Душанбе, 20-уми июли соли 2024
20-уми июли соли 2024 натиҷаҳои даврҳои якум (асосӣ) ва дуюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 эълон карда шуд.
Маълумоти муфассал дар бораи натиҷаи имтиҳонсупории ҳар як довталаб дар кабинети инфиродиаш ҷойгир карда шуда, инчунин ба телефони мобилии ҳар довталаб (рақами он дар майдони “Телефони мобилӣ”-и варақаи бақайдгириаш қайд гардидааст) паёмак (SMS) бо маълумоти мухтасар фиристода шуд.
Паёмаки ба ҳар довталаб фиристодашуда чунин маълумотро дар бар мегирад:
1) рақами назоратии довталаб;
2) рақами даъватнома;
3) холҳои бадастовардаи довталаб аз ҳамаи субтестҳои дахлдори қисми А – имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ (синфи 11-ум) ё қисми Б – имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум), инчунин қисм(ҳо)-и В – имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус ва (ё) Г.1 ва (ё) Г.2 – имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ (дар ҳолати супоридани чунин имтиҳонҳо);
4) ба озмуни тақсимот роҳ ёфтан ё наёфтани довталаб. Матни ин қисм, вобаста аз навъи ихтисосҳои интихобкарда ва роҳ ёфтан ё наёфтани довталаб ба озмуни тақсимот, дар яке аз шаклҳои зерин буда метавонад:
- “Ба озмуни тақсимот РОҲ ЁФТЕД! Маълумоти бештар дар кабинети инфиродӣ.” – барои довталабоне, ки аз рӯйи ҳамаи ихтисосҳои интихобкардаашон ба озмуни тақсимот роҳ ёфтаанд;
- “Ба озмуни тақсимот РОҲ ЁФТЕД (танҳо аз рӯйи ихтисосҳои эҷодӣ ва маҳорат)! Маълумоти бештар дар кабинети инфиродӣ.” – барои довталабоне, ки танҳо аз рӯйи ихтисосҳои супоридани қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус)-ро талабкунанда ба озмуни тақсимот роҳ ёфтаанд;
- “Ба озмуни тақсимот РОҲ ЁФТЕД (ғайр аз ихтисосҳои эҷодӣ ва маҳорат)! Маълумоти бештар дар кабинети инфиродӣ.” – барои довталабоне, ки аз рӯйи ихтисосҳои супоридани қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус)-ро талабкунанда ба озмуни тақсимот роҳ наёфта, вале аз рӯйи ихтисосҳои дигари интихобкардаашон ба озмуни тақсимот роҳ ёфтаанд. Дар ин гурӯҳ метавонанд довталабоне низ бошанд, ки ба ҷуз аз ихтисосҳои супоридани қисми В-ро талабкунанда ихтисосҳои дигареро интихоб накардаанд. Азбаски довталабони мазкур ихтисосҳоеро, ки супоридани танҳо қисми А ё Б-ро талаб мекунанд, интихоб накардаанд, ба онҳо дар азнавбақайдгирӣ барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ имкон дода мешавад, ки чунин ихтисосҳоро интихоб карда, дар озмуни мазкур иштирок кунанд;
- “Ба озмуни тақсимот РОҲ ЁФТЕД (ғайр аз ихтисосҳои филиали ДДМ ба номи М.В. Ломоносов дар ш. Душанбе)! Маълумоти бештар дар кабинети инфиродӣ.” – барои довталабоне, ки аз рӯйи ихтисосҳои супоридани қисми Г.1 (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ)-ро талабкунанда ба озмуни тақсимот роҳ наёфта, вале аз рӯйи ихтисосҳои дигари интихобкардаашон ба озмуни тақсимот роҳ ёфтаанд;
- “Ба озмуни тақсимот РОҲ ЁФТЕД (ғайр аз ихтисосҳои ДОМ дар шаҳри Хоруғ)! Маълумоти бештар дар кабинети инфиродӣ.” – барои довталабоне, ки аз рӯйи ихтисосҳои супоридани қисми Г.2 (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ)-ро талабкунанда ба озмуни тақсимот роҳ наёфта, лекин аз рӯйи ихтисосҳои дигари интихобкардаашон ба озмуни тақсимот роҳ ёфтаанд;
- “Ба озмуни тақсимот РОҲ ЁФТЕД (ғайр аз ихтисосҳои филиали ДДМ ба номи М.В. Ломоносов дар ш. Душанбе ва ДОМ дар шаҳри Хоруғ)! Маълумоти бештар дар кабинети инфиродӣ.” – барои довталабоне, ки аз рӯйи ихтисосҳои супоридани қисми Г.1 ва қисми Г.2 (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ)-ро талабкунанда ба озмуни тақсимот роҳ наёфта, лекин аз рӯйи ихтисосҳои дигари интихобкардаашон ба озмуни тақсимот роҳ ёфтаанд;
- “Ба озмуни тақсимот РОҲ ЁФТЕД (ғайр аз ихтисосҳои филиали ДДМ ба номи М.В. Ломоносов дар ш. Душанбе ва ихтисосҳои эҷодӣ ва маҳорат)! Маълумоти бештар дар кабинети инфиродӣ.” – барои довталабоне, ки аз рӯйи ихтисосҳои супоридани қисми Г.1 (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ) ва ихтисосҳои супоридани қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус)-ро талабкунанда ба озмуни тақсимот роҳ наёфта, вале аз рӯйи ихтисосҳои дигари интихобкардаашон ба озмуни тақсимот роҳ ёфтаанд;
- “Ба озмуни тақсимот РОҲ ЁФТЕД (ғайр аз ихтисосҳои ДОМ дар шаҳри Хоруғ ва ихтисосҳои эҷодӣ ва маҳорат)! Маълумоти бештар дар кабинети инфиродӣ.” – барои довталабоне, ки аз рӯйи ихтисосҳои супоридани қисми Г.2 (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ) ва ихтисосҳои супоридани қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус)-ро талабкунанда ба озмуни тақсимот роҳ наёфта, вале аз рӯйи ихтисосҳои дигари интихобкардаашон ба озмуни тақсимот роҳ ёфтаанд;
- “Ба озмуни тақсимот РОҲ НАЁФТЕД! Маълумоти бештар дар кабинети инфиродӣ.” – барои довталабоне, ки аз рӯйи ҳеҷ яке аз ихтисосҳои интихобкардаашон ба озмуни тақсимот роҳ наёфтаанд.
Тавре ки қайд карда шуд, маълумоти муфассал дар бораи натиҷаҳои дар имтиҳонҳо бадастовардаи ҳар довталаб (хол, бал, бали имтиёзӣ (дар ҳолати ҳуқуқи гирифтани ин имтиёзро доштан), бали коэффитсиент (барои довталабони дахлдор) ва маълумот дар бораи соҳиб шудан ё нашудани довталаб ба холҳои гузариш аз субтестҳои қисми дахлдор – А ё Б, қисм(ҳо)-и В ва (ё) Г.1 ва (ё) Г.2, инчунин роҳ ёфтан ё наёфтани ӯ ба озмуни тақсимот) дар кабинети инфиродиаш гузошта шудааст. Агар дар бахши “Натиҷаи имтиҳонҳо”-и кабинети инфиродии довталаб матни “Шумо барои иштирок дар озмуни тақсимот, ки 25‑уми июл доир мегардад, РОҲ ЁФТЕД!” дарҷ гардида бошад (ранги пасманзар (фон)-и он сабз аст), пас, довталаб ба озмуни тақсимот ба муассисаҳои таълимӣ аз рӯйи комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш роҳ ёфтааст.
Комёб шудан ё нашудани довталаби ба озмун роҳёфта аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш танҳо пас аз озмуни тақсимот, ки 25-уми июл баргузор мегардад, маълум мешавад.
Агар дар бахши натиҷаи имтиҳонҳои кабинети инфиродии довталаб матни “Шумо барои иштирок дар озмуни тақсимот РОҲ НАЁФТЕД! Холи субтест(ҳо)-е, ки аз он(ҳо) нагузаштед, бо ранги сурх қайд шудаст.” дарҷ гардида бошад (ранги пасманзар (фон)-и он сурх аст), ин чунин маънӣ дорад, ки довталаб, бинобар аз як ё якчанд субтести қисми А ё Б, инчунин аз қисм(ҳо)-и В ва (ё) Г.1 ва (ё) Г.2 (агар чунин имтиҳонҳоро супорида бошад) соҳиб нагардиданаш ба холи гузариш, ба озмуни тақсимот роҳ наёфтааст. Агар довталаб аз як ё якчанд субтест ё қисм(ҳо)-и В ва (ё) Г.1 ва (ё) Г.2 (дар ҳолати супоридани чунин имтиҳонҳо) холҳои гузаришро соҳиб нагардида бошад, холҳои ин гуна субтестҳо ё қисмҳо бо ранги сурх қайд карда мешаванд.
Инчунин, дар равзанаи “Натиҷаи имтиҳонҳо”-и кабинети инфиродӣ дар бораи ба бали бадастовардаи довталаб аз ҳар субтести қисми А ё Б, инчунин аз қисми В ва (ё) Г.1 ва (ё) Г.2 (дар ҳолати супоридани чунин имтиҳонҳо), балҳои имтиёз (агар дошта бошад) барои ҳар як комбинатсияи ихтисоси интихобкардааш маълумот дода мешавад. Ёдовар мешавем, ки вобаста аз фанни асосии имтиҳонии ҳар як ихтисос бали бадастовардаи довталаб барои ҳар комбинатсияи ихтисоси интихобкардааш гуногун буда метавонад.
ТАВАҶҶУҲ! Ёдрас менамоем, ки роҳ ёфтан ба озмуни тақсимот маънои донишҷӯй шудани довталабро аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш надорад ва комёб шудан ё нашудани довталаби ба озмуни тақсимот роҳёфта тибқи интихобҳояш танҳо 25-уми июл, яъне пас аз озмуни тақсимот маълум мегардад.
Хотиррасон мекунем, ки тибқи тартиби муқарраргардида барои роҳ ёфтан ба тақсимот довталаб бояд аз рӯйи ихтисосҳое, ки супоридани:
- танҳо қисми А-ро талаб мекунанд, аз ҳамаи субтестҳои қисми А холҳои гузаришро соҳиб шавад;
- танҳо қисми Б-ро талаб мекунанд, аз ҳамаи субтестҳои қисми Б холҳои гузаришро соҳиб шавад;
- ду субтести аввали қисми А ва қисми В-ро талаб мекунанд, аз ду субтести аввали қисми А ва аз ҳамаи санҷишҳои қисми В холҳои гузаришро соҳиб шавад;
- ду субтести аввали қисми Б ва қисми В-ро талаб мекунанд, аз ду субтести аввали қисми Б ва аз ҳамаи санҷишҳои қисми В холҳои гузаришро соҳиб шавад;
- қисмҳои А ва Г-ро талаб мекунанд, аз ҳамаи субтестҳои қисми А ва аз қисми Г холҳои гузаришро соҳиб шавад.
Қисми Г (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ)-ро довталабоне, ки ихтисосҳоро аз филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ва ё Донишгоҳи Осиёи Марказӣ интихоб кардаанд, бар замми қисми А месупоранд. Азбаски довталаб ихтисосҳоро аз ҳар ду муассисаи таълимӣ интихоб карда метавонад, имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ шартан барои филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе бо ”Г.1” ва барои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бо “Г.2” ифода карда мешавад.
ТАВАҶҶУҲ: бали аз қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ё маҳорати махсус) бадастовардаи довталаб (дар сурати соҳиб шуданаш ба холҳои гузариш аз ду субтести аввали қисми А ё Б ва аз қисми В) ба бали умумии аз ду субтести аввали қисми А ё Б бадастовардааш илова карда шуда, танҳо барои он ихтисосҳои интихобкардааш ба назар гирифта мешавад, ки супоридани қисми В-ро талаб менамоянд. Инчунин, бали аз қисми Г.1 ва ё Г.2 (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ) бадастовардаи довталаб (дар сурати соҳиб шуданаш ба холҳои гузариш) ба бали умумии аз қисми А бадастовардааш илова карда шуда, танҳо барои он ихтисосҳои интихобкардааш ба назар гирифта мешавад, ки супоридани қисми Г.1 ё Г.2-ро талаб менамоянд.
Довталабоне, ки холи гузаришро аз як ё якчанд субтести қисми А ё Б соҳиб намегарданд, ҳуқуқи иштирок карданро дар озмуни тақсимот аз рӯйи ихтисосҳое, ки супоридани ҳамаи субтестҳои ин қисмро талаб мекунанд, надоранд. Ба довталабони мазкур имкон дода мешавад, ки аз 2-юм то 15-уми сентябр барои иштирок дар даври сеюми ИМД 2024 худро сабти ном кунанд.
Агар довталаб ихтисосҳоеро интихоб карда бошад, ки дар баробари супоридани қисми А, супоридани қисми В ё қисми Г-ро талаб кунаду довталаб аз ин қисми имтиҳонҳо (В ё Г) холҳои гузаришро соҳиб нашуда бошад, ӯ ҳуқуқи иштирок карданро дар озмуни тақсимот аз рӯйи чунин ихтисосҳо надорад. Довталабе, ки аз қисми В ё қисми Г холҳои гузаришро соҳиб нашудаасту аммо аз ҳамаи субтестҳои қисми А холҳои гузаришро ба даст овардааст, ҳуқуқи ширкат карданро дар озмуни тақсимот аз рӯйи он ихтисосҳое дорад, ки супоридани танҳо қисми А-ро талаб мекунанд (агар чунин ихтисосҳоро интихоб карда бошад). Агар довталаб аз қисми В холҳои гузаришро соҳиб нашуда бошаду вале аз ҳамаи субтестҳои қисми Б холҳои гузаришро ба даст оварда бошад, ӯ ҳуқуқи ширкат карданро дар озмуни тақсимот аз рӯйи он ихтисосҳое дорад, ки супоридани танҳо қисми Б-ро талаб мекунанд (агар чунин ихтисосҳоро интихоб карда бошад).
Тавре ки довталабон ва алоқамандони дигари имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ хабар доранд, холҳои аз субтестҳои қисми А ё Б бадастовардаи ҳар як довталаб бо роҳи миқёсгузорӣ (шкалабандӣ) ба балҳо баргардонида мешавад. Вобаста аз ин, аз рӯйи натиҷаи шкалабандӣ дар доираи ҳар гурӯҳи ихтисосҳо ҷадвали мувофиқати холҳо ва балҳо барои ҳар субтест (бо дарназардошти ихтисосҳо ва фанҳои асосии имтиҳонии онҳо) тартиб дода, дар сомонаи Марказ ҷойгир карда шуд. Довталабон имкон доранд, ки холҳои бадастовардаашонро бо истифода аз ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ва балҳои ҳар субтест дар доираи ҳар гурӯҳи ихтисосҳо ва ҳар як ихтисос бо маълумоти дар кабинети инфиродиашон ҷойдошта муқоиса намоянд.
Лозим ба ёдоварист, ки мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар довталаб ҳуқуқи додани аризаи апеллятсионӣ дар бораи норозӣ будан аз холҳои ба имтиҳони ӯ гузошташуда дода шудааст. Барои пешниҳоди аризаи апеллятсионӣ шартҳо муқаррар гардидаанд. Дар бораи шартҳои мазкур ва талаботи дигари вобаста ба апеллятсия аз эълон – “ТАРТИБИ ПЕШНИҲОДИ АРИЗАИ АПЕЛЛЯТСИОНӢ ДАР БОРАИ НОРОЗӢ БУДАН АЗ ХОЛҲОИ ГУЗОШТАШУДА ДАР ИМД”, ки дар сомонаи Марказ ҷой дода шудааст, маълумоти муфассал гирифтан мумкин аст.
Дар бинои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшҳои минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Марказ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияи Рашт, инчунин дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Истаравшан, Данғара ва Шаҳритус, ки нишонии онҳо дар зер нишон дода шудааст, аз 20-ум то 22‑юми июл нуқтаҳои иттилоърасонӣ амал мекунанд. Дар зарурат довталабон метавонанд вобаста аз макони зисташон ба яке аз ин нуқтаҳои иттилоърасонӣ муроҷиат карда, дар бораи натиҷаҳои имтиҳонсупории худ маълумот гиранд.
Довталабон имкон доранд, ки дархост ё саволҳои худро ба нишонии почтаи электронии Марказ – Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. низ пешниҳод намоянд.
Нишонии нуқтаҳои иттилоърасонӣ
1. Душанбе – Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 192;
- телефонҳо: 224-53-68, 224-53-73, 44-600-40-02, 44-600-40-03, 44-600-40-06, 44-600-40-13.
2. Хоруғ – Муассисаи таълимии давлатии “Мактаби президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон”:
- шаҳри Хоруғ, кӯчаи Шоҳқирғизов, 11 (маркази шаҳр);
- телефон: 915-20-72-29, 915-28-00-55.
3. Хуҷанд – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Мадади Сино, 5 (маҳаллаи Бофанда (Шелкокомбинат));
- телефон: 926-44-11-48.
4. Истаравшан – Гимназияи № 5-и ба номи Раҷаб Амонов:
- шаҳри Истаравшан, кӯчаи Аслонхӯҷа Юнусов, 93 (назди бинои бонки “Эсхата”);
- телефон: 927-55-61-19.
5. Панҷакент – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- шаҳри Панҷакент, кӯчаи Лоиқ Шералӣ, 105;
- телефон: 871-25-09-09.
6. Бохтар – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- шаҳри Бохтар, кӯчаи Аминҷон Расулов, 35 (назди боғчаи кӯдаконаи № 10);
- телефон: 888-88-03-08.
7. Кӯлоб – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 26;
- телефон: 915-57-90-77.
8. Данғара – Литсейи тамоюли техникии ба номи Афлотун:
- ноҳияи Данғара, кӯчаи Марказӣ, 30 (назди шуъбаи маориф);
- телефон: 939-32-55-65, 553-55-95-52.
9. Шаҳритус – Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1:
- ноҳияи Шаҳритус, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 54 (назди беморхонаи марказӣ);
- телефон: 935-10-95-05.
10. Рашт – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 79;
- телефон: 988-18-86-78, 918-28-29-30.