Душанбе, 29-уми августи соли 2023
29-уми август натиҷаҳои озмуни сеюм – тақсимоти такрории иловагии довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 эълон карда шуд.
Маълумоти муфассал дар бораи натиҷаи тақсимоти такрории иловагӣ, аз ҷумла бали умумии аз қисми дахлдор бадастовардаи довталаб дар доираи ҳар як комбинатсияи ихтисоси интихобкардааш ва бали гузариш дар доираи ҳар як комбинатсия (агар довталаб дар озмун аз рӯйи он(ҳо) комёб нагардида бошад) дар кабинети инфиродии ҳар як довталаб ҷойгир карда шуд. Инчунин, дар ин бора ба телефони мобилии ӯ паёмак (SMS)-и ройгон бо маълумоти мухтасар фиристода шуд.
Ёдрас менамоем, ки барои ҳар як довталабе, ки дар озмуни сеюм – тақсимоти такрории иловагӣ иштирок кардааст, дар заминаи сомонаи Марказ кабинети инфиродии нав кушода шудааст. Барои воридшавӣ ба кабинети инфиродӣ довталаб бояд аз рақами назоратии нав ва рамзи муваққатии кабинет, ки дар варақаи бақайдгирии охиринаш нишон дода шудааст, истифода намояд. Кабинетҳои инфиродии довталабон рӯзи 29-уми август фаъол шуд.
Агар довталаб дар озмун аз рӯйи ихтисоси дар рӯйхат 1-уми интихобкардааш комёб гардида бошад, дар сутуни “Бали гузариш”-и бахши “Натиҷаи тақсимот”-и кабинети инфиродӣ танҳо барои ҳамин ихтисос бали гузариш нишон дода мешавад ва маълумот дар бораи ихтисосҳои дар рӯйхат минбаъда, аз ҷумла ихтисосҳо ва балҳои гузариши онҳо, нишон дода намешавад.
Агар довталаб дар тақсимот тибқи комбинатсияи ихтисоси ғайр аз 1-уми интихобкардааш комёб гардида бошад, дар сутуни “Бали гузариш” барои комбинатсияи ихтисоси мувофиқи он комёбгардида ва ихтисосҳои дигари тибқи онҳо комёбнагардида бали гузариш нишон дода мешавад. Масалан, агар довталаб аз рӯйи комбинатсияи ихтисоси 4-уми интихобкардааш комёб шуда бошад, дар сутуни “Бали гузариш” барои ихтисосҳои дар рӯйхат аз 1-ум то 4-уми интихобкардааш бали гузариш нишон дода мешавад. Дар сурати комёб гардидани довталаб мувофиқи яке аз комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардааш маълумот дар бораи комбинатсияи ихтисосҳои бартариашон пасттари довталаб, аз ҷумла ихтисосҳо ва балҳои гузариши онҳо, нишон дода намешавад.
Агар довталаб дар тақсимоти такрории иловагӣ аз рӯйи ягон комбинатсияи ихтисоси интихобкардааш комёб нашуда бошад, дар сутуни “Бали гузариш” бали гузариш аз рӯйи ҳамаи интихобҳояш нишон дода мешавад.
Вобаста ба комёб шудан ё нашудани довталаб дар тақсимоти такрории иловагӣ ба ӯ тавассути паёмак (SMS) маълумоти мухтасар дар шакли яке аз ҷумлаҳои зерин фиристода шуд:
1. “№ назоратӣ: ХХХХХХХХХХХХХ. Даъватнома: ХХХХХХ. Натиҷаи озмуни тақсимот: Шумо аз рӯи интихоби n (ихтисоси ХХХХХХХ, шакли таҳсил, намуди таҳсил, номи муассисаи таълимӣ) ГУЗАШТЕД. Фавран то 01.09.2023 ба муассисаи таълимӣ барои ҳуҷҷатсупорӣ ҳозир шавед! Маълумоти бештар дар кабинети инфиродӣ.”
