Душанбе, 20-уми июни соли 2016
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки барои шахсоне, ки бо сабаби узрноки бо ҳуҷҷат тасдиқшуда дар давраи бақайдгирии асосӣ (аз 1‑уми март то 30‑юми апрел) аз қайд гузашта натавонистаанд, аз ҷумла шахсоне, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ, таҳсил ё табобат берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар хизмати ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштанд ва мақсади иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавиро доранд, бақайдгирии иловагӣ баргузор мегардад.
Бақайдгирии иловагӣ аз 20‑ум то 30‑юми июни соли 2016 дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 192) доир карда мешавад.
Барои гузаштан аз бақайдгирии иловагӣ бояд ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда шавад:
1) шиноснома ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият бо сурат, ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст;
2) асл ва нусхаи шиносномаи хориҷӣ бо муҳри убури марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои шахсоне, ки дар давраи бақайдгирии асосӣ берун аз марзи ҷумҳурӣ қарор доштанд);
3) асл ва нусхаи билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи муваққатӣ, ки ба ивази билети ҳарбӣ дода шудааст (барои онҳое, ки дар давраи бақайдгирии асосӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат мекарданд);
4) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи сабаби узрнок дар бораи аз қайд гузашта натавонистан дар давраи бақайдгирии асосӣ (бо сабабҳои дигари узрнок);
5) асл ва нусхаи аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ ё асл ва нусхаи диплом дар бораи таҳсилоти ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ (барои онҳое, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбиро хатм кардаанд);
6) ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи имтиёз (агар бошад);
7) расид (квитансия)-и пардохти маблағ барои иштирок дар ИМД ба МТТМОК аз яке аз филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”.
Шахсоне, ки бинобар сабабҳои зерин дар давраи бақайдгирӣ аз қайд гузашта натавонистаанд, ҳуқуқ доранд, ки бо пешниҳод кардани ариза ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи дахлдор бақайдгирии иловагиро гузаранд:
- дар муҳоҷирати меҳнатӣ берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон будан;
- барои хизмати ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштан;
- барои таҳсил ё табобат дар хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон будан;
- ба бемории сироятӣ гирифтор шудан ё ҷарроҳӣ шудан;
- бинобар гумонбар будан дар содир намудани ҷиноят ё қонуншиканиҳои маъмурӣ нигоҳдории ӯ дар боздоштгоҳи муваққатии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;
- ҳолатҳои дигари бо ҳуҷҷат тасдиқшуда.
Ҳуҷҷатҳои зерин ҳамчун тасдиқкунандаи сабабҳои узрнок ба назар гирифта мешаванд:
- шиносномаи хориҷӣ бо муҳри убури марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) билети ҳавопаймо (талони нишаст) ва (ё) ҳуҷҷати дигаре, ки дар муҳоҷират будани шахси аризадодаро тасдиқ менамояд (барои шахсоне, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ берун аз кишвар қарор доштанд);
- билет (шаҳодатнома)-и ҳарбӣ ё маълумотнома аз комиссариати ҳарбӣ дар бораи аз хизмати ҳарбӣ ҷавоб шудан (барои шахсоне, ки дар моҳҳои май-июни соли имтиҳонсупорӣ муҳлати хизматашон дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расидааст);
- аттестат (шаҳодатнома), диплом ва (ё) маълумотнома аз муассисаи таълимие, ки шахси аризадода онро дар хориҷи кишвар дар соли имтиҳонсупорӣ хатм кардааст (барои шахсоне, ки барои таҳсил дар хориҷи кишвар қарор доштанд);
- маълумотнома ва (ё) ҳуҷҷатҳои дигари тиббӣ аз беморхона, ки барои табобат дар хориҷи кишвар будани шахси аризадодаро тасдиқ менамояд (барои шахсоне, ки барои табобат дар хориҷи кишвар буданд);
- маълумотномаи тиббӣ, хулосаи духтури табобаткунанда ва (ё) иқтибос аз беморхона бо имзои сардухтур ва муҳри беморхонаи дахлдор (барои шахсоне, ки ба бемории сироятӣ гирифтор ё ҷарроҳӣ шудаанд);
- маълумотнома аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо муҳр ва имзо (барои шахсоне, ки дар содир намудани ҷиноят ё қонуншиканиҳои маъмурӣ гумонбар дониста, дар боздоштгоҳи муваққатии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нигоҳ дошта шудаанд);
ҳуҷҷатҳои дахлдор барои ҳолатҳои дигаре, ки тибқи ин Тартиб пешбинӣ нагардидаанду лекин барои иҷозат додан ба бақайдгирии иловагӣ ҳамчун сабаби узрнок ба назар гирифта мешаванд.
Хотиррасон менамоем, ки арзиши хизматрасонӣ дар ИМД 200 (дусад) сомонӣ буда, ятимони кулл ва бепарасторон, ки хоҳиши иштирок дар имтиҳонҳои мазкурро доранд, аз пардохти маблағ пурра озоданд. Довталабоне, ки падар ё модарашон вафот кардаанд, барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ танҳо 50 дарсади маблағи муайяншударо – 100 (сад) сомонӣ пардохт мекунанд.
Довталабони имтиёздор бояд ҳангоми бақайдгирӣ ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод кунанд.
Маблағ бояд пеш аз бақайдгирӣ дар яке аз филиалҳои зерини Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе пардохт карда шавад:
1) филиали № 04 н. Сино (кӯчаи Саъдии Шерозӣ, 45 (собиқ мағозаи “Моҳи нав”), тел. 600-90-47);
2) филиали № 05 н. Исмоили Сомонӣ (кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ, 14/1 (назди МТМУ № 70, хонаҳои Қайроққум), тел. 600-90-51);
3) филиали № 06 н. Фирдавсӣ (кӯчаи Борбад, 94/1 (назди маркази савдои “Мардон”), тел. 600-90-46);
4) филиали № 07 н. Шоҳмансур (хиёбони Рӯдакӣ, 2а (Саристгоҳи роҳи оҳан), тел. 600-90-36).
Довталабоне, ки ҳангоми бақайдгирии асосӣ аз қайд гузаштаанд, дар ин давра ба қайд гирифта намешаванд.
Дар зарурат метавонед бо телефонҳои хатти мустақим (224 53 66, 224 53 67, 224 53 68) маълумоти иловагӣ гиред.