Душанбе, 11-уми декабри соли 2025
11-уми декабри соли ҷорӣ натиҷаҳои даври чоруми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2025 эълон карда шуд.
Маълумоти мухтасар дар бораи натиҷаи имтиҳонсупории ҳар як довталаб ба телефони мобилиаш дар шакли паёмак (SMS)-и ройгон фиристода шуд.
Паёмаки ба ҳар довталаб фиристодашуда чунин маълумотро дар бар мегирад:
1) рақами назоратии довталаб;
2) рақами даъватнома;
3) холҳои бадастовардаи довталаб аз ҳамаи субтестҳои қисми А – имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ (синфи 11-ум), инчунин қисми В – имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус (дар ҳолати супоридани чунин имтиҳонҳо);
4) ба озмуни тақсимот роҳ ёфтан ё наёфтани довталаб. Матни ин қисм вобаста аз навъи ихтисосҳои интихобкарда ва роҳ ёфтан ё наёфтани довталаб ба озмуни тақсимот дар яке аз шаклҳои зерин буда метавонад:
- “Ба озмуни тақсимот РОҲ ЁФТЕД.” – барои довталабоне, ки аз рӯйи ҳамаи ихтисосҳои интихобкардаашон ба озмуни тақсимот роҳ ёфтаанд;
- “Ба озмуни тақсимот РОҲ ЁФТЕД (танҳо аз рӯйи ихтисосҳои эҷодӣ ва маҳорат).” – барои довталабоне, ки танҳо аз рӯйи ихтисосҳои супоридани қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус)-ро талабкунанда ба озмуни тақсимот роҳ ёфтаанд;
- “Ба озмуни тақсимот РОҲ ЁФТЕД (ғайр аз ихтисосҳои эҷодӣ ва маҳорат)! Маълумоти бештар дар кабинети инфиродӣ.” – барои довталабоне, ки аз рӯйи ихтисосҳои супоридани қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус)-ро талабкунанда ба озмуни тақсимот роҳ наёфта, вале аз рӯйи ихтисосҳои дигари интихобкардаашон ба озмуни тақсимот роҳ ёфтаанд;
- “Ба озмуни тақсимот РОҲ НАЁФТЕД.” – барои довталабоне, ки аз рӯйи ягон ихтисоси интихобкардаашон ба озмуни тақсимот роҳ наёфтаанд.
Агар дар паёмаки ба довталаб фиристода матни “Ба озмуни тақсимот РОҲ ЁФТЕД.” дарҷ гардида бошад, пас, довталаб ба озмуни тақсимот ба муассисаҳои таълимӣ аз рӯйи комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш роҳ ёфтааст. Комёб шудан ё нашудани довталаби ба озмун роҳёфта аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш танҳо пас аз озмуни тақсимот, ки 22-юми декабр баргузор мегардад, маълум мешавад. Агар дар паёмаки ба довталаб фиристода матни “Ба озмуни тақсимот РОҲ НАЁФТЕД.” дарҷ гардида бошад, ин чунин маънӣ дорад, ки довталаб бинобар аз як ё якчанд субтести қисми А ё аз қисми В (агар чунин имтиҳонро супорида бошад) соҳиб нагардиданаш ба холи гузариш ба озмуни тақсимот роҳ наёфтааст.
ТАВАҶҶУҲ! Ёдрас менамоем, ки роҳ ёфтан ба озмуни тақсимот ҳоло маънои донишҷӯй шудани довталабро надорад ва танҳо 22-юми декабр, яъне пас аз озмуни тақсимот комёб шудан ё нашудани довталаби ба озмуни тақсимот роҳёфта тибқи интихобҳояш маълум мегардад.
Хотиррасон мекунем, ки тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои роҳ ёфтан ба тақсимот довталаб бояд аз рӯйи ихтисосҳое, ки супоридани:
- танҳо қисми А-ро талаб мекунанд, аз ҳамаи субтестҳои қисми А холҳои гузаришро соҳиб шавад;
- ду субтести аввали қисми А ва қисми В-ро талаб мекунанд, аз ду субтести аввали қисми А ва аз ҳамаи санҷишҳои қисми В холҳои гузаришро соҳиб шавад.
ТАВАҶҶУҲ: бали аз қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ё маҳорати махсус) бадастовардаи довталаб (дар сурати соҳиб шуданаш ба холҳои гузариш аз ду субтести аввали қисми А ва аз қисми В) ба бали умумии аз ду субтести аввали қисми А бадастовардааш илова карда шуда, танҳо барои он ихтисосҳои интихобкардаи ӯ ба назар гирифта мешавад, ки супоридани қисми В-ро талаб менамоянд.
Довталабоне, ки холи гузаришро аз як ё якчанд субтести қисми А соҳиб намегарданд, ҳуқуқи иштирок карданро дар озмуни тақсимот аз рӯйи ихтисосҳое, ки супоридани ҳамаи субтестҳои ин қисмро талаб мекунанд, надоранд.
Агар довталаб ихтисосҳоеро интихоб карда бошад, ки дар баробари супоридани қисми А, супоридани қисми В-ро талаб кунаду довталаб аз ин қисми имтиҳонҳо (В) холҳои гузаришро соҳиб нашуда бошад, ӯ ҳуқуқи иштирок карданро дар озмуни тақсимот аз рӯйи чунин ихтисосҳо надорад. Довталабе, ки аз қисми В холҳои гузаришро соҳиб нашудаасту аммо аз ҳамаи субтестҳои қисми А холҳои гузаришро ба даст овардааст, ҳуқуқи ширкат карданро дар озмуни тақсимот аз рӯйи он ихтисосҳое дорад, ки супоридани танҳо қисми А-ро талаб мекунанд (агар чунин ихтисосҳоро интихоб карда бошад).
Тавре ки довталабон ва дигар алоқамандони имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ хабар доранд, холҳои аз субтестҳои қисми А бадастовардаи ҳар як довталаб бо роҳи миқёсгузорӣ (шкалабандӣ) ба балҳо баргардонида мешавад. Вобаста ба фанни асосии имтиҳонии ҳар як ихтисос бали бадастовардаи довталаб барои ҳар ихтисоси интихобкардааш метавонад гуногун бошад.
Довталабон имкон доранд, ки холҳои бадастовардаашонро бо истифода аз ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ва балҳои ҳар субтест дар доираи ҳар гурӯҳи ихтисосҳо ва ҳар як ихтисос ба бал баргардонанд. Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ва балҳои ҳар субтест дар доираи ҳар гурӯҳи ихтисосҳо дар сомонаи Марказ ҷойгир карда шудааст (https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/jadvalhoi-muvofikati-kholho-ba-balho.html).
Лозим ба ёдоварист, ки мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар довталаб ҳуқуқи додани аризаи апеллятсионӣ дар бораи норозӣ будан аз холҳои ба имтиҳони ӯ гузошташуда дода шудааст. Барои пешниҳоди аризаи апеллятсионӣ шартҳо муқаррар гардидаанд. Маълумоти муфассалро дар бораи шартҳои мазкур ва талаботи дигари вобаста ба апеллятсия аз эълон – “ТАРТИБИ ПЕШНИҲОДИ АРИЗАИ АПЕЛЛЯТСИОНӢ ДАР БОРАИ НОРОЗӢ БУДАН АЗ ХОЛҲОИ ГУЗОШТАШУДА ДАР ИМД”, ки дар сомонаи Марказ ҷой дода шудааст, дастрас кардан мумкин аст.
Дар бинои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшҳои минтақавии Марказ дар шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои Данғараю Рашт, ки нишонии онҳо дар зер нишон дода шудааст, аз 11-ум то 22‑юми декабр нуқтаҳои иттилоърасонӣ амал мекунанд. Дар зарурат довталабон метавонанд вобаста аз макони зисташон ба яке аз ин нуқтаҳои иттилоърасонӣ муроҷиат карда, дар бораи натиҷаҳои имтиҳонсупории худ маълумот гиранд.
Нишонии нуқтаҳои иттилоърасонӣ
1. Душанбе – Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 192 (нуқтаи роҳнамо – боғи фарҳангию фароғатии ба номи С. Айнӣ);
- телефонҳо: 224-53-68, 224-53-73, 44-600-40-02, 44-600-40-06.
2. Хоруғ – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- шаҳри Хоруғ, кӯчаи Шоҳқирғизов, 11 (нуқтаи роҳнамо – маркази шаҳр, муассисаи таълимии давлатии “Мактаби президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон”);
- телефон: 915-20-72-29, 915-28-00-55.
3. Хуҷанд – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Мадади Сино, 5 (нуқтаи роҳнамо – маҳаллаи Бофанда, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2-и ба номи Зайниддин Осимов);
- телефон: 926-44-11-48, 927-55-61-19.
4. Панҷакент – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- шаҳри Панҷакент, хиёбони Рӯдакӣ, 208 (нуқтаи роҳнамо – муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3-и ба номи Набӣ Каримов);
- телефон: 871-25-09-09.
5. Бохтар – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- шаҳри Бохтар, кӯчаи Аминҷон Расулов, 35 (нуқтаи роҳнамо – муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 4);
- телефон: 888-88-03-08.
6. Кӯлоб – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Даминзода, 385 (нуқтаи роҳнамо – муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6‑и ба номи Давлаталӣ Назаров);
- телефон: 918-57-90-77.
7. Ноҳияи Данғара – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- кӯчаи Марказӣ, 32 (нуқтаи роҳнамо: шуъбаи маориф, Донишгоҳи давлатии Данғара);
- телефон: 939-32-55-65, 106-88-86-88, 553-55-95-52.
8. Рашт – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 79 (нуқтаи роҳнамо – шуъбаи маориф);
- телефон: 988-18-86-78, 918-28-29-30.


