Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ЭЪЛОНИ ОЗМУН ДАР БОРАИ ҶОЙИ КОРӢ

Нашр шуд: 06 Декабри 2018
Диданд: 1214

Душанбе, 6-уми декабри соли 2018

 

МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ

НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Эълони озмун дар бораи ҷойи корӣ

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барои ишғоли вазифаи мутахассиси технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ (ТИК) дар бахшҳои минтақавии Марказ дар шаҳрҳои Хоруғ, Кӯлоб, Панҷакент ва ноҳияҳои Данғара ва Рашт озмун эълон менамояд.

 

Талаботи тахассусӣ барои вазифаи мутахассиси технологияи иттилоотию коммуникатсионии бахшҳои минтақавӣ:

 

Мутахассиси технологияи иттилоотию коммуникатсионии бахшҳои минтақавии Марказ дар шаҳрҳои Хоруғ, Кӯлоб, Панҷакент ва ноҳияҳои Данғара ва Рашт барои таъмин кардани кори муттасили воситаҳои ТИК (таҷҳизоти компютерию идоравӣ ва таъминоти барномавӣ)-и дар бахши минтақавӣ ва нуқтаҳои бақайдгирӣ насбгардида вазифадор ва дар роҳандозии марҳалаҳои алоҳидаи низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, омодасозӣ ва паҳн намудани маводи зарурии вобаста ба низом саҳмгузор буда, бояд ба талаботи зерини тахассусӣ ҷавобгӯй бошад:

 

   - таҳсилоти олии касбӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ;

  - омӯзиш дар курсҳои тахассусии ба соҳаи ТИК алоқаманд (дараҷаи байналмилалӣ) бо  соҳиб будан ба сертификатҳои дахлдор бартарӣ дониста мешавад;

   - собиқаи кории на камтар аз 3-сола аз рӯйи ихтисос;

   - доштани малакаю маҳорати хуби истифодабарӣ аз системаҳои оператсионии оилаи Ms Windows, таъминоти барномавии идоравӣ (Ms Office), графикӣ (Adobe PhotoShop, CorelDraw), амнияти иттилоотӣ ва кор дар шабакаи Интернет (браузерҳо, почтаи электронӣ), таҷҳизоти компютерӣ ва идоравӣ;

   - доштани малакаи насб ва танзими таҷҳизоти компютерӣ ва таъминоти барномавӣ (бо дарназардошти шабакаҳои компютерӣ);

  - доштани донишҳои назариявӣ ва амалии ҳадди ақал оид ба пойгоҳи додаҳо ва низомҳои идораи пойгоҳи додаҳо (масалан, SQL);

    - дақиқкорӣ ва масъулиятшиносӣ дар иҷрои корҳои базиммагузошташуда;

   - қобилияти таҳия ва омода кардани шакли электронии маълумоти гуногуни иттилоотӣ ва тафсирию таблиғотӣ;

   - малакаи хуби анҷом додани мукотиботи расмию корӣ, таҳлилу хулосабарорӣ ва омода намудани ҳисоботу гузоришҳо;

  - қобилияти зуд мутобиқгардӣ дар шароити нави корӣ ва кори гурӯҳӣ (ҳамкорӣ бо кормандони Марказ ва бахшҳои минтақавии дигар);

   - донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ бартарӣ дониста мешавад).

 

Барои иштирок дар озмун хоҳишмандон бояд ариза ва маълумотномаи мухтасар (CV)-и худро бо забони тоҷикӣ, нусхаи шиноснома, диплому сертификатҳо ва дафтарчаи меҳнатӣ, инчунин маълумотномаро дар бораи доштан ё надоштани доғи судӣ ба Марказ пешниҳод намоянд.

Муҳлати ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо 20-уми декабри соли 2018, то соати 17:00.

Барои арзёбӣ ва суҳбат номзадоне интихоб мешаванд, ки ба талаботи тахассусӣ ҷавобгӯй ҳастанд.

 

Маълумот барои тамос:

Нишонӣ:                               734003, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 192

Телефон:                               (+992 37) 224 53 67, 224 53 68

Факс:                                      (+992 37) 224 53 66

Почтаи электронӣ:           Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Шахси мутасаддӣ:             Г. Давлатова

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон