Душанбе, 11-уми апрели соли 2022
Маркази миллии тестии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ЭЪЛОНИ
ОЗМУН БАРОИ ИНТИХОБИ РОҲБАР ВА ЁВАРИ РОҲБАРИ МАРКАЗИ ИМТИҲОНӢ
Мансаб: |
Роҳбари маркази имтиҳонӣ (48 ҷой); Ёвари роҳбари маркази имтиҳонӣ (48 ҷой). |
Муддати кор: |
8 (ҳашт) рӯз (аз 30-юми июн то 7-уми июл бо имкони тамдид). |
Макони иҷрои вазифа: |
ш. Душанбе – 30 нафар, н. Рашт – 2 нафар, ш.Хуҷанд – 10 нафар, ш. Истаравшан – 4 нафар, ш. Конибодом – 4 нафар, ш. Панҷакент – 4 нафар, н. Б. Ғафуров – 4 нафар, ш. Бохтар – 10 нафар, ш. Кӯлоб – 8 нафар, н. Восеъ – 4 нафар, н. Данғара – 4 нафар, н. Кӯшониён – 2 нафар, н. Ҷ. Балхӣ – 4 нафар, н. Шаҳритус – 4 нафар, ш. Хоруғ – 2 нафар |
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марказ) бо мақсади ташкил ва баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ марказҳои имтиҳонӣ таъсис медиҳад. Барои идораи раванди имтиҳон дар марказҳои имтиҳонӣ кормандони муваққатӣ ба кор ҷалб ва омӯзонида мешаванд. Бо ин мақсад Марказ барои интихоби роҳбарони марказҳои имтиҳонӣ ва ёварони роҳбарони марказҳои имтиҳонӣ озмун эълон менамояд. Кормандони интихобгардида барои ташкил ва идораи раванди имтиҳон дар марказҳои имтиҳонӣ масъул мегарданд.
Вазифаҳои асосӣ:
- - омода намудани маркази имтиҳонӣ барои баргузории ИМД;
- - иштироки фаъолона дар ташкил ва идораи раванди ИМД;
- - назорати фаъолияти кормандони муваққатӣ тибқи тартиби муқарраргардида;
- - пешниҳоди ҳисоботи ҳаррӯза ва ҷамъбастӣ ба намояндаи Марказ.
Талаботи тахассусӣ:
- маълумоти олӣ;
- собиқаи педагогии на камтар аз 5 сол;
- таҷрибаи кори созмондеҳӣ: ташкили чорабиниҳои васеъ бо иштироки шумораи зиёди иштирокдорон;
- малакаи зарурии кор дар ташкил ва баргузории имтиҳонҳо;
- маҳорати хуби муошират;
- малакаи озодона суҳбат намудан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ.
Интихоби роҳбари маркази имтиҳонӣ ва ёвари роҳбари маркази имтиҳонӣ дар асоси озмун ба роҳ монда мешавад. Пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун дар ҳолати бархат (онлайн) сурат мегирад. Хоҳишмандон бояд бо нишонии http://vacancy.ntc.tj/ ба саҳифаи пешниҳоди ҳуҷҷатҳо гузашта, маълумотварақаро, ки дар он дастрас аст, бо забони тоҷикӣ пур кунанд. Сипас нусхаи рангаи шиноснома (бо нишон додани ҷойи зист), нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда, нусхаи рақами инфиродии суғуртавӣ ва нусхаи маълумотномаро аз Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” оид ба суратҳисоби корти пластикӣ замима карда, дархостро ирсол намоянд. Нусхаи ҳуҷҷатҳои бесифат пешниҳодшуда (агар равшану хоно набошанд) ба эътибор гирифта намешавад.
Муҳлати ниҳоии пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун: 29-уми апрели соли 2022, то соати 16:00.