Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ЭЪЛОМИЯИ МАТБУОТӢ: ЭЪЛОНИ НАТИҶАҲОИ ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ – 2018

Нашр шуд: 30 Июли 2018
Диданд: 1009

Душанбе, 30-юми июли соли 2018

Имрӯз, 30-юми июли соли 2018, натиҷаҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 эълон карда шуд.

Маълумоти муфассал дар бораи натиҷаи имтиҳонсупории ҳар як довталаб дар кабинети инфиродиаш ҷойгир карда шуда, дар ин бора инчунин ба телефони мобилии ҳар як довталаб, ки рақами он дар варақаи бақайдгириаш дар майдони “Телефони мобилӣ” қайд гардидааст, паёмак (SMS)-и ройгон бо маълумоти мухтасар фиристода шуд.

Дар паёмаке, ки ба ҳар довталаб фиристода шудааст, маълумоти мухтасари иборат аз се қисми зерин дода шудааст:

1) рақами назоратии довталаб;

2) холҳои бадастовардаи довталаб аз ҳамаи субтестҳои қисмҳои дахлдори А – имтиҳони умумӣ ва Б – имтиҳони ихтисос, инчунин қисм(ҳо)-и В – имтиҳони эҷодӣ ва маҳорати махсус ва (ё) Г – имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ (дар ҳолати супоридани чунин имтиҳон);

3) роҳ ёфтан ё наёфтани довталаб ба озмуни тақсимот. Матни ин қисм вобаста аз навъи ихтисосҳои интихобкарда ва роҳ ёфтан ё наёфтани довталаб ба озмуни тақсимот метавонад дар яке аз шаклҳои зерин бошад:

- “Ба тақсимот РОҲ ЁФТЕД! Маълумоти бештар дар кабинети инфиродӣ” – барои довталабоне, ки аз рӯйи ҳамаи ихтисосҳои интихобкардаашон ба озмуни тақсимот роҳ ёфтаанд;

- “Ба тақсимот РОҲ ЁФТЕД (танҳо ба ихтисосҳои эҷодӣ ва маҳорат)! Маълумоти бештар дар кабинети инфиродӣ” – барои довталабоне, ки танҳо аз рӯйи ихтисосҳои супоридани қисми В (имтиҳони эҷодӣ ва маҳорати махсус)-ро талабкунанда ба озмуни тақсимот роҳ ёфтаанд;

- “Ба тақсимот РОҲ ЁФТЕД (ғайр аз ихтисосҳои филиали ДДМ ба номи М. В. Ломоносов дар ш. Душанбе)! Маълумоти бештар дар кабинети инфиродӣ” – барои довталабоне, ки аз рӯйи ихтисосҳои супоридани қисми Г (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ)-ро талабкунанда ба озмуни тақсимот роҳ наёфтаанду лекин аз рӯйи ихтисосҳои дигари интихобкардаашон ба озмуни тақсимот роҳ ёфтаанд;

- “Ба тақсимот РОҲ ЁФТЕД (ғайр аз ихтисосҳои эҷодӣ ва маҳорат)! Маълумоти бештар дар кабинети инфиродӣ” – барои довталабоне, ки аз рӯйи ихтисосҳои супоридани қисми В (имтиҳони эҷодӣ ва маҳорати махсус)-ро талабкунанда ба озмуни тақсимот роҳ наёфтаанду лекин аз рӯйи ихтисосҳои дигари интихобкардаашон ба озмуни тақсимот роҳ ёфтаанд;

- “Ба тақсимот РОҲ ЁФТЕД (ғайр аз ихтисосҳои эҷодӣ ва маҳорат ва филиали ДДМ ба номи М. В. Ломоносов дар ш. Душанбе)! Маълумоти бештар дар кабинети инфиродӣ” – барои довталабоне, ки аз рӯйи ихтисосҳои супоридани қисми В (имтиҳони эҷодӣ ва маҳорати махсус) ва ихтисосҳои супоридани қисми Г (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ)-ро талабкунанда ба озмуни тақсимот роҳ наёфтаанду лекин аз рӯйи ихтисосҳои дигари интихобкардаашон ба озмуни тақсимот роҳ ёфтаанд;

- “Ба тақсимот РОҲ НАЁФТЕД! Маълумоти бештар дар кабинети инфиродӣ” – барои довталабоне, ки аз рӯйи ягон ихтисоси интихобкардаашон ба озмуни тақсимот роҳ наёфтаанд.

 

Тавре ки зикр гардид, маълумоти муфассал дар бораи натиҷаҳои дар имтиҳонҳо бадастовардаи ҳар довталаб бо нишон додани хол, бал, бали имтиёзӣ (дар ҳолати ҳуқуқи гирифтани ин имтиёзро доштан), бали коэффитсиент (барои довталабони дахлдор) ва маълумот дар бораи соҳиб шудан ё нашудани довталаб ба холҳои гузариш аз субтестҳои қисмҳои дахлдори А ва Б, қисм(ҳо)-и В ва (ё) Г, инчунин роҳ ёфтан ё наёфтани ӯ ба озмуни тақсимот дар кабинети инфиродиаш гузошта шудааст. Агар дар бахши “Натиҷаи имтиҳонҳо”-и кабинети инфиродии довталаб матни “Шумо барои иштирок дар озмуни тақсимот, ки 7-уми август доир мегардад, РОҲ ЁФТЕД!” дарҷ гардида бошад (ранги пасманзар (фон)-и он сабз аст), пас, довталаб ба озмуни тақсимот ба муассисаҳои таълимӣ аз рӯйи комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш роҳ ёфтааст. Гузаштан ё нагузаштани довталаби ба озмун роҳёфта аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш танҳо пас аз озмуни тақсимот, ки 7-уми август доир мегардад, маълум мешавад. Агар дар бахши натиҷаи имтиҳонҳои кабинети инфиродии довталаб матни “Шумо барои иштирок дар озмуни тақсимот РОҲ НАЁФТЕД! Холи субтест(ҳо)-е, ки аз он(ҳо) нагузаштед, бо ранги сурх қайд шудаанд.” дарҷ гардида бошад (ранги пасманзар (фон)-и он сурх аст), ин чунин маънӣ дорад, ки довталаб бинобар аз як ё якчанд субтести қисм(ҳо)-и А ва (ё) Б, инчунин аз қисм(ҳо)-и В ва (ё) Г (дар ҳолати супоридани чунин имтиҳон) соҳиб нагардиданаш ба холи гузариш ба озмуни тақсимот роҳ наёфтааст. Агар довталаб аз як ё якчанд субтест ё қисм(ҳо)-и В ва (ё) Г (дар ҳолати супоридани чунин имтиҳон) холҳои гузаришро соҳиб нагардида бошад, холҳои ин гуна субтестҳо ё қисмҳо бо ранги сурх қайд карда мешаванд.

ТАВАҶҶУҲ! Ёдрас менамоем, ки роҳ ёфтан ба озмуни тақсимот ҳоло маънои донишҷӯй шудан ва ҳатто гузаштан аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаи довталабро надорад ва гузаштан ё нагузаштани довталаби ба озмуни тақсимот роҳёфта тибқи интихобҳояш танҳо 7-уми август, яъне пас аз озмуни тақсимот маълум мегардад.

Дар баробари роҳҳои зикргардидаи дастрас кардани маълумот дар бораи натиҷаҳои имтиҳонҳо, ҳар як довталаб имкон дорад, ки ба воситаи телефони мобилии худ, ки рақами он дар варақаи бақайдгириаш дар майдони “Телефони мобилӣ” қайд гардидааст, паёмаки пулакиро бо дархост (матни) “t<рақами назоратӣ>” ба рақами кӯтоҳи 989001617 фиристода, дар бораи натиҷаҳои имтиҳони худ маълумоти мухтасар гирад. Арзиши фиристодани ин паёмак аз тарофаи хизматрасонии ширкати мобилӣ барои паёмакҳо (SMS)-и содиротӣ, ки довталаб аз он истифода мекунад, вобаста аст.

Барои роҳ ёфтан ба озмуни тақсимоти довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ мувофиқи натиҷаҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ довталабро зарур аст, ки холҳои гузариш (шумораи ҳадди ақалли холҳо)-ро аз ҳар субтести қисм(ҳо)-и дахлдори А ва Б дар доираи гурӯҳҳои ихтисосҳо ва қисм(ҳо)-и В ва (ё) Г (дар ҳолати супоридани чунин имтиҳон) соҳиб гардад.

Барои роҳ ёфтан ба озмуни тақсимот довталаб бояд аз рӯйи ихтисосҳое, ки супоридани:

- қисмҳои А (имтиҳони умумӣ) ва Б (имтиҳони ихтисос)-ро талаб мекунанд, аз ҳамаи субтестҳои қисмҳои А ва Б холҳои гузаришро соҳиб шавад;

- қисмҳои А (имтиҳони умумӣ) ва В (имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсус)-ро талаб мекунанд, аз ҳамаи субтестҳои қисми А ва аз қисми В холҳои гузаришро соҳиб шавад;

- қисмҳои А (имтиҳони умумӣ), Б (имтиҳони ихтисос) ва Г (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ)-ро талаб мекунанд, аз ҳамаи субтестҳои қисмҳои А ва Б, инчунин аз қисми Г холҳои гузаришро соҳиб шавад. Хотиррасон менамоем, ки чунин ихтисосҳо танҳо дар филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе пешниҳод шудааст.