2. “№ назоратӣ: ХХХХХХХХХХХХХ. Даъватнома: ХХХХХХ. Натиҷаи озмуни тақсимот: Шумо аз рӯи ягон интихобатон НАГУЗАШТЕД.”
Агар дар бахши “Натиҷаи тақсимот”-и кабинети инфиродии довталаб матни “Шумо аз рӯи интихоби № n гузаштед!” дарҷ гардида бошад (ранги пасманзар (фон)-и он сабз аст), пас, довталаб дар озмуни сеюм – тақсимоти такрории иловагӣ ба муассисаҳои таълимӣ мувофиқи яке аз ихтисосҳои интихобкардааш комёб гардидааст. Дар ҷадвал ихтисоси дахлдор, бали гузариш аз рӯйи он ва бали бадастовардаи довталаб нишон дода мешавад.
Агар дар бахши “Натиҷаи тақсимот”-и кабинети инфиродии довталаб матни “Шумо аз рӯйи ягон комбинатсияи ихтисоси интихобкардаатон нагузаштед!” дарҷ гардида бошад (ранги пасманзар (фон)-и он сурх аст), ин чунин маъно дорад, ки довталаб дар озмуни сеюм – тақсимоти такрории иловагӣ ба муассисаи таълимӣ аз рӯйи ҳеҷ яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш комёб нагардидааст.
Довталабоне, ки тибқи натиҷаҳои озмуни сеюм – тақсимоти такрории иловагӣ ба муассисаҳои таълимӣ мувофиқи яке аз ихтисосҳои интихобкардаашон комёб гардидаанд, бояд на дертар аз 1‑уми сентябр дар муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии дахлдор ҳозир шуда, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ки рӯйхати онҳо дар зер оварда мешавад, ба комиссияи қабули он муроҷиат намоянд. Дар сурати бо сабаби узрнок дар муҳлати муқарраргардида имконнопазир будани ҳозиршавии довталаб дар муассисаи таълимӣ, довталабро зарур аст, ки дар ин хусус қаблан, то 1‑уми сентябр, муассисаи таълимиро тавассути намояндаи худ хабардор карда, ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намояд.
29‑уми август рӯйхатҳои довталабони тибқи натиҷаҳои озмуни сеюм комёбшуда ба муассисаҳои таълимии дахлдор пешниҳод мегарданд.
ТАВАҶҶУҲ! Тибқи тартиби муқарраргардида, дар сурати то 1‑уми сентябр дар муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии дахлдор ҳозир нашудани довталаб ва ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод накарданаш, имкон дорад, ки ҷойи ӯ, ҳамчун ҷойи холӣ, дар давраи сеюми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2023 пешниҳод карда шавад.
Довталабон бо дарназардошти балҳои бадастовардаю интихобҳои онҳо ва нақшаи қабули донишҷӯён ба таври худкор тавассути системаи иттилоотии “Довталаб”, яъне бе дахолати омили инсонӣ ба муассисаҳои таълимӣ тақсимот мешаванд. Бо “Тартиби тақсимоти такрории довталабон ба ҷойҳои холимонда тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз тақсимоти асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2023” метавон аз сомонаи Марказ (https://ntc.tj/tj/hamai-khabarho/aznavbaqajdgirii-dovtalabon-baroi-ishtirok-dar-taqsimoti-takrorii-ilovagi-2023.html) шинос шуд.
Хотиррасон мекунем, ки аз нав номнавис шудан барои иштирок дар тақсимоти такрории иловагӣ ҳанӯз маънои донишҷӯй шудани довталабро надорад ва дар тақсимоти такрории иловагӣ имкон дорад, ки довталаби нисбат ба дигарон бали камдошта, ки ихтисос(ҳо)-и озмунаш баландро интихоб кардааст, комёб нагардад.
ТАВАҶҶУҲ! Довталабони ба озмуни тақсимот роҳёфтае, ки тибқи натиҷаҳои ҳеҷ яке аз озмунҳо – тақсимоти асосӣ, такрорӣ ва иловагӣ аз рӯйи ягон ихтисоси интихобкардаашон комёб нагардидаанд, ҳуқуқи аз қайд гузаштанро дар давраи сеюми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар даври сеюми имтиҳонҳо низ доранд. Рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои дорои ҷойҳои холӣ, ки дар давраи сеюми бақайдгирии довталабон пешниҳод мегардад, рӯзҳои наздик омода ва дар сомонаи Марказ гузошта мешавад. Вобаста ба ин, ба довталабони дар озмуни якум, дуюм ва сеюм – тақсимоти асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагӣ комёбнагардида тавсия дода мешавад, ки барои шинос шудан бо рӯйхати мазкур, инчунин макони ҷойгиршавии нуқтаҳои бақайдгирӣ дар шаҳру ноҳияҳои интихобшудаи ҷумҳурӣ ва муҳлати давраи сеюми бақайдгирӣ барои бехабар намондан мунтазам эълону хабарҳоро дар сомонаи Марказ хонанд.
Нуқтаҳои иттилоърасонӣ дар бинои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшҳои минтақавии он (шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои Данғара ва Рашт), ки нишонии онҳо дар зер оварда шудааст, амал мекунанд. Довталабон метавонанд ба яке аз ин нуқтаҳои иттилоърасонӣ муроҷиат карда, дар бораи натиҷаҳои тақсимоти такрории иловагӣ маълумот гиранд.
Довталабон дархост ё саволҳои худро ба нишонии почтаи электронии Марказ: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. низ пешниҳод карда метавонанд.
Ҳуҷҷатҳои зарурие, ки довталабони дар озмуни сеюм – тақсимоти такрории иловагӣ муваффақгардида бояд ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии дахлдор пешниҳод намоянд, инҳоянд*:
1) ариза ба номи ректор/директори муассисаи таълимӣ;
2) ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот (диплом ё аттестат);
3) маълумотномаи тиббӣ (шакли 038-у);
4) 6 дона акси андозаи 3х4см;
5) маълумотнома аз ҷойи зист;
6) шиноснома (асл ва нусха) ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият бо сурат, ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст (шаҳодатнома дар бораи таваллуд барои довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ – синфи 9-ум);
7) билети ҳарбӣ (агар дошта бошад) ё шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда (барои мардон);
8) нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (агар собиқаи корӣ дошта бошад).
*Муассисаҳои таълимӣ, ба ғайр аз ин ҳуҷҷатҳо, иловатан ҳуҷҷатҳои дигарро низ метавонанд талаб кунанд.
Нишонии нуқтаҳои иттилоърасонӣ
1. Душанбе – Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 192;
- телефонҳо: 224-53-68, 224-53-73, 224-53-67.
2. Хоруғ –бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ, кӯчаи Шоҳқирғизов, 11 (Муассисаи таълимии давлатии “Мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон”);
- телефон: 915-20-72-29, 93-106-68-41.
3. Хуҷанд – бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Мадади Сино, 5 (маҳаллаи Бофанда (Шелкокомбинат));
- телефон: 92-644-11-48, 8-34-224-11-48.
4. Панҷакент – бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- вилояти Суғд, шаҳри Панҷакент, кӯчаи Лоиқ Шералӣ, 105;
- телефон: 92-874-81-88.
5. Бохтар – бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар, кӯчаи Аминҷон Расулов, 35;
- телефон: 888-88-03-08.
6. Кӯлоб – бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- вилояти Хатлон, шаҳри Кӯлоб, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 26;
- телефон: 915-57-90-77.
7. Данғара – бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- вилояти Хатлон, ноҳияи Данғара, кӯчаи Марказӣ, 32;
- телефон: 939-32-55-65.
8. Рашт – бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 79;
- телефон: 919-18-86-78, 919-18-86-78.