Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ЭЪЛОН: ҶАДВАЛИ БАРГУЗОРИИ ИМТИҲОНҲО – ҚИСМҲОИ А, Б ва В

Нашр шуд: 05 Июни 2017
Диданд: 856

Душанбе, 5-уми июни соли 2017

Ба таваҷҷуҳи довталабон мерасонем, ки баъд аз ҷамъбасти марҳалаи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соли 2017 ҷадвали баргузории имтиҳонҳо – қисмҳои А (имтиҳони умумӣ), Б (имтиҳони ихтисос) ва В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус) муқаррар гардид.

Хотиррасон менамоем, ки маълумоти мушаххас дар бораи макон ва замони имтиҳонсупории ҳар як довталаб дар даъватномааш қайд гардидааст. Инчунин, маълумоти мазкур дар кабинети инфиродии ҳар як довталаб дастрас аст.

Довталаб бояд даъватномаашро аз ҷойе, ки онро дар варақаи бақайдгириаш нишон додааст, дастрас кунад. Пас аз ҷойгир кардани нусхаи электронии даъватномаи довталаб дар кабинети инфиродиаш ба ӯ дар ин бора SMS-паёмаки телефонӣ фиристода мешавад. Дар ҳолати дастрас нагардидани даъватнома ва ё гум шудани он довталаб нусхаи электронии даъватномаашро метавонад аз кабинети инфиродиаш сабт ва чоп кунад.

Ҷадвали баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 (даври асосии қисмҳои А (имтиҳони умумӣ), Б (имтиҳони ихтисос) ва В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус)) барои довталабоне, ки бақайдгирӣ (асосӣ)-ро гузаштаанд

 

  1. Қисми А (имтиҳони умумӣ)

Гурӯҳи ихтисосҳо

Рӯзи баргузории имтиҳон

1-ум (табиӣ ва техникӣ)

1‑уми июл

Шанбе

2-юм (география ва иқтисод)

2‑юми июл

Якшанбе

3-юм (филология, педагогика ва санъат)

3‑юми июл

Душанбе

4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ)

4‑уми июл

Сешанбе

5-ум (тиб, биология ва варзиш)*

5‑уми июл

Чоршанбе

5-ум (тиб, биология ва варзиш)**

6‑уми июл

Панҷшанбе

 

2. Қисми Б (имтиҳони ихтисос)

Гурӯҳи ихтисосҳо

Рӯзи баргузории имтиҳон

1-ум (табиӣ ва техникӣ)

7‑уми июл

Ҷумъа

2-юм (география ва иқтисод)

8‑уми июл

Шанбе

3-юм (филология, педагогика ва санъат)

9‑уми июл

Якшанбе

4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ)

10‑уми июл

Душанбе

5-ум (тиб, биология ва варзиш)*

11‑уми июл

Сешанбе

5-ум (тиб, биология ва варзиш)**

12‑уми июл

Чоршанбе

 

Эзоҳ:

Мутобиқи банди 92-юми «Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми августи соли 2015, № 495 тасдиқ шудааст, барои довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум (тиб, биология ва варзиш) бинобар аз шумораи ҷойҳои нишасти пешбинишуда зиёд будани шумораи ин довталабон имтиҳонҳо (ҳам қисми А ва ҳам қисми Б) ба тартиби зерин 2-рӯзӣ гузаронида мешавад:

* Рӯзи аввал – барои довталабоне, ки забони имтиҳонсупориашон тоҷикӣ буда, рақамҳои назоратияшон бо адади тоқ тамом мешавад ва ҳамаи довталабони забони имтиҳонсупориашон русӣ.

** Рӯзи баъдӣ – барои довталабоне, ки забони имтиҳонсупориашон тоҷикӣ буда, рақамҳои назоратияшон бо адади ҷуфт тамом мешавад.

3. Қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус)

Имтиҳони қисми В аз 25‑уми июн то 5‑уми июл дар муассисаҳои таълимии дахлдор баргузор карда мешавад.

 

Ҷадвали баргузории имтиҳонҳои иловагии марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 (даври иловагии қисмҳои А (имтиҳони умумӣ), Б (имтиҳони ихтисос) ва В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус)) барои довталабоне, ки дар имтиҳони (имтиҳонҳои) даври асосӣ бо сабабҳои узрнок иштирок карда наметавонанд ё даври дуюми азнавабақайдгирӣ ё бақайдгирии иловагиро мегузаранд

 

1. Қисми А (имтиҳони умумӣ)

Гурӯҳи ихтисосҳо

Рӯзи баргузории имтиҳон

Барои ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо (1-ум – 5‑ум)

18‑уми июл

Душанбе

 

2. Қисми Б (имтиҳони ихтисос)

Гурӯҳи ихтисосҳо

Рӯзи баргузории имтиҳон

Барои ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо (1-ум – 5‑ум)

19‑уми июл

Сешанбе

 

3. Даври иловагии қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус)

Даври иловагии қисми В рӯзҳои 7‑ум ва 8‑уми июл дар муассисаҳои таълимии дахлдор баргузор карда мешавад.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон