Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ЭЪЛОН: АЗНАВБАҚАЙДГИРӢ БАРОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУНИ ТАҚСИМОТИ ТАКРОРӢ

Нашр шуд: 17 Августи 2016
Диданд: 870

17-уми августи соли 2016

Ба диққати довталабоне, ки ба озмуни тақсимоти асосии довталабон (3-юми август) роҳ ёфта буданду лекин дар озмуни мазкур аз рӯйи ягон ихтисоси интихобкардаашон муваффақ нагардиданд, расонида мешавад, ки тибқи ҷойҳои дар ихтисосҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баъд аз тақсимоти асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ – 2016 холимонда озмуни тақсимоти такрории довталабон доир мегардад.

Хотиррасон менамоем, довталабоне, ки дар озмуни тақсимоти асосӣ аз рӯйи яке аз ихтисосҳои интихобкардаашон ба ин ё он муассисаи таълимӣ гузашта буданд, инчунин довталабоне, ки холҳои гузаришро аз як ё якчанд субтест соҳиб нагардида, ба озмуни тақсимоти асосӣ роҳ наёфта буданд, дар озмуни тақсимоти такрорӣ ҳуқуқи иштирокро надоранд.

Бо мақсади иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ довталаб бояд аз нав аз қайд гузарад. Барои азнавбақайдгирӣ довталабро зарур аст, ки дар яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ, ки рӯйхаташон дар зер оварда мешавад, 20 сомонӣ пардохт намуда, расид (квитансия), шиноснома ва варақаи бақайдгириашро ба бақайдгиранда пешниҳод намояд. Ёдрас менамоем, ки қабули маблағҳо барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ бевосита дар нуқтаҳои бақайдгирӣ ба роҳ монда шуда, ятимони кулл ва бепарасторон аз пардохти маблағ озоданд. Азнавбақайдгирӣ аз 19-ум то 22-юми август баргузор шуда, натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрорӣ, ки дар асоси натиҷаҳои аз имтиҳонҳо бадастовардаи довталабон доир мегардад, 26-уми август эълон карда мешаванд.

Мувофиқи тартиби тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30‑юми июли соли 2016, №11/17 тақсимоти такрорӣ аз рӯйи ихтисосҳое баргузор карда мешавад, ки дар онҳо баъд аз тақсимоти асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, инчунин бинобар сари вақт барои аз қайди муассисаи таълимӣ гузаштан ҳозир нашудан ё аз таҳсил даст кашидани довталабони дар озмуни тақсимоти асосӣ комёбгардида ҷойи холӣ мондааст.

Рӯйхати ихтисосҳои дорои ҷойҳои холӣ, ки барои тақсимоти такрорӣ пешниҳод мегарданд, дар сомонаи Марказ ҷойгир карда мешавад.

Дар азнавбақайдгирӣ довталабон имкон доранд, ки то 12 комбинатсияи ихтисосҳоро дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои қаблан интихобкардаашон интихоб намоянд. Инчунин ба довталабони гурӯҳҳои ихтисосҳои 2-юм, 3-юм, 4-ум ва 5-ум имкон дода мешавад, ки дар сурати аз гурӯҳҳои ихтисосҳои пештар интихобкардаашон даст кашидан ихтисосҳои ҷойҳои холидоштаро аз гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) интихоб кунанд. Хотиррасон менамоем, ки дар гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум шумораи ҷойҳои холӣ бештар аст ва ба довталабоне, ки балҳои нисбатан камтарро соҳиб гардидаанд, тавсия медиҳем, ки ихтисосҳои ҷойҳои холидоштаро аз гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум интихоб намоянд.

Озмуни тақсимоти такрорӣ барои ихтисосҳои гурӯҳҳои ихтисосҳои 2-юм, 3-юм, 4-ум ва 5-ум дар асоси балҳои умумии аз қисми А (имтиҳони умумӣ) ва қисми Б (имтиҳони ихтисос) бадастовардаи довталабон ва барои ихтисосҳои гурӯҳҳои ихтисосҳои 1-ум дар асоси балҳои умумии танҳо аз қисми А (имтиҳони умумӣ) бадастовардаи довталабон гузаронида мешавад. Озмуни тақсимоти такрорӣ барои ихтисосҳое, ки супоридани имтиҳони қисми В (имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсус)-ро талаб мекунанд, дар асоси балҳои умумии аз қисми А (имтиҳони умумӣ) ва қисми В (имтиҳони эҷодӣ  ё маҳорати махсус) бадастовардаи довталабон доир карда мешавад.

Довталабе, ки аз ҳамаи субтестҳои дахлдори қисми А (имтиҳони умумӣ) ва қисми Б (имтиҳони ихтисос) холҳои гузаришро соҳиб гардидааст, вобаста аз иҷрои нақшаи қабули донишҷӯён, имкон дорад, ки барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ дар доираи гурӯҳҳои ихтисосҳои муайяншуда он ихтисосҳоеро интихоб намояд, ки супоридани имтиҳони қисмҳои А ва Б-ро талаб менамоянд.

Довталабе, ки аз ҳамаи субтестҳои дахлдори қисми А (имтиҳони умумӣ), қисми Б (имтиҳони ихтисос) ва санҷишҳои қисми В (имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсус) холҳои гузаришро соҳиб гардидааст, имкон дорад, ки барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ дар доираи танҳо гурӯҳи ихтисосҳои қаблан интихобкардааш он ихтисосҳоеро интихоб намояд, ки супоридани имтиҳони қисмҳои А ва В-ро аз рӯйи самти дахлдор талаб менамоянд.

Довталабе, ки аз ҳамаи субтестҳои дахлдори қисми А (имтиҳони умумӣ), қисми Б (имтиҳони ихтисос) ва санҷишҳои қисми В (имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсус) холҳои гузаришро соҳиб гардидааст, имкон дорад, ки барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ (1) дар доираи гурӯҳҳои ихтисосҳои муайяншуда он ихтисосҳоеро интихоб намояд, ки супоридани имтиҳони қисмҳои А ва Б-ро талаб менамоянд ё (2) дар доираи танҳо гурӯҳи ихтисосҳои қаблан интихобкардааш он ихтисосҳоеро интихоб намояд, ки супоридани имтиҳони қисмҳои А ва Б ва (ё) А ва В-ро талаб менамоянд.

Довталабе, ки аз рӯйи ихтисосҳои интихобкардааш қисми А (имтиҳони умумӣ) ва қисми В (имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсус)-ро супорида, ба озмуни тақсимот роҳ ёфтааст, ҳуқуқ дорад, ки барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ чунин ихтисосҳоро дар доираи самти дахлдор (санъат (тасвирӣ ё мусиқӣ), варзиш, дизайн, меъморӣ, ҳайкалтарошӣ ё динӣ) бе маҳдудияти навъи ихтисосҳои мазкур интихоб намояд.

Бори дигар ба ҳамаи довталабоне, ки дар озмуни тақсимоти асосӣ муваффақ нагардидаанд ва хоҳиши иштирок дар озмуни тақсимоти такрориро доранд, муроҷиат менамоем, ки бо рӯйхати ихтисосҳое, ки барои озмуни тақсимоти такрорӣ пешниҳод карда мешаванд, аз сомонаи Марказ пешакӣ шинос шуда, ҳангоми интихоби ихтисосҳо, муассисаҳои таълимӣ, шакли ва намуди таҳсил ба шитобкорӣ роҳ надода, онҳоро дуруст ва мувофиқи донишу қобилият ва имкониятҳояшон интихоб намоянд.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон