Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ЭЪЛОН: МАБЛАҒИ БАРОИ ХИЗМАТРАСОНӢ ДАР ИМД ПАРДОХТШУДА БА КӢ ВА ДАР КАДОМ ҲОЛАТҲО БАРГАРДОНИДА МЕШАВАД

Нашр шуд: 01 Майи 2017
Диданд: 1128

Душанбе, 1-уми майи соли 2017

Марҳалаи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 ба анҷом расид.

Хотиррасон менамоем, ки тибқи тартиби муқарраргардида маблағи барои хизматрасонӣ дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ пардохтшуда дар ҳолатҳои зерин баргардонида мешавад:

1) агар соҳиби расиди бонкӣ аз қайд нагузашта бошад;

2) агар довталаб аз иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ даст кашад;

3) агар довталаб азнавбақайдгириро нагузашта бошад;

4) агар довталаб дар имтиҳонҳо бо сабаби узрноки аз ӯ вобастанабуда иштирок карда натавонад.

Соҳиби расиди бонкӣ шахсест, ки маблағи хизматрасониро пардохт карда, расиди бонкӣ ба номи ӯ ба расмият дароварда шудаасту вале барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ аз қайд нагузаштааст.

Довталаб шахсест, ки тибқи тартиби муқарраргардида барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба қайд гирифта шудааст.

1. Агар довталаб аз иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ даст кашад ва маблағи пардохтаашро баргардонидан хоҳад, ӯ бояд ба Марказ ё бахши минтақавии он бо ариза (дар шакли хаттӣ) дар бораи баргардонидани маблағи пардохтааш на дертар аз муҳлати дар зер нишондодашуда муроҷиат намояд. Ба ариза варақаи бақайдгирӣ бояд замима карда шавад. Ариза тибқи тартиби муқарраргардида баррасӣ карда мешавад ва аз маблағи пардохтшуда 1% (ҳаққи хизматрасонии Бонк) ва 20 сомонӣ (хароҷот барои бақайдгирии довталаб) боздошта шуда, маблағи боқимонда дар муҳлати муқаррарнамудаи Марказ ба довталаб баргардонида мешавад.

Муҳлати пешниҳоди ариза барои чунин довталабон ҷиҳати баргардонидани маблағи пардохтшуда 2 (ду) ҳафта аз рӯзи ба анҷом расидани марҳалаи асосии бақайдгирӣ ва (ё) азнавбақайдгирӣ (то 15-уми май) аст.

2. Агар довталаб бинобар ҳолати аз ӯ вобастанабуда (аз ҷумла ба хизмати ҳарбӣ даъват шудани довталаб, бемории вазнини довталаб, вафот кардани довталаб) дар имтиҳонҳо иштирок карда натавонад ва маблағи пардохткардаашро баргардонидан хоҳад, дар ин сурат довталаб ё нафаре аз шахсони наздикаш бояд ба Марказ ё бахши минтақавии он бо ариза (дар шакли хаттӣ) дар бораи баргардонидани маблағи пардохткардааш муроҷиат намояд. Ба ариза варақаи бақайдгирӣ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи сабабе, ки дар ариза баён гардидааст, бояд замима карда шавад. Ариза тибқи тартиби муқарраргардида баррасӣ карда мешавад ва аз маблағи пардохтшуда 1 % (ҳаққи хизматрасонии Бонк) боздошта шуда, маблағи боқимонда дар муҳлати муқаррарнамудаи Марказ ба довталаб ё хешованди наздики ӯ баргардонида мешавад.

Муҳлати пешниҳоди ариза барои чунин довталабон ҷиҳати баргардонидани маблағи пардохтшуда 2 (ду) моҳ аз рӯзи ба анҷом расидани марҳалаи иловагии бақайдгирӣ (то 30-юми август) аст.

3. Агар довталаб аз пардохти тамоми маблағ ё қисме аз он озод бошаду маблағро пурра пардохт карда бошад ва маблағи пардохтаашро пурра ё қисме аз онро баргардонидан хоҳад, ӯ бояд ба Марказ ё бахши минтақавии он бо ариза (дар шакли хаттӣ) дар бораи баргардонидани ин маблағ муроҷиат намояд. Ба ариза нусхаи варақаи бақайдгирӣ ва ҳуҷҷат(ҳо)-и дахлдори тасдиқкунандаи имтиёз бояд замима карда шаванд. Ариза тибқи тартиби муқарраргардида баррасӣ карда мешавад ва аз маблағи пардохтшуда 1 % (ҳаққи хизматрасонии Бонк) боздошта шуда, маблағи боқимонда дар муҳлати муқаррарнамудаи Марказ ба довталаб баргардонида мешавад.

Муҳлати пешниҳоди ариза барои чунин довталабон ҷиҳати баргардонидани маблағи пардохтшуда 2 (ду) моҳ аз рӯзи ба анҷом расидани марҳалаи иловагии бақайдгирӣ (то 30-юми август) аст.

4. Соҳиби расиди бонкӣ, ки маблағи пардохтаашро баргардонидан мехоҳад, бояд ба Марказ ё бахши минтақавии он бо ариза (дар шакли хаттӣ) дар бораи баргардонидани ин маблағ муроҷиат намояд. Ба ариза расиди бонкӣ бояд замима карда шавад. Ариза тибқи тартиби муқарраргардида баррасӣ карда мешавад ва аз маблағи пардохтшуда 1% (ҳаққи хизматрасонии Бонк) боздошта шуда, маблағи боқимонда дар муҳлати муқаррарнамудаи Марказ ба соҳиби расид баргардонида мешавад.

Муҳлати пешниҳоди ариза дар бораи баргардонидани маблағи пардохтшуда барои соҳибони расидҳои бонкӣ, яъне шахсоне, ки расиди бонкӣ дар дасташон аст, маҳдуд карда намешавад.

Дар ариза оид ба баргардонидани маблағи барои хизматрасонӣ пардохтшуда бояд маълумоти шахсии аризадиҳанда ва сабаб барои баргардонидани маблағ, имзои аризадиҳанда ва таърихи пешниҳоди ариза қайд гардида, ба он ҳуҷҷат(ҳо)-и дахлдор замима карда шаванд. Дар зарурат чунин аризаро метавонад хешованди наздики соҳиби расиди бонкӣ ё довталаб пешниҳод намояд.

Пешакӣ огоҳ менамоем, ки аз 16‑уми май равандҳои дигари банақшагирифтаи омодагӣ ба имтиҳонҳо (аз ҷумла чоп ва ирсоли даъватномаҳо, нашри маводи имтиҳонӣ, ҷалби кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ ва муассисаҳои бехатарӣ ва интиқолдиҳандаи маводи имтиҳонӣ) бо назардошти шумораи довталабони азқайдгузашта оғоз мегардад ва ин имкон намедиҳад, ки минбаъд маблағҳои пардохтшуда барои довталабоне, ки аз иштирок дар имтиҳонҳо даст кашидан мехоҳанд, ба ғайр аз ҳолатҳои ғайричашмдошт, ки аз довталаб вобастагӣ надоранд, баргардонида шавад.

Агар довталаб аз иштирок дар имтиҳонҳо даст кашидан хоҳад ё барои иштирок дар имтиҳонҳо имконият надошта бошад ва ба Марказ барои бозпас гирифтани маблағи пардохтшуда аз муҳлати муқаррарнамуда дер муроҷиат намояд, маблағи пардохтшуда, ба истиснои ҳолатҳои ғайричашмдошти аз довталаб новобаста ва дар асоси ҳуҷҷатҳои асосноккунанда баргардонида намешавад.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон