Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

Эълони расмии натиҷаҳои имтиҳонҳои қисми А ва Б

Нашр шуд: 30 Июли 2014
Диданд: 1569

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи довталабоне, ки дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ иштирок намудаанд, мерасонад, ки натиҷаҳои имтиҳонҳои қисми А ва Б вобаста ба кори анҷомдодаи ҳар як довталаб 1 август дар ҳуҷраҳои инфиродии довталабон гузошта мешавад.

Ҳамзамон ёдовар мешавем, ки ҷиҳати таъмини шаффофият марказ варақаҳои ҷавобҳои довталабони дар имтиҳонҳо иштирокдоштаро низ қаблан дар ҳуҷраҳои инфиродӣ гузошта буд.

Дар баробари натиҷаҳои имтиҳонҳо, инчунин балли шкалабандишуда, холи гузариши фаннии субтести ҳар як қисм (компонент)-и имтиҳон, хол ва балли имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорат (барои довталабоне, ки ихтисосҳои марбут бо соҳаи санъат, варзиш, динӣ ва ба ҳамин монандро интихоб намуда, имтиҳон супоридаанд) ва баллҳои имтиёзӣ (барои довталабони имтиёздор тибқи тартиб) низ дар ҳуҷраҳои инфиродии довталабон гузошта мешавад.

Бо натиҷаҳои имтиҳонҳо инчунин метавон тавассути паёмак (SMS) низ шинос шуд. Барои дарёфти маълумот оид ба натиҷаи худ довталаб бояд ба рақами кӯтоҳи 1617 аз телефони мобилӣ матни “t рақами назоратии худ” (масалан, t100201400374)-ро ирсол намояд. Дар ҷавоб паёмак (SMS) фиристода мешавад, ки дар он натиҷаи имтиҳонҳои супоридаи довталаби дахлдор тибқи тартиби дар боло зикргардида дарҷ гардидааст. Фиристодани паёмак (SMS) пулакӣ буда, арзиши он 1 сомонию 70 дирамро ташкил медиҳад.

Дар сурати норозӣ будан аз холи гузошташуда довталаб ҳуқуқ дорад, ки дар давоми 48 соат (2 рӯз) пас аз эълони натиҷаҳо аризаи асосноккардаи хаттии худро ба комиссияи апеллятсионии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд. Маълумоти иловагиро оид ба тартиб ва роҳҳои пешниҳоди аризаи апеллятсионӣ метавонед аз инҷо дастрас намоед.

Вобаста ба пешниҳоди аризаҳои апеллятсионӣ аз довталабон хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми пур кардани шакли ариза (Шакли АН/Б) маълумоти заруриро ба таври дақиқ ва хоно қайд намуда, фақат он қисматеро пур намоянд, ки ба довталаб дахл дорад, яъне қисмати “Аризадиҳанда/довталаб пур мекунад!”. Хотиррасон менамоем, ки дуруст ва хоно пур кардани шакли аризаи апеллятсионӣ аз тарафи довталаб худ як навъ далели дорои дониш будани довталаб аст.

Комиссияи апеллятсионӣ тибқи тартиб дар дафтари асосии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 192) фаъолият менамояд ва аризаҳои пешниҳоднамудаи довталабонро тибқи Низомнома то 9 рӯз баррасӣ намуда, довталабонро аз натиҷаҳои баррасӣ огоҳ менамояд.

Арзиаи апеллятсионӣ вобаста ба хоҳиши довталаб, ки оид ба он дар ариза низ қайд карда мешавад, (1) дар ҳузури довталаб (ва намояндаи ӯ), (2) дар ҳузури намояндаи довталаб ва (3) бе довталаб (ва намояндаи ӯ) мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Қайд кардан ба маврид аст, ки новобаста аз се ҳолати зикргардидаи баррасӣ аризаҳои апеллятсионӣ тибқи тартиби муқарраргардида баррасӣ шуда, қарорҳои дахлдор аз тарафи комиссияи апеллятсионӣ ба таври одилона ва шаффоф қабул гардида, натиҷаҳои баррасӣ ба аризадиҳандаҳо дастрас карда мешаванд. Вобаста ба ин, ҷиҳати пешниҳод ва баррасии аризаи апеллятсионӣ довталабон метавонанд, ки шакли аризаи апеллятсиониро аз сомонаи расмии марказ дарёфт ва чоп намоянд, пас аз пур кардан бе зарурати омадан ба дафтари асосии марказ тавассути почтаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., шуъбаҳои минтақавии марказ (нишониҳои онҳо дар зер оварда шудаанд) ё бо намояндаи худ ба комиссияи апеллятсионӣ пешниҳод намояд.

Аз теъдоди умумии довталабони иштирокдошта 29 597 нафар холҳои гузариши фанниро аз рӯйи қисм (компонент)‑ҳои А ва Б ба даст оварданд. Тибқи тартиби муқарраргардида ба довталабоне, ки холҳои гузариши фанниро ҳамаи субтестҳои қисм (компонент)‑ҳои А ва Б ба даст овардаанд, барои иштирок дар озмуни тақсимоти довталабон ба ихтисосҳои интихобнамудаашон тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ дода мешавад.

Бояд қайд кард, ки ба ин ё он ихтисос гузаштани довталаб, дар баробари холҳои гузариш, инчунин аз теъдоди умумии довталабони дар ихтисос сабтиномшуда вобастагӣ дошта, дар сурати аз миқдори ҷойҳои нақшавии ихтисос зиёд будани довталабон, тибқи тартиб дар асоси озмун дар навбати аввал довталабони дорои баллҳои калонтарин ба ихтисос тақсим карда мешаванд, яъне ба тартиби аз балли болотарин ба поён. Тақсимоти довталабон аз рӯйи нақша аз 15 август, яъне пас аз давраи апеллятсия пешбинӣ гардида, довталабони холҳои гузариши фанниро бадастоварда дар сурати гузаштан ба ин ё он ихтисос маълумоти заруриро аз ҳуҷраҳои инфиродии худ дарёфт карда метавонанд. Ҳамчунин, рӯйхатҳои довталабони тақсимшуда вобаста ба ихтисосу муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз тарафи марказ омода гардида, баъд аз 15 август ба муассисаҳои дахлдор ирсол карда мешавад.

Дар асоси таҳлилҳои пешакии натиҷаҳои имтиҳонҳо бо мақсади таъмини иҷрои нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимиии таҳсилоти олии касбӣ дар соли таҳсили 2014-2015 аз тарафи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.07.2014, №16/4 қарор “Дар бораи гузаронидани тақсимоти такрории довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ дар асоси натиҷаҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ” қабул гардидааст.

Тибқи қарори мазкур дар ҳолати дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ холӣ мондани ҷойҳои ҷудошудаи нақшавӣ баъди тақсимоти асосӣ дар асоси натиҷаҳои имтиҳони умумии қисми А (забони тоҷикӣ,  математика, таърихи ҳалқи тоҷик ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ) новобаста аз гурӯҳҳои ихтисосҳо (кластерҳо) тақсимоти такрории довталабони хоҳишманде гузаронида мешавад, ки  аз фанҳои таълимии мазкур холи гузаришро ба даст овардаанд. 

Тақсимоти такрорӣ аз 25 август ба нақша гирифта шуда, вобаста ба он марказ маълумоти заруриро дар бораи ҷойҳои холии нақшавӣ ба довталабон мерасонад. Барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ ба довталабони хоҳишманди холҳои гузаришро ноилгардида зарур аст, ки пас аз эълони ҷойҳои холӣ ариза пешниҳод намуда, аз нав сабти ном шаванд. Маълумоти муфассалро дар ин хусус марказ баъдтар дар сомонаи расмии худ ҷойгир намуда, тавассути воситаҳои ахбори омма низ хабари эълони дахлдорро интишор менамояд.

Тақсимоти довталабон бо назардошти баллҳои бадастовардаю интихобҳои онҳо ва нақшаи қабули донишҷӯён ба таври худкор тавассути Системаи иттилоотии “Довталаб”, яъне бе дахолати омили инсонӣ гузаронида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.07.2014, №16/1 “Дар бораи муқаррар намудани холҳои гузариши фаннӣ дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2014-2015” холҳои гузариши фаннӣ барои қисм (компонент)‑ҳои А ва Б дар доираи 5 гурӯҳи ихтисосҳо (кластер) муқаррар гардид.

Тибқи қарори мазкур холҳои гузариши фаннӣ ба тартиби зер аст:

Холҳои гузариши фаннии имтиҳони умумии қисми А барои гурӯҳҳои ихтисосҳо (кластерҳо)-и 1 – табиӣ ва техникӣ, 2 – иқтисодӣ ва география ва 3 – филология, педагогика ва санъат

Субтест

(фанни имтиҳон)

Холи гузариш

Холи имконпазири ҳадди аксар

Забони тоҷикӣ

6

48

Математика

5

38

Таърихи халқи тоҷик ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ

6

48

 

Холҳои гузариши фаннии имтиҳони умумии қисми А барои гурӯҳҳои ихтисосҳо (кластерҳо)-и 4 – ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ ва 5 – тиббӣ, биологӣ ва варзиш

Субтест

(фанни имтиҳон)

Холи гузариш

Холи имконпазири ҳадди аксар

Забони тоҷикӣ

7

48

Математика

6

38

Таърихи халқи тоҷик ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ

7

48

 

Холҳои гузариши фаннии имтиҳони ихтисоси қисми Б

Гурӯҳи хтисосҳо (кластер)

Фанни субтест

Холи гузариш

Холи имконпазири ҳадди аксар

1

Табиӣ ва техникӣ

Математика

5

38

Физика

5

42

Химия

5

37

2

Иқтисодӣ ва география

Математика

5

38

География

5

40

Забони хориҷӣ

4

32

3

Филология, педагогика ва санъат

Забон ва адабиёт

5

35

Таърих

5

40

Забони хориҷӣ

4

32

4

Ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ

Таърих

6

40

Ҳуқуқи инсон

6

40

Забони хориҷӣ

5

32

5

Тиббӣ, биологӣ ва варзиш

Химия

6

37

Биология

6

44

Физика

4

42

Бори дигар ба довталабон ва падару модарон муроҷиат намуда, таъкид менамоем, ки маълумоти дурустро танҳо аз сарчашмаҳои боэътимод, аз ҷумла сомонаи расмии марказ, шабакаҳои телевизиони давлатӣ, дастрас намуда, ба ҳар гуна овозаҳои беасос фирефта нашаванд. Марказ барои таъмини шаффофият ва адолат тамоми чораҳои заруриро андешидааст.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон