Душанбе, 19-уми августи соли 2023
19-уми август натиҷаҳои озмуни дуюм – тақсимоти такрории довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 эълон карда шуд.
Маълумоти муфассал дар бораи натиҷаи тақсимоти такрорӣ, аз ҷумла бали умумии аз қисми дахлдор бадастовардаи довталаб дар доираи ҳар як комбинатсияи ихтисоси интихобкардааш ва бали гузариш дар доираи ҳар як комбинатсия (агар довталаб дар озмун аз рӯйи он(ҳо) комёб нагардида бошад) дар кабинети инфиродии ҳар як довталаб ҷойгир карда шуд. Инчунин дар ин бора ба телефони мобилии ӯ паёмак (SMS)-и ройгон бо маълумоти мухтасар фиристода шуд.
Ёдрас менамоем, ки барои ҳар як довталабе, ки дар озмуни дуюм – тақсимоти такрорӣ иштирок кардааст, дар заминаи сомонаи Марказ кабинети инфиродии нав кушода шудааст. Барои воридшавӣ ба кабинети инфиродӣ довталаб бояд аз рақами назоратии нав ва рамзи муваққатии кабинет, ки дар варақаи бақайдгирии охиринаш қайд шудааст, истифода намояд. Кабинетҳои инфиродии довталабон рӯзи 19-уми август фаъол карда шудааст.
Агар довталаб дар озмун аз рӯйи ихтисоси дар рӯйхат 1-уми интихобкардааш комёб гардида бошад, дар сутуни “Бали гузариш”-и бахши “Натиҷаи тақсимот”-и кабинети инфиродиаш танҳо барои ҳамин ихтисос бали гузариш нишон дода мешавад ва маълумот дар бораи комбинатсияи ихтисосҳои бартариашон пасттари интихобкардааш, аз ҷумла ихтисосҳо ва балҳои гузариши онҳо, нишон дода намешавад.
Агар довталаб дар тақсимоти такрорӣ тибқи комбинатсияи ихтисоси ғайр аз 1-уми интихобкардааш комёб гардида бошад, дар сутуни “Бали гузариш” барои комбинатсияи ихтисоси мувофиқи он комёбгардида ва комбинатсия(ҳо)-и ихтисос(ҳо)-е, ки аз рӯйи он(ҳо) комёб нагардидааст, бали гузариш нишон дода мешавад. Масалан, агар довталаб аз рӯйи комбинатсияи ихтисоси 4-уми интихобкардааш комёб гардида бошад, дар сутуни “Бали гузариш” барои комбинатсияҳои ихтисосҳои аз 1-ум то 4-уми интихобкардааш бали гузариш нишон дода мешавад. Дар сурати комёб гардидани довталаб мувофиқи яке аз комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардааш маълумот дар бораи комбинатсияи ихтисосҳои бартариашон пасттари довталаб, аз ҷумла ихтисосҳо ва балҳои гузариши онҳо, нишон дода намешавад.
Агар довталаб дар тақсимоти такрорӣ аз рӯйи ягон комбинатсияи ихтисоси интихобкардааш комёб нашуда бошад, дар сутуни “Бали гузариш” бали гузариши ҳамаи комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш нишон дода мешавад.
Вобаста ба комёб шудан ё нашудани довталаб дар тақсимоти такрорӣ ба ӯ тавассути паёмак (SMS) маълумоти мухтасар дар шакли яке аз ҷумлаҳои зерин фиристода шуд:
1. “№ назоратӣ: ХХХХХХХХХХХХХ. Даъватнома: ХХХХХХ. Натиҷаи озмуни тақсимот: Шумо аз рӯи интихоби n (ихтисоси ХХХХХХХ, шакли таҳсил, намуди таҳсил, номи муассисаи таълимӣ) ГУЗАШТЕД. Фавран то 23.08.2023 ба муассисаи таълимӣ барои ҳуҷҷатсупорӣ ҳозир шавед! Маълумоти бештар дар кабинети инфиродӣ.”
2. “№ назоратӣ: ХХХХХХХХХХХХХ. Даъватнома: ХХХХХХ. Натиҷаи озмуни тақсимот: Шумо аз рӯи ягон интихобатон НАГУЗАШТЕД ва метавонед дар озмуни тақсимоти такрории иловагӣ иштирок намоед. Барои ин бояд аз 24 то 26 августи соли 2023 аз нав аз қайд гузаред. Маълумоти бештарро метавонед аз сомонаи расмии ММТ (www.ntc.tj) дастрас кунед.”
Агар дар бахши “Натиҷаи тақсимот”-и кабинети инфиродии довталаб матни “Шумо аз рӯи интихоби № n гузаштед!” дарҷ гардида бошад (ранги пасманзар (фон)-и он сабз аст), пас, довталаб дар озмуни дуюм – тақсимоти такрорӣ ба муассисаҳои таълимӣ мувофиқи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш комёб гардидааст. Дар ҷадвал комбинатсияи ихтисоси дахлдор, бали гузариши он ва бали бадастовардаи довталаб нишон дода мешавад.
Агар дар бахши “Натиҷаи тақсимот”-и кабинети инфиродии довталаб матни “Шумо аз рӯйи ягон комбинатсияи ихтисоси интихобкардаатон нагузаштед! Имкони дар тақсимоти такрорӣ иштирок карданро доред. Барои ин бояд аз 24-ум то 26-уми августи соли 2023 дар яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ аз нав аз қайд гузаред!” дарҷ гардида бошад (ранги пасманзар (фон)-и он сурх аст), ин чунин маъно дорад, ки довталаб дар озмуни дуюм – тақсимоти такрорӣ ба муассисаи таълимӣ аз рӯйи ҳеҷ яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш комёб нагардидааст.
Довталабоне, ки тибқи натиҷаҳои озмуни дуюм – тақсимоти такрорӣ ба муассисаҳои таълимӣ мувофиқи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон комёб гардидаанд, бояд на дертар аз 23‑юми август ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии дахлдор ҳозир шуда, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ки рӯйхати онҳо дар зер оварда мешавад, ба комиссияи қабули он муроҷиат намоянд. Дар сурати бо сабаби узрнок дар муҳлати муқарраргардида имконнопазир будани ҳозиршавии довталаб ба муассисаи таълимӣ, довталабро зарур аст, ки қаблан, то 23‑юми август, муассисаи таълимиро дар ин хусус тавассути намояндаи худ хабардор карда, ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намояд.
19‑уми август рӯйхатҳои довталабони тибқи натиҷаҳои озмуни дуюм – тақсимоти такрорӣ ба муассисаҳои таълимӣ мувофиқи комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардаашон комёбшуда ба муассисаҳои таълимии дахлдор пешниҳод мегарданд.
ТАВАҶҶУҲ! Тибқи тартиби муқарраргардида, дар сурати то 23‑юми август ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии дахлдор ҳозир нашудани довталаб ва ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод накарданаш ӯ аз ҳуқуқи қабул шудан ба муассисаи таълимӣ маҳрум мегардад.
Тақсимоти довталабон бо дарназардошти балҳои бадастовардаю интихобҳои онҳо ва нақшаи қабули донишҷӯён ба таври худкор тавассути системаи иттилоотии “Довталаб”, яъне бе дахолати омили инсонӣ гузаронида мешавад. Бо “Тартиби тақсимоти такрории довталабон ба ҷойҳои холимонда тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз тақсимоти асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2023” метавон аз сомонаи Марказ (https://ntc.tj/tj/hamai-khabarho/aznavba-ajdgirii-dovtalabon-baroi-ishtirok-dar-ta-simoti-takror-2.html) шинос шуд.
ТАВАҶҶУҲ! Аз нав номнавис шудан барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ ҳанӯз маънои донишҷӯй шудани довталабро надорад ва дар тақсимоти такрорӣ имкон дорад, ки довталаби нисбат ба дигарон бали камдошта, ки комбинатсияи ихтисос(ҳо)-и озмунаш баландро интихоб кардааст, комёб нагардад.
Довталабони ба озмуни тақсимот роҳёфтае, ки тибқи натиҷаҳои ҳеҷ яке аз озмунҳо – тақсимоти асосӣ ва такрорӣ аз рӯйи ягон ихтисоси интихобкардаашон комёб нагардидаанд, ҳуқуқи иштирокро дар озмуни сеюм – тақсимоти такрории иловагӣ доранд. Рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои дорои ҷойҳои холӣ, ки барои озмуни сеюм – тақсимоти такрории иловагӣ пешниҳод мегардад, рӯзҳои наздик омода ва дар сомонаи Марказ гузошта мешавад. Вобаста ба ин, ба довталабони дар озмуни якум ва дуюм – тақсимоти асосӣ ва такрорӣ комёбнагардида тавсия дода мешавад, ки барои шинос шудан бо рӯйхати мазкур, инчунин тартиби озмуни сеюм – тақсимоти такрории иловагӣ мунтазам эълону хабарҳои сомонаи Марказро хонанд. Инчунин, ба довталабони мазкур барои азнавбақайдгирӣ ҷиҳати иштирок дар тақсимоти такрории иловагӣ рӯзҳои наздик дар бораи кадом рӯз дар кадом нуқтаи бақайдгирӣ ҳозир шуданашон паёмак (SMS) фиристода мешавад.
Дар бинои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшҳои минтақавии он дар шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои Данғара ва Рашт, ки нишонии онҳо дар зер оварда шудааст, нуқтаҳои иттилоърасонӣ амал мекунанд. Довталабон метавонанд вобаста аз макони зисташон ба яке аз ин нуқтаҳои иттилоърасонӣ муроҷиат карда, дар бораи натиҷаҳои имтиҳонсупории худ маълумот гиранд.
Довталабон дархост ё саволҳои худро ба нишонии почтаи электронии Марказ: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. низ пешниҳод карда метавонанд.
Ҳуҷҷатҳои зарурие, ки довталабони дар озмуни дуюм – тақсимоти такрорӣ муваффақгардида бояд ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии дахлдор пешниҳод намоянд, инҳоянд:
1) ариза ба номи ректор/директори муассисаи таълимӣ;
2) ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот (диплом ё аттестат);
3) маълумотномаи тиббӣ (шакли 038-у);
4) 6 дона акси андозаи 3х4см;
5) маълумотнома аз ҷойи зист;
6) шиноснома (асл ва нусха) ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият бо сурат, ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст (шаҳодатнома дар бораи таваллуд барои довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ – синфи 9-ум);
7) билети ҳарбӣ (агар дошта бошад) ё шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда (барои мардон);
8) нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (агар собиқаи корӣ дошта бошад).
Нишонии нуқтаҳои иттилоърасонӣ
1. Душанбе – Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 192;
- телефонҳо: 224-53-68, 224-53-73, 224-53-67.
2. Хоруғ –бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ, кӯчаи Шоҳқирғизов, 11 (Муассисаи таълимии давлатии “Мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон”);
- телефон: 915-20-72-29, 93-106-68-41.
3. Хуҷанд – бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Мадади Сино, 5 (маҳаллаи Бофанда (Шелкокомбинат));
- телефон: 92-644-11-48, 8-34-224-11-48.
4. Панҷакент – бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- вилояти Суғд, шаҳри Панҷакент, кӯчаи Лоиқ Шералӣ, 105;
- телефон: 92-874-81-88.
5. Бохтар – бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар, кӯчаи Аминҷон Расулов, 35;
- телефон: 888-88-03-08.
6. Кӯлоб – бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- вилояти Хатлон, шаҳри Кӯлоб, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 26;
- телефон: 915-57-90-77.
7. Данғара – бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- вилояти Хатлон, ноҳияи Данғара, кӯчаи Марказӣ, 32;
- телефон: 939-32-55-65.
8. Рашт – бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 79;
- телефон: 919-18-86-78, 919-18-86-78.