 

ТАВАҶҶУҲ: бали аз қисми В (имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсус) бадастовардаи довталаб (дар сурати соҳиб шуданаш ба холҳои гузариш) ба қисми А (имтиҳони умумӣ) илова карда шуда, танҳо барои он ихтисосҳои интихобкардааш ба назар гирифта мешавад, ки супоридани қисми В-ро талаб менамоянд. Инчунин, бали аз қисми Г (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ) бадастовардаи довталаб (дар сурати соҳиб шуданаш ба холҳои гузариш) ба бали умумии қисмҳои А (имтиҳони умумӣ) ва Б (имтиҳони ихтисос) илова карда шуда, танҳо барои он ихтисосҳои интихобкардааш ба назар гирифта мешавад, ки супоридани қисми Г-ро талаб менамоянд.

 

Хотиррасон менамоем, ки тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, довталабоне, ки холи гузаришро аз як ё якчанд субтести қисми А ва (ё) қисми Б соҳиб намегарданд, ҳуқуқи иштирок карданро дар тақсимот аз рӯйи ихтисосҳое, ки супоридани ин қисмҳоро талаб мекунанд, надоранд. Инчунин, агар довталаб ихтисосҳоеро интихоб карда бошад, ки дар баробари супоридани қисмҳои дигари дахлдор супоридани қисми В ё қисми Г-ро талаб кунаду довталаб аз қисми В ё қисми Г холҳои гузаришро соҳиб нашуда бошад, ӯ ҳуқуқи иштирок карданро дар тақсимот аз рӯйи чунин ихтисосҳо надорад. Довталабе, ки аз қисми В ё қисми Г холҳои гузаришро соҳиб нашудаасту вале аз ҳамаи субтестҳои қисмҳои А ва Б холҳои гузаришро соҳиб гардидааст, ҳуқуқи иштирок карданро дар тақсимот аз рӯйи он ихтисосҳое дорад, ки супоридани қисмҳои А ва Б-ро талаб мекунанд.

Холҳои гузариш (шумораи ҳадди ақалли холҳо) аз ҳар субтести қисми А (имтиҳони умумӣ) ва қисми Б (имтиҳони ихтисос) дар доираи гурӯҳи ихтисосҳо ва қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорат), ки барои роҳ ёфтан ба озмуни тақсимоти довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ мувофиқи натиҷаҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ – 2018 ба даст овардани онҳо зарур аст, 28‑уми июл муқаррар гардида, маълумот дар ин хусус дар сомонаи Марказ ҷой дода шудааст.

Тавре ки довталабон ва дигар алоқамандони имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ хабар доранд, холҳои бадастовардаи ҳар як довталаб бо роҳи миқёсгузорӣ (шкалабандӣ) ба балҳо баргардонида мешавад. Вобаста аз ин, аз рӯйи натиҷаи шкалабандӣ дар доираи ҳар гурӯҳи ихтисосҳо ва ҳар як ихтисос барои ҳар субтест ҷадвали мувофиқати холҳо ва балҳо тартиб дода, дар сомонаи Марказ ҷойгир карда шуд. Ҳар як довталаб имкон дорад, ки холҳои бадастовардаашро бо истифода аз ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ва балҳои ҳар субтест дар доираи ҳар гурӯҳи ихтисосҳо ва ҳар як ихтисос бо маълумоти дар кабинети инфиродиаш ҷойдошта муқоиса намояд.

Дар бинои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Истаравшан, Бохтар, Кӯлоб, Рашт ва Данғара, ки нишонии онҳо дар зер оварда шудааст, аз 30-юми июл то 1‑уми август нуқтаҳои иттилоърасонӣ амал мекунанд. Дар зарурат довталабон метавонанд вобаста аз макони зисташон ба яке аз ин нуқтаҳои иттилоърасонӣ муроҷиат карда, дар бораи натиҷаҳои имтиҳонсупории худ маълумот гиранд.

Довталабон имкон доранд, ки дархост ё саволҳои худро ба нишонии почтаи электронии Марказ – Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. низ пешниҳод намоянд.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон