Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ЭЪЛОНИ ОЗМУН БАРОИ ИНТИХОБИ МАЪМУРИ КАЛОН ВА МАЪМУРИ ИМТИҲОНИ МАРКАЗИ ИМТИҲОНӢ

Нашр шуд: 09 Апрели 2019
Диданд: 1201

Душанбе, 9-уми апрели соли 2019

Маркази миллии тестии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ЭЪЛОНИ

озмун барои интихоби маъмури калон ва маъмури имтиҳони маркази имтиҳонӣ

 

Мансаб: маъмури калони маркази имтиҳонӣ (400 ҷой);

маъмури имтиҳони маркази имтиҳонӣ (1600 ҷой).

Муддати кор: 15 рӯз (аз 29-уми июн то 13-уми июл бо имкони тамдид).

Макони иҷрои вазифа: ш. Душанбе – 640 нафар, н. Рашт – 40 нафар, ш. Хуҷанд – 200 нафар, ш. Истаравшан – 80 нафар, ш. Конибодом – 80 нафар, ш. Панҷакент – 40 нафар, н. Б. Ғафуров – 80 нафар, ш. Бохтар – 240 нафар, ш. Кӯлоб – 200 нафар, н. Восеъ – 80 нафар, н. Данғара – 80 нафар, н. Кӯшониён – 40 нафар, н. Ҷ. Балхӣ – 80 нафар, н. Шаҳритус – 80 нафар, ш. Хоруғ – 40 нафар.

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марказ) бо мақсади ташкил ва баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ марказҳои имтиҳонӣ таъсис медиҳад. Барои идораи раванди имтиҳон дар марказҳои имтиҳонӣ кормандони муваққатӣ ҷалб ва омӯзонида мешаванд. Бо ин мақсад Марказ барои интихоби маъмур ва маъмурони калони марказҳои имтиҳонӣ озмун эълон менамояд. Кормандони интихобгардида барои ташкил ва идораи раванди имтиҳон дар марказҳои имтиҳонӣ масъул мегарданд.

Вазифаҳои асосӣ:

- омода намудани маркази имтиҳонӣ барои баргузории ИМД;

- иштироки фаъолона дар ташкил ва гузаронидани ИМД;

- назорати воридшавии довталабон ба маркази имтиҳонӣ ва ташкилу баргузории имтиҳонҳо дар дохили синфхона тибқи тартиби муқарраргардида;

- пешниҳоди ҳисоботи ҳаррӯза ва ҷамъбастӣ ба роҳбари маркази имтиҳонӣ.

 

Талаботи тахассусӣ:

- маълумоти олӣ, олии нопурра ё миёнаи касбӣ;

- собиқаи педагогии на камтар аз 2 сол (ба ҷавонон бартарӣ дода мешавад);

- малакаи зарурии кор дар ташкил ва баргузории имтиҳонҳо;

- маҳорати хуби муошират;

- малакаи озодона суҳбат намудан бо забони тоҷикӣ ва ё русӣ.

 

Интихоби маъмури калони маркази имтиҳонӣ ва маъмури имтиҳони маркази имтиҳонӣ дар асоси озмун ба роҳ монда мешавад. Пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун дар ҳолати бархат (онлайн) сурат мегирад. Хоҳишмандон бояд бо нишонии http://vacancy.ntc.tj/ ба саҳифаи пешниҳоди ҳуҷҷатҳо гузашта, маълумотварақаро, ки дар он дастрас аст, бо забони тоҷикӣ пур кунанд. Сипас бо замимаи нусхаи рангаи шиноснома (бо нишон додани ҷойи зист), нусхаи варақаҳои рақами мушаххаси андозсупоранда, рақами инфиродии суғуртавӣ ва билети ҳарбӣ (агар дошта бошанд) дархостро фиристонанд. Нусхаи ҳуҷҷатҳои бесифат пешниҳодшуда, ки равшану хоно нестанд, ба эътибор гирифта намешаванд.

Муҳлати охирини пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун: 28-уми апрели соли 2019, то соати 17:00.

 

Нишонӣ:

734003, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 192.

Телефон: (+992 37) 224 53 67, 224 53 68.

Шахси мутасаддӣ: Г. Давлатова.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон