Душанбе, 31-уми декабри соли 2015
Ба диққати онҳое, ки хоҳиши омода шудан ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ – 2016‑ро доранд, расонида мешавад, ки маҷмӯаҳои саволу масъалаҳои тест дар сомонаи Марказ нашр гардид.
Маҷмӯаҳои саволу масъалаҳои тест намунаҳо аз тестҳои солҳои 2014–2015-ро дар бар мегирад. Хотиррасон менамоем, ки то 15%-и саволномаҳои тести ҳар фанни имтиҳон дар соли 2016 аз маҷмӯаҳои мазкур такроран истифода мешавад.