Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ЭЪЛОН: ТАРТИБИ ПЕШНИҲОДИ АРИЗАИ АПЕЛЛЯТСИОНӢ ДАР БОРАИ НОРОЗӢ БУДАН АЗ ХОЛҲОИ ГУЗОШТАШУДА ДАР ИМД

Нашр шуд: 22 Июли 2017
Диданд: 908

Душанбе, 22-юми июли соли 2017

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки бо мақсади таъмин ва риояи ҳуқуқ ба арзёбии воқеӣ (объективӣ)-и донишу маҳорати довталаб ба ӯ ҳуқуқи додани аризаи апеллятсионӣ дар бораи норозӣ будан аз холҳои ба имтиҳонҳои ӯ гузошташуда дода шудааст. Қабули аризаҳои апеллятсионӣ дар бораи норозӣ будан аз холҳои гузошташуда дар ИМД дар давоми 3 рӯз пас аз эълони натиҷаҳо, яъне аз 25‑ум то 27‑уми июл дар бинои асосии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахши минтақавии он дар шаҳри Хоруғ, муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Панҷакент, Истаравшан, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Рашт ва Данғара, ки нишонии онҳо дар зер нишон дода шудааст, ба роҳ монда мешавад.

Хотиррасон менамоем, ки баррасии аризаи апеллятсионӣ маънои аз нав имтиҳон супоридан ё имконияти бо ин ё он роҳ ба даст овардани холи намерасидаро надошта, дар рафти он танҳо дурустии холҳои барои имтиҳон ба довталаби аризадода гузошташуда санҷида мешавад. Агар варақаҳои ҷавобҳои довталаб тавассути барномаи компютерӣ бе хатои техникӣ коркард шуда, холҳои барои имтиҳони ӯ гузошташуда дуруст бошад, аризааш барои баррасӣ қабул карда намешавад. КОМИССИЯИ АПЕЛЛЯТСИОНӢ ҲУҚУҚИ БА ДОВТАЛАБИ АЗ ИН Ё ОН СУБТЕСТ ХОЛИ ГУЗАРИШРО СОҲИБНАШУДА ДОДАНИ ХОЛИ НАМЕРАСИДАРО НАДОРАД.

Комиссияи апеллятсионӣ тибқи тартиб дар дафтар (офис)-и асосии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (шаҳри Душнабе, хиёбони Рӯдакӣ, 192) фаъолият мекунад ва аризаҳои пешниҳоднамудаи довталабонро то 31‑уми июл баррасӣ карда, довталабонро аз натиҷаи баррасии аризаҳояшон огоҳ менамояд.

Тибқи натиҷаҳои баррасии аризаи апеллятсионии довталаб дар бораи норозӣ буданаш аз холҳои гузошташуда дар ИМД комиссияи апеллятсионӣ яке аз қарорҳои зеринро қабул менамояд:

1) аризаи апеллятсионии довталаб рад ва холҳои гузошташуда бе тағйир монда шавад;

2) аризаи апеллятсионии довталаб қонеъ ва холҳои гузошташуда тағйир дода шавад.

Бо назардошти нуктаҳои зикргардида, аризаи апеллятсионӣ дар бораи норозӣ будан аз холҳои гузошташуда дар ИМД дар ҳолате барои баррасӣ қабул карда мешавад, ки агар довталаб маълум намояд:

- холҳои ба имтиҳони ӯ гузошташуда нодуруст ҳисоб карда шудааст;

- савол ё масъалаи тест: а)беш аз як ҷавоби дуруст дорад, б)ҷавоби дуруст ё ҳал надорад;

- варақа(ҳо)-и ҷавобҳои дар кабинети инфиродии ӯ гузошташуда ба ӯ тааллуқ надора(н)д.

Шартҳои асосӣ барои пешниҳоди аризаи апеллятсионӣ инҳоянд:

- довталаб бояд бо истифода аз нусхаи варақа(ҳо)-и ҷавобҳои дар кабинети инфиродияш гузошташуда ва калидҳо (ҷавобҳои дуруст), ки дар сомонаи Марказ гузошта шудааст, холҳои бадастовардаашро ҳисоб ва бо холҳои барои имтиҳон(ҳо) ба ӯ гузоштаи Марказ муқоиса намуда, маълум кунад, ки холҳои барои имтиҳон(ҳо) ба ӯ гузоштаи Марказ нодуруст ҳисоб карда шудааст;

- навиштани ариза дар шакли муқарраргардидаи ариза ва пурраю дақиқ нишон додани маълумоти зарурӣ;

- овардани далелҳои мушаххас дар бораи номувофиқатии холҳои шахсан ҳисобкардаи довталаб бо холҳои тибқи натиҷаҳои коркарди варақа(ҳо)-и ҷавобҳо гузоштаи Марказ.

Ҳангоми пешниҳод ва баррасии аризаи апеллятсионӣ бо худ шиноснома ва нусха(ҳо)-и варақа(ҳо)-и ҷавобҳоро доштани довталаб зарур аст.

Аризаҳои апеллятсионие, ки бе риояи шартҳои асосӣ, бе яке аз ҳуҷҷатҳои дар боло қайдшуда ё пас аз муҳлати муқарраргардида пешниҳод мегарданд, барои баррасӣ қабул карда намешаванд.

Вобаста ба пешниҳоди аризаҳои апеллятсионӣ аз довталабон хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми пур кардани шакли ариза маълумоти заруриро ба таври дақиқ ва хоно қайд намуда, фақат он бахшеро пур кунанд, ки ба довталаб дахл дорад (бахши “Аризадиҳанда/довталаб пур мекунад.”). Шакли аризаи апеллятсиониро дурусту бехато ва хоно пур кардани довталаб худ як навъ нишондиҳандаи босаводии ӯст.

Аризаи апеллятсионӣ вобаста аз хоҳиши довталаб (1) дар ҳузури довталаб ва намояндаи ӯ, (2) дар ҳузури намояндаи довталаб ва ё (3) бе довталаб ва намояндаи ӯ баррасӣ карда мешавад. Новобаста аз се ҳолати зикргардида ҳамаи аризаҳои апеллятсионӣ тибқи тартиб шаффоф баррасӣ шуда, комиссияи апеллятсионӣ одилона қарор мебарорад ва натиҷаҳои баррасӣ ба аризадиҳандаҳо дастрас карда мешаванд. Вобаста ба ин, ҷиҳати пешниҳод ва баррасии аризаи апеллятсионӣ довталабон аз шаҳру ноҳияҳои дур метавонанд, ки шакли аризаи апеллятсиониро аз сомонаи Марказ дарёфт карда чоп намоянд ва пас аз пур кардани он ба дафтар (офис)-и асосии Марказ наомада, ба воситаи почтаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. бахши минтақавии Марказ дар шаҳри Хоруғ ва муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо (нишонии онҳо дар зер оварда мешавад) ё бо намояндаи худ ба комиссияи апеллятсионӣ пешниҳод намоянд.

Аризаҳои апеллятсионие, ки танҳо бо мақсади шинос шудан бо варақаи ҷавобҳои пуркардаи довталаб пешниҳод мешаванд, барои баррасӣ қабул карда намешаванд, зеро нусхаи варақаҳои ҷавобҳои пуркардаи ҳар довталаб дар кабинети инфиродиаш гузошта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки натиҷаҳои дар имтиҳонҳо аз субтестҳо (фанҳо) бадастовардаи ҳар довталаб бо нишон додани хол, бал ва маълумот дар бораи соҳиб шудан ё нашудани довталаб ба холҳои гузариш ва роҳ ёфтан ё наёфтани ӯ ба озмуни тақсимот 25‑уми июл эълон карда мешаванд.

Маълумоти муфассалро дар бораи тартиби тартиби пешниҳод ва баррасии аризаи апеллятсионӣ аз “Низомнома дар бораи тартиби пешниҳод ва баррасии аризаи апеллятсионӣ дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо фармони вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20‑уми июли соли 2016, № 2145 тасдиқ гардидааст, пайдо кардан мумкин аст.

ТАВАҶҶУҲ! Варақаҳои сиёҳнавис ва китобчаҳои тест, ки дар имтиҳон истифода гардидаанд, барои даъво кардан далел шуда наметавонанд ва ба натиҷаи имтиҳон таъсир намерасонанд.

Агар то 31-уми июл натиҷаи аризаҳои апеллятсионӣ маълум нагардад, дар ин хусус довталабон метавонанд бевосита ба Марказ муроҷиат намоянд.

 

Почтаи электронӣ ва нишонии маконҳои пешниҳоди аризаҳои апеллятсионӣ

1. Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

2. Душанбе: Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 192;

- телефонҳо: 224 53 68, 224 53 73, 224 53 67, 224 53 66.

3. Хоруғ: бахши минтақавии Марказ:

- вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ, кӯчаи Иҷубов Мамадато, 234;

- телефон: 915-20-72-29.

4. Рашт: муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1‑и ба номи Хоҷа Абдулхайров:

- ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 27;

- телефон: 918-31-00-04.

5. Хуҷанд: муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 5-и ба номи 20-солагии Тоҷикистон:

- вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Калинников, 79;

- телефон: 911-10-12-97, 915-98-00-49, 915-98-00-89.

6. Панҷакент: муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ба номи И. П. Разин:

- вилояти Суғд, шаҳри Панҷакент, кӯчаи Д. Бобораҷабов, 37;

- телефон: 915-98-00-88.

7. Истаравшан: гимназияи № 5‑и ба номи Раҷаб Амонов:

- вилояти Суғд, шаҳри Истаравшан, кӯчаи А. Юсупов, 93;

- телефон: 915-98-00-70.

8. Қӯрғонтеппа: муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 12-и ба номи Анварбек Ҳамидов:

- вилояти Хатлон, шаҳри Қӯрғонтеппа, кӯчаи Дзержинский, 17;

- телефон: 915-98-00-58, 915-98-00-71.

9. Кӯлоб: муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ба номи В. П. Чкалов:

- вилояти Хатлон, шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 40;

- телефон: 915-98-00-50.

10. Данғара: муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2:

- вилояти Хатлон, ноҳияи Данғара, кӯчаи Нуралӣ Миралӣ;

- телефон: 915-98-00-63.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон