Душанбе, 21-уми декабри соли 2023
21-уми декабри соли ҷорӣ, натиҷаҳои даври чоруми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 эълон карда шуд.
Маълумоти мухтасар дар бораи натиҷаи имтиҳонсупории ҳар як довталаб ба телефони мобилиаш дар шакли паёмак (SMS)-и ройгон фиристода шуд.
Паёмаки ба ҳар довталаб фиристодашуда чунин маълумотро дар бар мегирад:
1) рақами назоратии довталаб;
2) рақами даъватнома;
3) холҳои бадастовардаи довталаб аз ҳамаи субтестҳои қисми А – имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ (синфи 11-ум), инчунин қисми В – имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус (дар ҳолати супоридани чунин имтиҳонҳо);
4) ба озмуни тақсимот роҳ ёфтан ё наёфтани довталаб. Матни ин қисм вобаста аз навъи ихтисосҳои интихобкарда ва роҳ ёфтан ё наёфтани довталаб ба озмуни тақсимот дар яке аз шаклҳои зерин буда метавонад:
- “Ба озмуни тақсимот РОҲ ЁФТЕД.” – барои довталабоне, ки аз рӯйи ҳамаи ихтисосҳои интихобкардаашон ба озмуни тақсимот роҳ ёфтаанд;
- “Ба озмуни тақсимот РОҲ ЁФТЕД (танҳо аз рӯйи ихтисосҳои эҷодӣ ва маҳорат).” – барои довталабоне, ки танҳо аз рӯйи ихтисосҳои супоридани қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус)-ро талабкунанда ба озмуни тақсимот роҳ ёфтаанд;
- “Ба озмуни тақсимот РОҲ НАЁФТЕД.” – барои довталабоне, ки аз рӯйи ягон ихтисоси интихобкардаашон ба озмуни тақсимот роҳ наёфтаанд.
Агар дар паёмаки ба довталаб фиристода матни “Ба озмуни тақсимот РОҲ ЁФТЕД.” дарҷ гардида бошад, пас, довталаб ба озмуни тақсимот ба муассисаҳои таълимӣ аз рӯйи комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш роҳ ёфтааст. Комёб шудан ё нашудани довталаби ба озмун роҳёфта аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш танҳо пас аз озмуни тақсимот, ки 24-уми декабр баргузор мегардад, маълум мешавад. Агар дар паёмаки ба довталаб фиристода матни “Ба озмуни тақсимот РОҲ НАЁФТЕД.” дарҷ гардида бошад, ин чунин маънӣ дорад, ки довталаб бинобар аз як ё якчанд субтести қисми А ё аз қисми В (агар чунин имтиҳонро супорида бошад) соҳиб нагардиданаш ба холи гузариш ба озмуни тақсимот роҳ наёфтааст.
ТАВАҶҶУҲ! Ёдрас менамоем, ки роҳ ёфтан ба озмуни тақсимот ҳоло маънои донишҷӯй шудани довталабро надорад ва танҳо 24-уми декабр, яъне пас аз озмуни тақсимот комёб шудан ё нашудани довталаби ба озмуни тақсимот роҳёфта тибқи интихобҳояш маълум мегардад.
Хотиррасон мекунем, ки тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумщурии Тоҷикистон барои роҳ ёфтан ба тақсимот довталаб бояд аз рӯйи ихтисосҳое, ки супоридани:
- танҳо қисми А-ро талаб мекунанд, аз ҳамаи субтестҳои қисми А холҳои гузаришро соҳиб шавад;
- ду субтести аввали қисми А ва қисми В-ро талаб мекунанд, аз ду субтести аввали қисми А ва аз ҳамаи санҷишҳои қисми В холҳои гузаришро соҳиб шавад.
ТАВАҶҶУҲ: бали аз қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ё маҳорати махсус) бадастовардаи довталаб (дар сурати соҳиб шуданаш ба холҳои гузариш аз ду субтести аввали қисми А ва аз қисми В) ба бали умумии аз ду субтести аввали қисми А бадастовардааш илова карда шуда, танҳо барои он ихтисосҳои интихобкардаи ӯ ба назар гирифта мешавад, ки супоридани қисми В-ро талаб менамоянд.
Довталабоне, ки холи гузаришро аз як ё якчанд субтести қисми А соҳиб намегарданд, ҳуқуқи иштирок карданро дар озмуни тақсимот аз рӯйи ихтисосҳое, ки супоридани ҳамаи субтестҳои ин қисмро талаб мекунанд, надоранд.
Агар довталаб ихтисосҳоеро интихоб карда бошад, ки дар баробари супоридани қисми А, супоридани қисми В-ро талаб кунаду довталаб аз ин қисми имтиҳонҳо (В) холҳои гузаришро соҳиб нашуда бошад, ӯ ҳуқуқи иштирок карданро дар озмуни тақсимот аз рӯйи чунин ихтисосҳо надорад. Довталабе, ки аз қисми В холҳои гузаришро соҳиб нашудаасту аммо аз ҳамаи субтестҳои қисми А холҳои гузаришро ба даст овардааст, ҳуқуқи ширкат карданро дар озмуни тақсимот аз рӯйи он ихтисосҳое дорад, ки супоридани танҳо қисми А-ро талаб мекунанд (агар чунин ихтисосҳоро интихоб карда бошад).
Тавре ки довталабон ва дигар алоқамандони имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ хабар доранд, холҳои аз субтестҳои қисми А ё Б бадастовардаи ҳар як довталаб бо роҳи миқёсгузорӣ (шкалабандӣ) ба балҳо баргардонида мешавад. Вобаста ба фанни асосии имтиҳонии ҳар як ихтисос бали бадастовардаи довталаб барои ҳар ихтисоси интихобкардааш метавонад гуногун бошад.
Аз рӯйи натиҷаи шкалабандӣ дар доираи ҳар гурӯҳи ихтисосҳо ҷадвали мувофиқати холҳо ва балҳо барои ҳар субтест (бо дарназардошти ихтисосҳо ва фанҳои асосии имтиҳонии онҳо) тартиб дода, дар сомонаи Марказ ҷойгир карда шуд. Довталабон имкон доранд, ки холҳои бадастовардаашонро бо истифода аз ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ва балҳои ҳар субтест дар доираи ҳар гурӯҳи ихтисосҳо ва ҳар як ихтисос ба бал баргардонанд.
Лозим ба ёдоварист, ки мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар довталаб ҳуқуқи додани аризаи апеллятсионӣ дар бораи норозӣ будан аз холҳои ба имтиҳони ӯ гузошташуда дода шудааст. Барои пешниҳоди аризаи апеллятсионӣ шартҳо муқаррар гардидаанд. Маълумоти муфассалро дар бораи шартҳои мазкур ва талаботи дигари вобаста ба апеллятсия аз эълон – “ТАРТИБИ ПЕШНИҲОДИ АРИЗАИ АПЕЛЛЯТСИОНӢ ДАР БОРАИ НОРОЗӢ БУДАН АЗ ХОЛҲОИ ГУЗОШТАШУДА ДАР ИМД”, ки дар сомонаи Марказ ҷой дода шудааст, дастрас кардан мумкин аст.
Дар бинои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшҳои минтақавии Марказ дар шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои Данғараю Рашт, ки нишонии онҳо дар зер нишон дода шудааст, аз 21-ум то 23‑юми декабр нуқтаҳои иттилоърасонӣ амал мекунанд. Дар зарурат довталабон метавонанд вобаста аз макони зисташон ба яке аз ин нуқтаҳои иттилоърасонӣ муроҷиат карда, дар бораи натиҷаҳои имтиҳонсупории худ маълумот гиранд.
Довталабон имкон доранд, ки дархост ё саволҳои худро ба нишонии почтаи электронии Марказ – Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. низ пешниҳод намоянд.
Нишонии нуқтаҳои бақайдгирӣ
1. Шаҳри Душанбе – Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- хиёбони Рӯдакӣ, 192 (боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, истгоҳи охирини троллейбусҳои № 1);
- телефонҳо: (+992 37) 224-53-68, 224-53-73, 224-53-67, 224-53-66.
2. Шаҳри Хоруғ – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- кӯчаи Шоҳқирғизов, 11 (муассисаи таълимии давлатии “Мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон”);
- телефон: 915-20-72-29, 915-28-00-55.
3. Шаҳри Хуҷанд – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- кӯчаи Мадади Сино, 5 (маҳаллаи Бофанда – Шелкокомбинат);
- телефон: 915-98-00-49.
4. Шаҳри Панҷакент – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- кӯчаи Лоиқ Шералӣ, 105 (муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 30-и ба номи Исмоили Сомонӣ, тарабхонаи “Обод”);
- телефон: 915-63-51-00, 917-06-10-05.
5. Шаҳри Бохтар – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- кӯчаи Аминҷон Расулов, 35 (муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 4, боғчаи кӯдаконаи № 10, Комбинати орд);
- телефон: 777-07-77-26, 935-44-95-05.
6. Шаҳри Кӯлоб – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 26 (шуъбаи маориф, маркази савдои “Ёвар”);
- телефон: 915-57-90-77, 985-01-82-09.
7. Ноҳияи Данғара – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- кӯчаи Марказӣ, 32 (шуъбаи маориф, Донишгоҳи давлатии Данғара);
- телефон: 939-32-55-65, 553-55-95-52.
8. Ноҳияи Рашт – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- шаҳраки Ғарм, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 79 (шуъбаи маориф, ҷамоати шаҳраки Ғарм);
- телефон: 919-18-86-78, 911-11-07-43.