Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ЭЪЛОМИЯИ МАТБУОТӢ: ЭЪЛОНИ НАТИҶАҲОИ ОЗМУНИ ТАҚСИМОТИ АСОСИИ ДОВТАЛАБОН ДАР ИМД-2018

Нашр шуд: 07 Августи 2018
Диданд: 1063

Душанбе, 7-уми августи соли 2018

Имрӯз, 7-уми августи соли 2018, натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 эълон карда шуд.

Мувофиқи тартиби муқарраргардида ба озмуни тақсимот довталабоне роҳ ёфта буданд, ки аз рӯйи ихтисосҳое, ки супоридани:

- қисмҳои А (имтиҳони умумӣ) ва Б (имтиҳони ихтисос)-ро талаб мекунанд, аз ҳамаи субтестҳои қисмҳои А ва Б холҳои гузаришро соҳиб шудаанд;

- қисмҳои А (имтиҳони умумӣ) ва В (имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсус)-ро талаб мекунанд, аз ҳамаи субтестҳои қисми А ва аз қисми В холҳои гузаришро соҳиб шудаанд;

- қисмҳои А (имтиҳони умумӣ), Б (имтиҳони ихтисос) ва Г (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ)-ро талаб мекунанд, аз ҳамаи субтестҳои қисмҳои А ва Б, инчунин аз қисми Г холҳои гузаришро соҳиб шудаанд. Чунин ихтисосҳо танҳо дар филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе пешниҳод шудааст.

Маълумоти муфассал дар бораи натиҷаи озмуни тақсимот, аз ҷумла бали умумии бадастовардаи довталаб дар доираи ҳар як комбинатсияи ихтисоси интихобкардааш ва бали гузариш дар доираи ҳар як комбинатсия (агар довталаб дар озмун аз рӯйи он(ҳо) комёб нагардида бошад) барои ҳар як довталаб дар кабинети инфиродиаш ҷойгир карда шуда, инчунин ба телефони мобилии ӯ, ки рақами он дар варақаи бақайдгириаш дар майдони “Телефони мобилӣ” қайд гардидааст, паёмак (SMS)-и ройгон бо маълумоти мухтасар дар ин бора фиристода шуд.

Агар довталаб дар озмуни тақсимот аз рӯйи комбинатсияи ихтисоси 1-уми интихобкардааш комёб гардида бошад, дар бахши “Натиҷаи тақсимот”-и кабинети инфиродиаш дар сутуни “Бали гузариш” танҳо барои ҳамин комбинатсия бали гузариш нишон дода мешавад ва маълумот дар бораи комбинатсияи ихтисосҳои бартариашон пасттари интихобкардааш, аз ҷумла ихтисосҳо ва балҳои гузариши онҳо, нишон дода намешавад.

Агар довталаб дар озмуни тақсимот тибқи комбинатсияи ихтисоси ғайр аз 1-уми интихобкардааш комёб гардида бошад, дар бахши “Натиҷаи тақсимот”-и кабинети инфиродиаш дар сутуни “Бали гузариш” барои комбинатсияи ихтисоси тибқи он комёбгардида ва комбинатсия(ҳо)-и ихтисос(ҳо)-е, ки аз рӯйи он(ҳо) комёб нагардидааст, бали гузариш нишон дода мешавад. Масалан, агар довталаб аз рӯйи комбинатсияи ихтисоси 4-уми интихобкардааш комёб гардида бошад, дар сутуни “Бали гузариш” барои комбинатсияҳои ихтисосҳои аз 1-ум то 4-уми интихобкардааш бали гузариш нишон дода мешавад. Дар сурати комёб гардидани довталаб мувофиқи яке аз комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардааш маълумот дар бораи комбинатсияи ихтисосҳои бартариашон пасттари довталаб, аз ҷумла ихтисосҳо ва балҳои гузариши онҳо, нишон дода намешавад.

Агар довталаб дар озмуни тақсимот аз рӯйи ягон комбинатсияи ихтисоси интихобкардааш комёб нагардида бошад, дар сутуни “Бали гузариш” бали гузариши ҳамаи комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш нишон дода мешавад.

Вобаста аз комёб шудан ё нашудани довталаб дар озмуни тақсимот ба ӯ тавассути паёмак (SMS) маълумоти мухтасар дар шакли яке аз ҷумлаҳои зерин фиристода мешавад:

1. “№ назоратӣ: ХХХХХХХХХХХХХ. Натиҷаи озмуни тақсимот: Шумо аз рӯи интихоби n (ихтисоси ХХХХХХХ, шакли таҳсил, намуди таҳсил, номи муассисаи таълимӣ) ГУЗАШТЕД. Фавран то 19.08.2018 ба муассисаи таълимӣ барои ҳуҷҷатсупорӣ ҳозир шавед!”

2. “№ назоратӣ: ХХХХХХХХХХХХХ. Натиҷаи озмуни тақсимот: Шумо аз рӯи ягон интихобатон НАГУЗАШТЕД ва метавонед дар озмуни тақсимоти такрорӣ иштирок намоед. Барои ин бояд аз 24 то 27 августи соли 2018 аз нав аз қайд гузаред.”

Тавре ки зикр гардид, маълумоти муфассал дар бораи натиҷаҳои озмуни тақсимот барои ҳар як довталаб дар кабинети инфиродиаш гузошта мешавад. Агар дар бахши натиҷаи тақсимоти кабинети инфиродии довталаб матни “Шумо аз рӯи интихоби № n гузаштед!” дарҷ гардида бошад (ранги пасманзар (фон)-и он сабз аст), пас, довталаб дар озмуни тақсимот ба муассисаҳои таълимӣ мувофиқи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш комёб гардидааст. Дар ҷадвал комбинатсияи ихтисоси дахлдор, бали гузариши он ва бали бадастовардаи довталаб нишон дода мешавад.

Агар дар бахши натиҷаи имтиҳонҳои кабинети инфиродии довталаб матни “Шумо дар озмуни тақсимот аз рӯи ягон интихобатон нагузаштед!” дарҷ гардида бошад (ранги пасманзар (фон)-и он сурх аст), ин чунин маъно дорад, ки довталаб дар озмуни тақсимот ба муассисаи таълимӣ аз рӯйи ҳеҷ яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш комёб нагардидааст.

Дар баробари роҳҳои зикргардидаи дастрас кардани маълумот дар бораи натиҷаҳои имтиҳонҳо ҳар як довталаб имкон дорад, ки ба воситаи телефони мобилии худ, ки рақами он дар варақаи бақайдгириаш дар майдони “Телефони мобилӣ” қайд гардидааст, дархост (матн)-и “n<рақами назоратӣ>” (масалан, n3081016008393)-ро ба рақами кӯтоҳи 989001617 фиристода, дар бораи натиҷаҳои озмуни тақсимот маълумоти мухтасар гирад. Арзиши фиристодани ин паёмак аз тарофаи хизматрасонии ширкати мобилӣ барои паёмакҳо (SMS)-и содиротӣ, ки довталаб аз он истифода мекунад, вобаста аст.

Довталабоне, ки тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимот ба муассисаҳои таълимӣ мувофиқи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон комёб гардидаанд, бояд на дертар аз 19‑уми август ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии дахлдор ҳозир шуда, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ки рӯйхати онҳо дар зер оварда мешавад, ба комиссияи қабули он муроҷиат намоянд. Дар сурати бо сабабҳои узрнок дар муҳлати муқарраргардида имконнопазир будани ҳозиршавии довталаб ба муассисаи таълимӣ, довталабро зарур аст, ки қаблан, то 19‑уми август, муассисаи таълимиро дар ин хусус тавассути намояндаи худ хабардор карда, ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намояд.

7‑уми август рӯйхатҳои довталабони тибқи натиҷаҳои озмун ба муассисаҳои таълимӣ мувофиқи комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардаашон комёбшуда ба муассисаҳои таълимии дахлдор пешниҳод мегарданд.

ТАВАҶҶУҲ! Тибқи тартиби муқарраргардида, дар сурати то 19‑уми август ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии дахлдор ҳозир нашудани довталаб ва ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод накарданаш ӯ аз ҳуқуқи қабул шудан ба муассисаи таълимӣ маҳрум мегардад ва ҷойҳои аз ин ҳисоб холимонда дар озмуни тақсимоти такрорӣ пешниҳод карда мешаванд. Чунин довталаб дар озмуни тақсимоти такрорӣ ҳуқуқи иштирокро надорад.

Тақсимоти довталабон бо назардошти балҳои бадастовардаю интихобҳои онҳо ва нақшаи қабули донишҷӯён ба таври худкор тавассути системаи иттилоотии “Довталаб”, яъне бе дахолати омили инсонӣ гузаронида мешавад. Бо тартиби тақсимоти довталабон ба муассиаҳои таълимӣ тибқи комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардаашон метавон аз сомонаи Марказ (эълони баъдӣ) шинос шуд.

ТАВАҶҶУҲ! Роҳ ёфтан ба озмуни тақсимот ҳанӯз маънои донишҷӯй шудани довталабро надорад ва дар озмуни тақсимот имкон дорад, ки довталаби нисбат ба дигарон бали камдошта, ки комбинатсияи ихтисос(ҳо)-и озмунаш баландро интихоб кардааст, комёб нагардад.

Агар довталаби ба озмуни тақсимот роҳёфта тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосӣ комёб нагардида бошад, имкон дорад, ки аз рӯйи комбинатсияи ихтисосҳои муассисаҳои таълимӣ, ки баъди озмуни мазкур дар онҳо ҷойҳои холӣ боқӣ мондаанд, иштирок намояд. Озмуни тақсимоти такрорӣ низ дар асоси бали аз имтиҳонҳо бадастовардаи довталаб, яъне бе супоридани имтиҳон баргузор мегардад. Барои иштирок дар ин озмун довталабон бояд дар нуқтаҳои бақайдгирӣ аз нав ба қайд гирифта шаванд. Ҳангоми азнавбақайдгирӣ онҳо имкон доранд, ки дар доираи ихтисосҳое, ки тибқи онҳо ҷойҳои холӣ мавҷуданд, то 12 комбинатсияи ихтисосҳоро интихоб намоянд.

Дар бинои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Истаравшан, Бохтар, Кӯлоб, Рашт ва Данғара, ки нишонии онҳо дар зер оварда шудааст, нуқтаҳои иттилоърасонӣ амал мекунанд. Дар зарурат довталабон метавонанд вобаста аз макони зисташон ба яке аз ин нуқтаҳои иттилоърасонӣ муроҷиат карда, дар бораи натиҷаҳои имтиҳонсупории худ маълумот гиранд.

Довталабон имкон доранд, ки дархост ё саволҳои худро ба нишонии почтаи электронии Марказ – Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. низ пешниҳод намоянд.

Ҳуҷҷатҳои зарурие, ки довталабони дар озмуни тақсимот муваффақгардида бояд ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии дахлдор пешниҳод намоянд, инҳоянд:

1) ариза ба номи ректор/директори муассисаи таълимӣ;

2) ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот (диплом ё аттестат);

3) маълумотномаи тиббӣ (шакли 086-у);

4) 6 дона сурат (андозаи 3х4см);

5) маълумотнома аз ҷойи зист;

6) шиноснома (асл) ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият бо сурат, ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст;

7) билети ҳарбӣ (агар дошта бошад) ё шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда (барои мардон);

8) нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (агар собиқаи корӣ дошта бошад).

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон