Душанбе, 10-уми апрели соли 2018
Маркази миллии тестии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ЭЪЛОНИ
озмун барои интихоби роҳбар ва ёвари роҳбари маркази имтиҳонӣ
Мансаб: роҳбари маркази имтиҳонӣ (54 ҷой);
ёвари роҳбари маркази имтиҳонӣ (54 ҷой).
Муддати кор: 15 (понздаҳ) рӯз – аз 29-ум июн то 13-уми июл бо имкони тамдид.
Макони иҷрои вазифа: ш. Душанбе – 32 нафар, н. Рашт – 2 нафар, ш. Хуҷанд – 12 нафар, ш. Истаравшан – 4 нафар, ш. Конибодом – 4 нафар, ш. Панҷакент – 4 нафар, н. Б. Ғафуров – 4 нафар, ш. Бохтар – 10 нафар, ш. Кӯлоб – 12 нафар, н. Восеъ – 4 нафар, н. Данғара – 4 нафар, н. Кӯшониён – 4 нафар, н. Ҷ. Балхӣ – 4 нафар, н. Шаҳритус – 4 нафар, ш. Хоруғ – 4 нафар.
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марказ) бо мақсади ташкил ва баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ марказҳои имтиҳонӣ таъсис медиҳад. Барои идораи раванди имтиҳон дар марказҳои имтиҳонӣ кормандони муваққатӣ ҷалб ва омӯзонида мешаванд. Бо ин мақсад Марказ барои интихоби роҳбарони марказҳои имтиҳонӣ ва ёварони роҳбарони марказҳои имтиҳонӣ озмун эълон менамояд. Кормандони интихобгардида барои ташкил ва идораи раванди имтиҳон дар марказҳои имтиҳонӣ масъул мегарданд.
Вазифаҳои асосӣ:
- омода намудани маркази имтиҳонӣ барои баргузории ИМД;
- иштироки фаъолона дар ташкил ва идораи раванди ИМД;
- назорати фаъолияти кормандони маркази имтиҳонии вобасташуда тибқи тартиби муқарраргардида;
- пешниҳоди ҳисоботи ҳаррӯза ва ҷамъбастӣ ба намояндаи Марказ.
Талаботи тахассусӣ:
- маълумоти олӣ;
- собиқаи педагогӣ на камтар аз 5 сол (ба омӯзгорони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ бартарӣ дода мешавад);
- таҷрибаи кори ташкилотчигӣ: ташкили чорабиниҳои васеъ бо иштироки шумораи зиёди иштирокдорон;
- малакаи зарурии кор дар ташкил ва баргузории имтиҳонҳо;
- қобилияти хуби муошират;
- озодона суҳбат намудан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ.
Бо назардошти хусусияти кор ба ҷавононе, ки ба талаботи тахассусии муқарраршуда ҷавобгӯй мебошанд, бартарӣ дода мешавад.
Интихоби роҳбар ва ёвари роҳбари маркази имтиҳонӣ ба воситаи озмун ба роҳ монда мешавад. Пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун дар ҳолати бархат (онлайн) сурат мегирад. Хоҳишмандон бояд бо нишонии http://vacancy.ntc.tj/ ба саҳифаи пешниҳоди ҳуҷҷатҳо гузашта, маълумотварақаро, ки дар он дастрас аст, бо забони тоҷикӣ пур кунанд. Сипас нусхаи рангаи шиноснома (бо нишон додани ҷойи зист), нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда, нусхаи рақами инфиродии суғуртавӣ ва нусхаи билети ҳарбиро (агар дошта бошад) замима карда, дархостро ирсол намоянд. Нусхаи ҳуҷҷатҳои бесифат пешниҳодшуда (агар равшану хоно набошанд) ба эътибор гирифта намешаванд. Муҳлати ниҳоии пешниҳоди дархост барои иштирок: 30-юми апрели соли 2018, то соати 16:00.
Маълумот барои тамос:
734003, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 192.
Телефон: (+992 37) 224 53 67, 224 53 68.
Факс: (+992 37) 224 53 66.
Нишонии электронӣ: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Шахси мутасаддӣ: Г. Давлатова.