Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ОҒОЗИ МАРҲАЛАИ АСОСИИ АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ ДОВТАЛАБОН

Нашр шуд: 18 Апрели 2022
Диданд: 2012

18-уми апрели соли 2022

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки марҳалаи асосии азнавбақайдгирии довталабон аз 16‑уми апрел оғоз гардид. Азнавбақайдгирӣ ихтиёрӣ буда, бо мақсади тағйирот дар интихобҳои аввал ва (ё) маълумоти шахсии довталаб анҷом дода мешавад. Марҳалаи асосии азнавбақайдгирии довталабон то 30‑юми апрел идома меёбад.

 Довталабоне, ки аз қайд гузаштаанду хоҳиши иваз кардани интихобҳои аввал (аз ҷумла гурӯҳи ихтисосҳо, комбинатсияи ихтисосҳо, бартарии интихоби комбинатсияи ихтисосҳо, забон ё макони имтиҳонсупорӣ), маълумоти шахсии худро доранд, бояд ба нуқтаи бақайдгирие, ки қаблан дар он сабти ном шуда буданд, муроҷиат карда, ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

  • 1) шиносномаи миллӣ ё маълумотнома бо муҳру сурат аз ШВКД – барои шахсоне, ки синнашон ба 16 расидааст (барои шахсони то 16-сола – шаҳодатномаи таваллуд, маълумотнома бо муҳру сурат аз ҷойи зист);
  • 2) варақаи бақайдгирии марҳалаи асосии бақайдгирӣ;
  • 3) рақами расид (квитансия) аз яке аз филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” оид ба пардохти маблағи иловагӣ.

ТАВАҶҶУҲ! Агар довталаб дар яке аз нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ, ки дар шаҳру ноҳияҳои Норак, Дарвоз, Ванҷ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Файзобод, Роғун, Тоҷикобод, Нуробод, Сангвор, Лахш, Ҷаббор Расулов, Шаҳристон, Зафаробод, Дӯстӣ, Ҷайҳун, Хуросон, Носири Хусрав, Муъминобод, Ховалинг, Шамсиддин Шоҳин, Темурмалик, Балҷувон, Роштқалъа, Рӯшон, Ишкошим, Мурғоб фаъолият доштанд, аз қайд гузашта бошад, бояд ба нуқтаи бақайдгирии дахлдор (рӯйхаташон дар зер оварда шудааст) муроҷиат намояд.

Таъкид бояд кард, ки тибқи маълумоти омории рафти бақайдгирии довталабон дар ИМД-2022 аз 1-уми март то 11‑уми апрел шумораи довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11‑ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбии номнависшуда дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 5‑ум (тиб, биология ва варзиш) 101,54 %, дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 3‑юм (филология, педагогика ва санъат) 80,72 % ва дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 4‑ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) 79,95 %-ро аз нақшаи қабули ҳар яке аз ин гурӯҳҳо ташкил медиҳад. Шумораи довталабони бақайдгирифтаи дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11‑ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) ҳамагӣ 38,64 % ва дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география) 49,04 %-ро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба ҳамин нишондиҳандаи гурӯҳҳои ихтисосҳои 5-ум, 4‑ум ва 3‑юм хеле кам аст.

Лозим ба зикр аст, ки тибқи маълумоти оморӣ аз ИМД-2021 (бо дарназардошти ду марҳалаи бақайдгирӣ – асосӣ ва иловагӣ) аз рӯйи таносуби калонтарини шумораи довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11‑ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва ҷойҳои тибқи нақшаи қабул ҷудогардида гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум дар ҷойи 1‑ум (нисбат ба нақшаи қабул 150,01 %), гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум дар ҷойи 2‑юм (нисбат ба нақшаи қабул 129,30 %) ва гурӯҳи ихтисосҳои 3‑юм дар ҷойи 3‑юм (нисбат ба нақшаи қабул 118,50 %) буд. Баръакс, таносуби хурдтарини шумораи довталабон ва ҷойҳои тибқи нақшаи қабул ҷудогардида дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (нисбат ба нақшаи қабул 65,69 %) ва гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм (нисбат ба нақшаи қабул 80,16 %) буд. Вобаста ба ин, соли 2021‑ум аз шумораи довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11‑ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбии дар имтиҳонҳо иштироккарда дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум 10142 нафар (37,30 %)‑ашон бинобар роҳ наёфтан ба озмуни тақсимот ё гирифтани балҳои паст сазовори номи донишҷӯй шуда натавонистанд, ки ин шумораи хеле зиёд аст. Дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум танҳо 1655 нафар (13,58 %) ва дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм 1513 нафар (10,75 %)‑ашон аз шумораи умумии довталабони довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11‑ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбии дар имтиҳонҳо иштироккарда донишҷӯй шуда натавонистаанд, ки ин нисбат ба ҳиссаи довталабони комёбнашудаи гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум хеле кам аст. Бинобар ин, дар ИМД-2021 қариб ҳамаи довталабони гурӯҳҳои ихтисосҳои 1-ум ва 2-юмро интихобкарда, ки холҳои гузариши фанниро ба даст оварда буданд, дар озмуни тақсимот комёб шуда, донишҷӯй гардиданд. Баръакс, аксари довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 5-умро интихобкарда, ки холҳои гузариши фанниро ба даст оварда буданд, ҳатто бо холҳои баланд балҳои гузаришро соҳиб нашуда, донишҷӯй нагардиданд.

Аз ин лиҳоз, ба ҳамаи довталабон тавсия медиҳем, ки бо маълумоти омории рафти бақайдгирӣ, ки дар сомонаи Марказ (https://ntc.tj/tj/eloni-ozmun-baroi-intikhobi-baqajdgirandai-nuqtai-baqajdgiri.html) ҷойгир карда шудааст, шинос шуда, дар сурати зарурат ва хоҳиш доштан, интихобҳои аввалии худро дар давраи азнавбақайдгирӣ, ки аз 16-ум то 30-юми апрел баргузор мегардад, иваз намоянд. Ба шахсони барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ худро бори аввал номнавискунанда низ тавсия медиҳем, ки аввал бо маълумоти омории зикршуда шинос шуда, ҳангоми интихоби гурӯҳ ва комбинатсияи ихтисосҳо донишу маҳорати худ, ҷойҳои ҷудошуда дар муассисаҳои таълимӣ мувофиқи нақшаи қабул ва талаботи бозори меҳнатро ба эътибор гиранд.

Тибқи маълумоти омории аз 1-уми март то 16-уми апрели соли 2022 ҷамъоваришуда интихоби комбинатсияҳои ихтисосҳо аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино чунин аст:

Р.т.

Рамз ва номи ихтисос

Шакли таҳсил

Намуди таҳсил

Нақшаи қабул

Шумораи интихобҳо

1

1790101 – “Кори табобатӣ”

рӯзона

ройгон

320

15139

2

1790101 – “Кори табобатӣ

рӯзона

пулакӣ

651

7801

3

1790102 – “Педиатрия

рӯзона

ройгон

50

11530

4

1790102 – “Педиатрия

рӯзона

пулакӣ

47

6933

5

1790107 – “Стоматология

рӯзона

пулакӣ

100

5784

6

1790108 – “Фарматсия

рӯзона

пулакӣ

80

4224

7

1790103 – “Эпидемиология, гигиена ва нигоҳдории тандурустии ҷамъиятӣ

рӯзона

ройгон

7

3616

8

1790103 – “Эпидемиология, гигиена ва нигоҳдории тандурустии ҷамъиятӣ

рӯзона

пулакӣ

7

2282

Хотиррасон менамоем, ки дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасонӣ барои даври 1‑уми азнавбақайдгирӣ 25 сомонӣ муқаррар карда шудааст. Ятимони кул ва бепарасторони то 21-сола, инчунин маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва “кӯдакони маъюб”-е, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд, аз пардохти ин маблағ озоданд.

Рақамҳои телефонҳо барои тамос: 224 53 67, 224 53 73, 224 53 66.

 

МАКОНИ АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ ДОВТАЛАБОНЕ, КИ ДАР НУҚТАҲОИ САЙЁРИ БАҚАЙДГИРӢ (НСБ) АЗ ҚАЙД ГУЗАШТААНД

Р/т

Рақами НСБ

Шаҳр/ноҳияе, ки НСБ дар он фаъолият кардааст

Нуқтаи бақайдгирӣ (НБ) барои азнавбақайдгирӣ (муассисаи таълимӣ)

Нишонӣ

Нуқтаи роҳнамо (ориентир)

1         

05/01

ш. Норак

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

шаҳри Душанбе, н. Исмоили Сомонӣ, хиёбони Рӯдакӣ, 192

истгоҳи охири троллейбусҳои № 1 (боғи фарҳангию фароғатии Айнӣ)

2         

н. Дарвоз

3         

н. Ванҷ

4         

05/02

н. Кӯҳистони Мастчоҳ

5         

05/03

н. Файзобод

6         

ш. Роғун

7         

05/04

н. Тоҷикобод

НБ № 01/10 (муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ба номи Хоҷа Абдулхайров)

ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 27

дар маркази ноҳия

8         

н. Нуробод

9         

н. Сангвор

10    

н. Лахш

11    

05/05

н. Ҷаббор Расулов

НБ № 02/02 (муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 2-и ба номи Зайниддин Осимов)

шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Мадади Сино, 5

маҳаллаи Бофанда (Шелкокомбинат)

12    

05/06

н. Шаҳристон

НБ № 02/03 (Гимназияи № 5-и ба номи Раҷаб Амонов)

шаҳри Истаравшан, кӯчаи Аслонхӯҷа Юнусов, 93

бинои бонки “Эсхата”

13    

н. Зафаробод

14    

05/07

н. Дӯстӣ

НБ № 03/15 (муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2)

ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ҷамоати деҳоти Ҳалевард, деҳаи Сари роҳ, 4

дар шафати бинои ҷамоати деҳоти Ҳалевард

15    

н. Ҷайҳун

16    

05/08

н. Хуросон

НБ № 03/02 (муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 9-и ба номи А.У. Муминов)

шаҳри Бохтар, маҳаллаи Кайҳоннавардон, 22

бинои иттифоқи касабаи кормандони вилояти Хатлон (дар шафати кохи “Лоҳутӣ)

17    

05/09

н. Носири Хусрав

НБ № 03/16 (муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1)

ноҳияи Шаҳритус, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 54

беморхонаи марказӣ

18    

05/10

н. Ховалинг

НБ № 03/04 (муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1) – барои довталабоне, ки аз 15-ум то 20-уми март аз қайд гузаштаанд

шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 40

Оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (рӯбарӯи боғи фарҳангӣ)

НБ № 03/05 (муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6-и ба номи Давлаталӣ Назаров) – барои довталабоне, ки аз 28-уми март то 2-юми апрел аз қайд гузаштаанд

шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Даминзода, 385

роҳи марказӣ (дар муқобили роҳи корхонаи “Сомон таҷҳизот”  (собиқ КОЗТО))

19    

05/10

н. Муъминобод

НБ № 03/05 (муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6-и ба номи Давлаталӣ Назаров)

шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Даминзода, 385

роҳи марказӣ (дар муқобили роҳи корхонаи “Сомон таҷҳизот”  (собиқ КОЗТО))

20    

н. Шамсиддин Шоҳин

21    

05/11

н. Темурмалик

НБ № 03/09 (Литсейи тамоюли техникии ба номи Афлотун)

ноҳияи Данғара, кӯчаи Марказӣ, 30

шуъбаи маориф

22    

н. Балҷувон

23    

05/12

н. Роштқалъа

НБ № 04/01 (Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев)

шаҳри Хоруғ, кӯчаи Шириншоҳ Шоҳтемур, 28

бинои ҳукумати вилоят

24    

н. Рӯшон

25    

н. Ишкошим

26    

н. Мурғоб

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон