Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ЭЪЛОН: АЗНАВБАҚАЙДГИРӢ БАРОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУНИ ТАҚСИМОТИ ТАКРОРИИ ИЛОВАГӢ (ТАҚСИМОТИ 3-юм)

Нашр шуд: 18 Сентябри 2016
Диданд: 921

18-уми сентябри соли 2016

Ба диққати довталабоне, ки ба озмунҳои тақсимоти асосӣ (3 юми август) ва такрории довталабон (26 уми август) роҳ ёфта буданду лекин дар озмунҳои мазкур аз рӯйи ягон ихтисоси интихобкардаашон муваффақ нагардиданд, расонида мешавад, ки тибқи ҷойҳои дар ихтисосҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ баъд аз тақсимоти асосӣ ва такрории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ – 2016 холимонда озмуни тақсимоти такрории иловагии довталабон доир мегардад.

Тибқи розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори мушовараи ғайринавбатии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни тақсимоти такрории иловагии довталабон танҳо ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷҳо) тибқи ихтисосҳое доир карда мешавад, ки баъд аз озмуни тақсимоти асосӣ ва такрории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2016 мувофиқи нақшаи қабули донишҷӯён аз рӯйи шакли таҳсили рӯзонаю ғоибона ва намуди таҳсили пулакӣ дар онҳо ҷойҳои холӣ мондаанд.

Хотиррасон менамоем, довталабоне, ки холҳои гузаришро аз як ё якчанд субтест соҳиб нагардида, ба озмуни тақсимоти асосӣ роҳ наёфта буданд, дар озмуни тақсимоти такрории иловагӣ ҳуқуқи иштирокро надоранд.

Азнавбақайдгирӣ ва қабули маблағҳо барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрории иловагӣ танҳо дар шаҳри Душанбе  бевосита дар бинои Марказ, ки нишонии он дар зер оварда шудааст, ба роҳ монда мешавад. Барои азнавбақайдгирӣ довталабро зарур аст, ки дар нуқтаи бақайдгирӣ (бинои Марказ) 20 сомонӣ пардохт намуда, расид (квитансия), шиноснома ва варақаи бақайдгириашро ба бақайдгиранда пешниҳод намояд.

Азнавбақайдгирӣ барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрории иловагӣ аз 19‑ум то 22‑юми сентябр баргузор шуда, натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории иловагӣ, ки дар асоси натиҷаҳои аз имтиҳонҳо бадастовардаи довталабон доир мегардад, 24‑уми сентябр эълон карда мешавад.

Мувофиқи тартиби тасдиқнамудаи мушовараи ғайринавбатии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17‑уми сентябри соли 2016, № 13/1 озмуни тақсимоти такрории иловагӣ ба таври зайл баргузор карда мешавад:

Ба довталабоне, ки аз ҳамаи субтестҳои дахлдори қисми А (имтиҳони умумӣ) ва қисми Б (имтиҳони ихтисос) холҳои гузаришро соҳиб гардидаанд, имкон дода мешавад, ки барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрории иловагӣ комбинатсияи ихтисосҳоро дар доираи (1) гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) ё (2) гурӯҳи ихтисосҳои қаблан интихобкардаашон интихоб намоянд.

Озмуни тақсимоти такрории иловагӣ дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) аз рӯйи натиҷаҳо (балҳо)-и танҳо аз имтиҳони қисми А (имтиҳони умумӣ) бадастовардаи довталабон доир карда мешавад.

Озмуни тақсимоти такрории иловагӣ дар доираи гурӯҳҳои ихтисосҳои 2-юм, 3-юм, 4-ум ва 5-ум (иқтисод ва география; филология, педагогика ва санъат; ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ; тиб, биология ва варзиш) аз рӯйи натиҷаҳо (балҳо)-и умумии аз имтиҳони қисми А (имтиҳони умумӣ) ва қисми Б (имтиҳони ихтисос) бадастовардаи довталабон баргузор карда мешавад.

Рӯйхати ихтисосҳои дорои ҷойҳои холӣ, ки барои тақсимоти такрории иловагӣ пешниҳод мегарданд, дар сомонаи Марказ ҷойгир карда шудааст.

Дар азнавбақайдгирӣ довталабон имкон доранд, ки то 12 комбинатсияи ихтисосҳоро дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои қаблан интихобкардаашон интихоб намоянд. Инчунин ба довталабони гурӯҳҳои ихтисосҳои 2-юм, 3-юм, 4-ум ва 5-ум имкон дода мешавад, ки дар сурати аз гурӯҳҳои ихтисосҳои пештар интихобкардаашон даст кашидан ихтисосҳои ҷойҳои холидоштаро аз гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) интихоб кунанд. Хотиррасон менамоем, ки дар гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум шумораи ҷойҳои холӣ бештар аст ва ба довталабоне, ки балҳои нисбатан камтарро соҳиб гардидаанд, тавсия медиҳем, ки ихтисосҳои ҷойҳои холидоштаро аз гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум интихоб намоянд.

Бори дигар ба ҳамаи довталабоне, ки дар озмуни тақсимоти асосӣ ва такрорӣ муваффақ нагардидаанд ва хоҳиши иштирок дар озмуни тақсимоти такрории иловагиро доранд, муроҷиат менамоем, ки бо рӯйхати ихтисосҳое, ки барои озмуни тақсимоти такрории иловагӣ пешниҳод карда мешаванд, аз сомонаи Марказ пешакӣ шинос шуда, ҳангоми интихоби ихтисосҳо, муассисаҳои таълимӣ, шакли таҳсил ба шитобкорӣ роҳ надода, онҳоро дуруст ва мувофиқи донишу қобилият ва имкониятҳояшон интихоб намоянд.

Барои маълумоти бештар довталабон метавонанд бо телефонҳои 224 53 67, 224 53 68, 224 53 73 ва 224 53 66 дар тамос шаванд.

Нишонии Марказ: шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 192 (истгоҳи охири тролейбусҳои № 1, рӯ ба рӯи боғи Садриддин Айнӣ).

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон