Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ЭЪЛОН!

Нашр шуд: 18 Августи 2017
Диданд: 943

Комбинатсияҳои ихтисосҳое, ки тибқи онҳо баъд аз озмуни тақсимоти асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ мувофиқи нақшаи қабули донишҷӯён ҷойҳои холӣ мондаанд ва дар озмуни тақсимоти такрорӣ пешниҳод карда мешаванд

 

Душанбе, 18-уми августи соли 2017

Комбинатсияҳои ихтисосҳое, ки тибқи онҳо баъд аз озмуни тақсимоти асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ҷойҳои холӣ мондаанд, муайян ва барои интихоби довталабон пешниҳод мегардад. Ёдрас менамоем, ки ба озмуни тақсимоти такрорӣ комбинатсияи ихтисосҳое пешниҳод карда мешавад, ки аз рӯйи онҳо нақшаи қабули донишҷӯён иҷро нагардида, ҷойҳои холӣ мондаанд (аз ҷумла, бо сабабҳои сари вақт аз қайди муассисаи таълимии ба он дохилшудаашон нагузаштани довталабони комёбгардида ё аз таҳсил даст кашидани чунин донишҷӯён).

Рӯйхатҳои комбинатсияҳои ихтисосҳои зикршуда дар сомонаи Марказ гузошта шуд.

Ба довталабон тавсия дода мешавад, ки бо комбинатсияҳои ихтисосҳое, ки дар озмуни тақсимоти такрорӣ пешниҳод мешаванд, тавассути сомонаи Марказ пешакӣ шинос шуда, дар интихоби онҳо, бахусус муайян кардани бартарии интихобҳо, шакли таҳсил (рӯзона, ғоибона, шабона, фосилавӣ), намуди таҳсил (ройгон, пулакӣ), муассисаҳои таълимӣ (донишгоҳ, донишкада, коллеҷ) ва макони ҷойгиршавии онҳо ба шитобкорӣ ва хато роҳ надиҳанд. Инчунин, комбинатсияи ихтисосҳоро бо дарназардошти бали умумии аз имтиҳонҳо бадастовардаашон интихоб намоянд. Хотиррасон менамоем, ки азнавбақайдгирии довталабон барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ аз 19-ум то 22-юми август сурат гирифта, натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрорӣ, ки дар асоси балҳои қаблан бадастовардаи довталабон доир карда мешавад, 26-уми август эълон карда мешавад.

Лозим ба қайд аст, ки аз рӯйи баъзе комбинатсияи ихтисосҳое, ки таваҷҷуҳи довталабон ба онҳо зиёд аст, имкони баланд шудани озмун вуҷуд дорад ва ин боиси он мегардад, ки довталаби бали камтардошта, агар чунин комбинатсияи ихтисосҳоро интихоб карда бошад, дар озмуни тақсимоти такрорӣ низ комёб нагардад. Лозим ба ёдоварист, ки дар гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) ва 2-юм (иқтисод ва география) шумораи нисбатан зиёди ҷойҳои холӣ вуҷуд дорад ва ба довталабони гурӯҳҳои ихтисосҳои 3‑юм (филология, педагогика ва санъат), 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) ва 5-ум (тиб, биология ва варзиш) имкон дода мешавад, ки дар сурати аз гурӯҳҳои ихтисосҳои пештар интихобкардаашон даст кашидан ихтисосҳои ҷойҳои холидоштаро аз гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) ё 2-юм (иқтисод ва география) интихоб кунанд. Озмуни тақсимоти такрорӣ барои ихтисосҳои гурӯҳи 1-ум (табиӣ ва техникӣ) ва 2-юм (иқтисод ва география), ба истиснои ихтисосҳое, ки супоридани қисми А (имтиҳони умумӣ) ва қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус)-ро талаб мекунанд, дар асоси балҳои умумии танҳо аз қисми А (имтиҳони умумӣ) бадастовардаи довталабон доир карда мешавад.

Вобаста аз намуд ва гурӯҳи ихтисосҳо тақсимоти довталабон аз рӯйи комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардаашон дар асоси балҳои умумии зерин анҷом дода мешавад:

- бали умумие, ки аз ҷамъи балҳои аз субтетҳои қисми А ва бали аз ҳисоби имтиёз (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст – дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) ва 2-юм (иқтисод ва география) барои ихтисосҳое, ки супоридани қисмҳои А ва Б-ро талаб мекунанд;

- бали умумие, ки аз ҷамъи балҳои аз қисмҳои А ва Б, инчунин бали аз ҳисоби имтиёз ё коэффитсиент (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст – дар доираи гурӯҳҳои ихтисосҳои 3-юм (филология, педагогика ва санъат), 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) ва 5-ум (тиб, биология ва варзиш) барои ихтисосҳое, ки супоридани қисмҳои А ва Б-ро талаб мекунанд;

- бали умумие, ки аз ҷамъи балҳои аз қисмҳои А ва В, инчунин бали аз ҳисоби имтиёз (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст – дар доираи ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо барои ихтисосҳое, ки супоридани қисмҳои А ва В-ро талаб мекунанд;

- бали умумие, ки аз ҷамъи балҳои аз қисмҳои А, Б ва Г, инчунин бали аз ҳисоби имтиёз (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст – дар доираи ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо барои ихтисосҳое, ки супоридани қисмҳои А, Б ва Г-ро талаб мекунанд.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон