Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ЭЪЛОНИ НАТИҶАҲОИ ДАВРИ СЕЮМИ ИМД 2024

Нашр шуд: 28 Сентябри 2024
Диданд: 2653

Душанбе, 28-уми сентябри соли 2024

28-уми сентябри соли 2024 натиҷаҳои даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2024 эълон карда шуд.

Маълумоти муфассал дар бораи натиҷаи имтиҳонсупории ҳар як довталаб дар кабинети инфиродиаш ҷойгир карда шуда, инчунин ба телефони мобилии ҳар довталаб (рақами он дар майдони “Телефони мобилӣ”-и варақаи бақайдгириаш қайд гардидааст) паёмак (SMS) бо маълумоти мухтасар фиристода шуд.

Паёмаки ба ҳар довталаб фиристодашуда чунин маълумотро дар бар мегирад:

1) рақами назоратии довталаб;

2) рақами даъватнома;

3) холҳои бадастовардаи довталаб аз ҳамаи субтестҳои дахлдори қисми А – имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ (синфи 11-ум) ё қисми Б – имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум), инчунин қисми В – имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус (дар ҳолати супоридани чунин имтиҳонҳо);

4) ба озмуни тақсимот роҳ ёфтан ё наёфтани довталаб. Матни ин қисм, вобаста аз навъи ихтисосҳои интихобкарда ва роҳ ёфтан ё наёфтани довталаб ба озмуни тақсимот, дар яке аз шаклҳои зерин буда метавонад:

- “Ба озмуни тақсимот РОҲ ЁФТЕД! Маълумоти бештар дар кабинети инфиродӣ.” – барои довталабоне, ки аз рӯйи ҳамаи ихтисосҳои интихобкардаашон ба озмуни тақсимот роҳ ёфтаанд;

- “Ба озмуни тақсимот РОҲ ЁФТЕД (танҳо аз рӯйи ихтисосҳои эҷодӣ ва маҳорат)! Маълумоти бештар дар кабинети инфиродӣ.” – барои довталабоне, ки танҳо аз рӯйи ихтисосҳои супоридани қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус)-ро талабкунанда ба озмуни тақсимот роҳ ёфтаанд;

- “Ба озмуни тақсимот РОҲ ЁФТЕД (ғайр аз ихтисосҳои эҷодӣ ва маҳорат)! Маълумоти бештар дар кабинети инфиродӣ.” – барои довталабоне, ки аз рӯйи ихтисосҳои супоридани қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус)-ро талабкунанда ба озмуни тақсимот роҳ наёфта, вале аз рӯйи ихтисосҳои дигари интихобкардаашон ба озмуни тақсимот роҳ ёфтаанд. Дар ин гурӯҳ метавонанд довталабоне низ бошанд, ки ба ҷуз аз ихтисосҳои супоридани қисми В-ро талабкунанда ихтисосҳои дигареро интихоб накардаанд. Азбаски довталабони мазкур ихтисосҳоеро, ки супоридани танҳо қисми А ё Б-ро талаб мекунанд, интихоб накардаанд, ба онҳо дар азнавбақайдгирӣ барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ имкон дода мешавад, ки чунин ихтисосҳоро интихоб карда, дар озмуни мазкур иштирок кунанд;

- “Ба озмуни тақсимот РОҲ НАЁФТЕД! Маълумоти бештар дар кабинети инфиродӣ.” – барои довталабоне, ки аз рӯйи ҳеҷ яке аз ихтисосҳои интихобкардаашон ба озмуни тақсимот роҳ наёфтаанд.

Тавре ки қайд карда шуд, маълумоти муфассал дар бораи натиҷаҳои дар имтиҳонҳо бадастовардаи ҳар довталаб (хол, бал, бали имтиёзӣ (дар ҳолати ҳуқуқи гирифтани ин имтиёзро доштан), бали коэффитсиент (барои довталабони дахлдор) ва маълумот дар бораи соҳиб шудан ё нашудани довталаб ба холҳои гузариш аз субтестҳои қисми дахлдор – А ё Б, қисми В, инчунин роҳ ёфтан ё наёфтани ӯ ба озмуни тақсимот) дар кабинети инфиродиаш гузошта шудааст. Агар дар бахши “Натиҷаи имтиҳонҳо”-и кабинети инфиродии довталаб матни “Шумо барои иштирок дар озмуни тақсимот, ки 1‑уми октябр доир мегардад, РОҲ ЁФТЕД!” дарҷ гардида бошад (ранги пасманзар (фон)-и он сабз аст), пас, довталаб ба озмуни тақсимот ба муассисаҳои таълимӣ аз рӯйи комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш роҳ ёфтааст.

Комёб шудан ё нашудани довталаби ба озмун роҳёфта аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш танҳо пас аз озмуни тақсимот, ки 1 уми октябр баргузор мегардад, маълум мешавад.

Агар дар бахши натиҷаи имтиҳонҳои кабинети инфиродии довталаб матни “Шумо барои иштирок дар озмуни тақсимот РОҲ НАЁФТЕД! Холи субтест(ҳо)-е, ки аз он(ҳо) нагузаштед, бо ранги сурх қайд шудаст.” дарҷ гардида бошад (ранги пасманзар (фон)-и он сурх аст), ин чунин маънӣ дорад, ки довталаб, бинобар аз як ё якчанд субтести қисми А ё Б, инчунин аз қисми В (агар чунин имтиҳонҳоро супорида бошад) соҳиб нагардиданаш ба холи гузариш, ба озмуни тақсимот роҳ наёфтааст. Агар довталаб аз як ё якчанд субтест ё қисми В (дар ҳолати супоридани чунин имтиҳонҳо) холҳои гузаришро соҳиб нагардида бошад, холҳои ин гуна субтестҳо ё қисмҳо бо ранги сурх қайд карда мешаванд.

Инчунин, дар равзанаи “Натиҷаи имтиҳонҳо”-и кабинети инфиродӣ дар бораи ба бали бадастовардаи довталаб аз ҳар субтести қисми А ё Б, инчунин аз қисми В (дар ҳолати супоридани чунин имтиҳонҳо), балҳои имтиёз (агар дошта бошад) барои ҳар як комбинатсияи ихтисоси интихобкардааш маълумот дода мешавад. Ёдовар мешавем, ки вобаста аз фанни асосии имтиҳонии ҳар як ихтисос бали бадастовардаи довталаб барои ҳар комбинатсияи ихтисоси интихобкардааш гуногун буда метавонад.

ТАВАҶҶУҲ! Ёдрас менамоем, ки роҳ ёфтан ба озмуни тақсимот маънои донишҷӯй шудани довталабро аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш надорад ва комёб шудан ё нашудани довталаби ба озмуни тақсимот роҳёфта тибқи интихобҳояш танҳо 1‑уми октябр, яъне пас аз озмуни тақсимот маълум мегардад.

 Хотиррасон мекунем, ки тибқи тартиби муқарраргардида барои роҳ ёфтан ба тақсимот довталаб бояд аз рӯйи ихтисосҳое, ки супоридани:

- танҳо қисми А-ро талаб мекунанд, аз ҳамаи субтестҳои қисми А холҳои гузаришро соҳиб шавад;

- танҳо қисми Б-ро талаб мекунанд, аз ҳамаи субтестҳои қисми Б холҳои гузаришро соҳиб шавад;

- ду субтести аввали қисми А ва қисми В-ро талаб мекунанд, аз ду субтести аввали қисми А ва аз ҳамаи санҷишҳои қисми В холҳои гузаришро соҳиб шавад;

- ду субтести аввали қисми Б ва қисми В-ро талаб мекунанд, аз ду субтести аввали қисми Б ва аз ҳамаи санҷишҳои қисми В холҳои гузаришро соҳиб шавад.

ТАВАҶҶУҲ: бали аз қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ё маҳорати махсус) бадастовардаи довталаб (дар сурати соҳиб шуданаш ба холҳои гузариш аз ду субтести аввали қисми А ё Б ва аз қисми В) ба бали умумии аз ду субтести аввали қисми А ё Б бадастовардааш илова карда шуда, танҳо барои он ихтисосҳои интихобкардааш ба назар гирифта мешавад, ки супоридани қисми В-ро талаб менамоянд.

Довталабоне, ки холи гузаришро аз як ё якчанд субтести қисми А ё Б соҳиб намегарданд, ҳуқуқи иштирок карданро дар озмуни тақсимот аз рӯйи ихтисосҳое, ки супоридани ҳамаи субтестҳои ин қисмро талаб мекунанд, надоранд. Ба довталабони мазкур имкон дода мешавад, ки аз 29-уми октябр то 7-уми декабр барои иштирок дар даври чоруми ИМД 2024 худро сабти ном кунанд.

Агар довталаб ихтисосҳоеро интихоб карда бошад, ки дар баробари супоридани қисми А, супоридани қисми В-ро талаб кунаду довталаб аз ин қисми имтиҳонҳо (В) холҳои гузаришро соҳиб нашуда бошад, ӯ ҳуқуқи иштирок карданро дар озмуни тақсимот аз рӯйи чунин ихтисосҳо надорад. Довталабе, ки аз қисми В холҳои гузаришро соҳиб нашудаасту аммо аз ҳамаи субтестҳои қисми А холҳои гузаришро ба даст овардааст, ҳуқуқи ширкат карданро дар озмуни тақсимот аз рӯйи он ихтисосҳое дорад, ки супоридани танҳо қисми А-ро талаб мекунанд (агар чунин ихтисосҳоро интихоб карда бошад). Агар довталаб аз қисми В холҳои гузаришро соҳиб нашуда бошаду вале аз ҳамаи субтестҳои қисми Б холҳои гузаришро ба даст оварда бошад, ӯ ҳуқуқи ширкат карданро дар озмуни тақсимот аз рӯйи он ихтисосҳое дорад, ки супоридани танҳо қисми Б-ро талаб мекунанд (агар чунин ихтисосҳоро интихоб карда бошад).

Тавре ки довталабон ва алоқамандони дигари имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ хабар доранд, холҳои аз субтестҳои қисми А ё Б бадастовардаи ҳар як довталаб бо роҳи миқёсгузорӣ (шкалабандӣ) ба балҳо баргардонида мешавад. Вобаста аз ин, аз рӯйи натиҷаи шкалабандии холҳои дар даври сеюми ИМД 2024 бадастовардаи довталабон дар доираи ҳар гурӯҳи ихтисосҳо ҷадвали мувофиқати холҳо ва балҳо барои ҳар субтест (бо дарназардошти ихтисосҳо ва фанҳои асосии имтиҳонии онҳо) тартиб дода, дар сомонаи Марказ ҷойгир карда шуд. Довталабон имкон доранд, ки холҳои бадастовардаашонро бо истифода аз ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ва балҳои ҳар субтест дар доираи ҳар гурӯҳи ихтисосҳо ва ҳар як ихтисос бо маълумоти дар кабинети инфиродиашон ҷойдошта муқоиса намоянд.

Лозим ба ёдоварист, ки мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар довталаб ҳуқуқи додани аризаи апеллятсионӣ дар бораи норозӣ будан аз холҳои ба имтиҳони ӯ гузошташуда дода шудааст. Барои пешниҳоди аризаи апеллятсионӣ шартҳо муқаррар гардидаанд. Дар бораи шартҳои мазкур ва талаботи дигари вобаста ба апеллятсия аз эълон – “ТАРТИБИ ПЕШНИҲОДИ АРИЗАИ АПЕЛЛЯТСИОНӢ ДАР БОРАИ НОРОЗӢ БУДАН АЗ ХОЛҲОИ ГУЗОШТАШУДА ДАР ИМД”, ки дар сомонаи Марказ ҷой дода шудааст, маълумоти муфассал гирифтан мумкин аст.

Дар бинои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшҳои минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Марказ дар шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои Данғара ва Рашт, ки нишонии онҳо дар зер нишон дода шудааст, аз 28-ум то 30‑юм сентябр нуқтаҳои иттилоърасонӣ амал мекунанд. Дар зарурат довталабон метавонанд вобаста аз макони зисташон ба яке аз ин нуқтаҳои иттилоърасонӣ муроҷиат карда, дар бораи натиҷаҳои имтиҳонсупории худ маълумот гиранд.

Довталабон имкон доранд, ки дархост ё саволҳои худро ба нишонии почтаи электронии Марказ – Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. низ пешниҳод намоянд.

Нишонии нуқтаҳои иттилоърасонӣ

1. Душанбе – Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 192 (нуқтаи роҳнамо: боғи фарҳангию фароғатии “Айнӣ”, истгоҳи охири троллейбусҳои № 1);

- телефонҳо: 224-53-73, 224-53-67, 224-53-66, 224-53-68.

2. Хоруғ – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- шаҳри Хоруғ, кӯчаи Шоҳқирғизов, 11 (нуқтаи роҳнамо: Муассисаи таълимии давлатии “Мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон”);

- телефон: 915-20-72-29, 915-28-00-55.

3. Хуҷанд – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Мадади Сино, 5 (нуқтаи роҳнамо: маҳаллаи Бофанда (Шелкокомбинат));

- телефон: 915-98-00-49.

4. Панҷакент – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- шаҳри Панҷакент, кӯчаи Л. Шералӣ, 105 (нуқтаи роҳнамо: тарабхонаи “Обод”);

- телефон: 915-63-51-00, 917-06-10-05.

5. Бохтар – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- шаҳри Бохтар, кӯчаи Аминҷон Расулов, 35 (нуқтаи роҳнамо: боғчаи кӯдаконаи № 10, комбинати ордбарорӣ);

- телефон: 777-07-77-26, 935-44-95-05.

6. Кӯлоб – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 26 (нуқтаи роҳнамо: шуъбаи маориф, маркази савдои “Ёвар”);

- телефон: 915-57-90-77, 985-01-82-09.

7. Данғара – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ноҳияи Данғара, кӯчаи Марказӣ, 32 (нуқтаи роҳнамо: шуъбаи маориф, Литсейи тамоюли техникии ба номи Афлотун);

- телефон: 939-32-55-65, 553-55-95-52.

8. Рашт – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 79 (нуқтаи роҳнамо: ҳукумати ноҳия, кӯчаи марказӣ);

- телефон: 919-18-86-78, 911-11-07-43.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон