Душанбе, 21-уми ноябри соли 2014
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Намунаҳои саволу масъалаҳои тестӣ дар сомонаи расмии Марказ ҷой дода шудаанд.
Лозим ба қайд аст, ки намунаҳои мазкур тестҳои намунавии соли гузашта ва тестҳоеро, ки соли ҷорӣ дар ИМД истифода шудаанд, дар бар мегиранд.
Барои такмили дониш, шинос шудан бо саволу масъалаҳои тестӣ, навъу намудҳои он, тарзи иҷрои тест ва пур кардани варақаи ҷавобҳо метавон аз намунаҳои мазкур истифода бурд.
Бори дигар таъкид менамоем, ки довталабони соли ҷорӣ бе дахолати омилҳои инсонӣ худ муваффақиятро ба даст оварданд.
Кафили ягона барои донишҷӯ шудан донишу қобилият аст.