РОҲ ЁФТЕД!”, ки ранги пасманзар (фон)-и он сабз аст, дарҷ гардида бошад, пас, довталаб ба озмуни тақсимот ба муассисаҳои таълимӣ аз рӯйи комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш роҳ ёфтааст. Гузаштан ё нагузаштани довталаби ба озмун роҳёфта аз рӯйи ихтисосҳои интихобкардааш танҳо пас аз озмуни тақсимот, ки 3-юми август доир мегардад, маълум мешавад. Агар дар бахши натиҷаи имтиҳонҳои кабинети инфиродии довталаб матни “Шумо барои иштирок дар озмуни тақсимот РОҲ НАЁФТЕД! Холи субтест(ҳо)-е, ки аз он(ҳо) нагузаштед, бо ранги сурх қайд шудаанд.”, ки ранги пасманзар (фон)-и он сурх аст, дарҷ гардида бошад, пас, довталаб бо сабаби аз як ё якчанд субтест ва ё имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсус (дар ҳолати супоридани чунин имтиҳон) соҳиб нагардидан ба холи гузариш ба озмуни тақсимот роҳ наёфтааст. Агар довталаб аз як ё якчанд субтест ё имтиҳонҳои эҷодӣ ё маҳорати махсус (дар ҳолати супоридани чунин имтиҳон) холҳои гузаришро соҳиб нагардида бошад, холҳои ин гуна субтестҳо ё имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсус бо ранги сурх қайд карда мешаванд.
ТАВАҶҶУҲ! Ёдрас менамоем, ки роҳ ёфтан ба озмуни тақсимот ҳоло маънои донишҷӯй шудан ва ҳатто гузаштан аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаи довталабро надорад ва гузаштан ё нагузаштани довталаби ба озмуни тақсимот роҳёфта танҳо 3-юми август, яъне пас аз озмуни тақсимот маълум мегардад.
Дар баробари роҳҳои зикргардидаи дастрас кардани маълумот дар бораи натиҷаҳои имтиҳонҳо ҳар як довталаб имкон дорад, ки ба воситаи телефони мобилии худ SMS-паёмаки пулакиро бо дархост (матни) “t<рақами назоратӣ>” ба рақами кӯтоҳи 1617 фиристода, дар бораи натиҷаҳои имтиҳони худ маълумоти мухтасар гирад. Арзиши фирисодани ин SMS-паёмак 1 (як) сомонӣ аст.
Барои роҳ ёфтан ба озмуни тақсимоти довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ мувофиқи натиҷаҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ довталабро зарур аст, ки холҳои гузариш (шумораи ҳадди ақалли холҳо)-ро аз ҳар субтест дар доираи гурӯҳи ихтисосҳо ва имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус (дар ҳолати супоридани чунин имтиҳон) соҳиб гардад.
Тартиби роҳёбӣ ба озмуни тақсимот чунин аст:
1. Агар довталаб танҳо ихтисосҳоеро интихоб карда бошад, ки супоридани имтиҳони қисми А (имтиҳони умумӣ) ва қисми Б (имтиҳони ихтисос)-ро талаб менамоянд, барои роҳ ёфтан ба озмуни тақсимот бояд аз ҳамаи субтестҳои қисми А ва қисми Б холҳои гузаришро соҳиб гардад.
2. Агар довталаб танҳо ихтисосҳоеро интихоб карда бошад, ки супоридани имтиҳони қисми А (имтиҳони умумӣ) ва қисми В (имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсус)-ро талаб менамоянд, барои роҳ ёфтан ба озмуни тақсимот бояд аз ҳамаи субтестҳои қисми А ва қисми В холҳои гузаришро соҳиб гардад.
3. Агар довталаб дар баробари ихтисосҳои супоридани имтиҳони қисми А (имтиҳони умумӣ) ва қисми Б (имтиҳони ихтисос)-ро талабмекарда ихтисосҳоеро интихоб карда бошад, ки супоридани имтиҳони қисми А (имтиҳони умумӣ) ва қисми В (имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсус)-ро талаб менамоянд, пас:
- барои роҳ ёфтан ба озмуни тақсимот аз рӯйи ҳар ду навъи ихтисосҳои интихобкардааш бояд аз аз ҳамаи субтестҳои қисми А ва қисми Б ва қисми В холҳои гузаришро соҳиб гардад;
- барои роҳ ёфтан ба озмуни тақсимот танҳо аз рӯйи ихтисосҳои супоридани имтиҳони қисми А (имтиҳони умумӣ) ва қисми Б (имтиҳони ихтисос)-ро талабмекарда, бояд аз ҳамаи субтестҳои қисми А ва қисми Б холҳои гузаришро соҳиб гардад;
- барои роҳ ёфтан ба озмуни тақсимот танҳо аз рӯйи ихтисосҳои супоридани имтиҳони қисми А (имтиҳони умумӣ) ва қисми В (имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсус)-ро талабмекарда, бояд аз ҳамаи субтестҳои қисми А ва қисми В холҳои гузаришро соҳиб гардад.
ТАВАҶҶУҲ: Бали аз қисми В (имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсус) бадастовардаи довталаб (дар сурати соҳиб шуданаш ба холҳои гузариш) ба қисми А (имтиҳони умумӣ) илова карда шуда, танҳо барои он ихтисосҳои интихобкардааш ба назар гирифта мешавад, ки супоридани чунин имтиҳонро талаб менамоянд.
Тавре довталабон ва дигар алоқамандони имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ хабар доранд, холҳои бадастовардаи ҳар як довталаб бо роҳи миқёсгузорӣ (шкалабандӣ) ба балҳо баргардонида мешавад. Вобаста аз ин, аз рӯйи натиҷаи шкалабандӣ дар доираи ҳар гурӯҳи ихтисосҳо ва ҳар як ихтисос барои ҳар субтест ҷадвали мувофиқати холҳо ва балҳо тартиб ва дар сомонаи Марказ ҷойгир карда мешавад. Ҳар як довталаб имкон дорад, ки холҳои бадастовардаашро бо истифода аз ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ва балҳои ҳар субтест дар доираи ҳар гурӯҳи ихтисосҳо ва ҳар як ихтисос бо маълумоти дар кабинети инфиродиаш ҷойдошта муқоиса намояд.
Лозим ба қайд аст, дар бинои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахши минтақавии он дар шаҳри Хоруғ ва муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истаравшан, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Рашт ва Данғара, ки нишонии онҳо дар зер нишон дода шудааст, нуқтаҳои иттилоърасонӣ ташкил карда мешавад. Дар зарурат довталабон метавонанд вобаста аз макони зисташон ба яке аз нуқтаҳои иттилоърасонӣ муроҷиат карда, дар бораи натиҷаҳои имтиҳонсупории худ маълумот гиранд.
Довталабон имкон доранд, ки дархост ё саволҳои худро ба нишонии почтаи электронии Марказ – Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. пешниҳод намоянд.
Нишонии нуқтаҳои иттилоърасонӣ
1. Душанбе: Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 192;
- телефонҳо: 224 53 66, 224 53 68, 224 53 73, 224 53 72.
2. Хоруғ: бахши минтақавии Марказ:
- вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ, кӯчаи Иҷубов Мамадато, 234;
- телефон: 915-98-00-51.
3. Рашт: муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1‑и ба номи Хоҷа Абдулхайров:
- ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 27;
- телефон: 915-98-00-63.
4. Хуҷанд: муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 5-и ба номи 20-солагии Тоҷикистон:
- вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Калинников, 79;
- телефон: 911-10-12-97, 915-98-00-89.
5. Истаравшан: гимназияи № 5‑и ба номи Раҷаб Амонов:
- вилояти Суғд, шаҳри Истаравшан, кӯчаи А. Юсупов, 93;
- телефон: 915-98-00-88.
6. Қӯрғонтеппа: муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 12-и ба номи Анварбек Ҳамидов:
- вилояти Хатлон, шаҳри Қӯрғонтеппа, кӯчаи Дзержинский, 17;
- телефон: 915-98-00-58, 915-98-00-71.
7. Кӯлоб: муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ба номи В. П. Чкалов:
- вилояти Хатлон, шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 40;
- телефон: 911-00-48-27.
8. Данғара: муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2:
- вилояти Хатлон, ноҳияи Данғара, кӯчаи Нуралӣ Миралӣ;
- телефон: 915-98-00-50.