Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ
      • Ҳуҷҷатҳои ММТ
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД-2021
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2021
    • Ҳисоботи даврӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2021
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2021-2022 (руйхати ихтисосҳо)
    • Ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷоди ва маҳорати махсус
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Китобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
  • Саволу ҷавоб

ЭЪЛОН: ОЗМУН БАРОИ ИНТИХОБИ ЁВАРИ НУҚТАИ БАҚАЙДГИРӢ

Нашр шуд: 20 Декабри 2018
Диданд: 80

Маркази миллии тестии назди

Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонДушанбе,

 

20-уми декабри соли 2018

Мансаб: ёвари роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ (34 ҷой)

 

Макони иҷрои вазифа: ш. Душанбе – 6 нафар, ш. Ваҳдат – 1 нафар, ш. Турсунзода – 1 нафар, ш. Ҳисор – 1 нафар, ш. Хуҷанд – 2 нафар, ш. Истаравшан – 1 нафар, ш. Исфара – 1 нафар, ш. Конибодом – 1 нафар, ш. Панҷакент – 1 нафар, ш. Бохтар – 2 нафар, ш. Кӯлоб – 2 нафар, ш. Хоруғ – 1 нафар, н. Рашт – 1 нафар, н. Рӯдакӣ – 1 нафар, н. Ашт – 1 нафар, н. Б. Ғафуров – 1 нафар, н. А. Ҷомӣ – 1 нафар, н. Вахш – 1 нафар, н. Восеъ – 1 нафар, н. Данғара – 1 нафар, н. Ёвон – 1 нафар, н. Панҷ – 1 нафар, н. Фархор – 1 нафар, н. Ҳамадонӣ – 1 нафар, н. Ҷ. Балхӣ – 1 нафар, н. Шаҳритус – 1 нафар.

 

Муддати кор: 47 рӯз (аз 1-уми март то 30-юми апрели соли 2019 бо имкони тамдид).

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марказ) бо мақсади бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2019 дар заминаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои интихобшудаи ҷумҳурӣ нуқтаҳои бақайдгириро таъсис медиҳад. Барои бақайдгирии довталабон дар нуқтаҳои бақайдгирӣ кормандони муваққатӣ ҷалб ва омӯзонида мешаванд. Бо ин мақсад Марказ барои интихоби бақайдгирандагони нуқтаҳои бақайдгирӣ озмун эълон менамояд. Кормандони интихобгардида барои ташкил ва бақайдгирии довталабон дар нуқтаҳои бақайдгирии вобасташуда масъул мегарданд.

 

Вазифаҳои асосӣ:

- иштироки фаъолона дар ташкил ва назорату идораи раванди бақайдгирии довталабон;

- омода намудани нуқтаи бақайдгирӣ ва таҷҳизоти техникӣ барои бақайдгирии довталабон;

- назорату идораи фаъолияти кормандони муваққатӣ тибқи тартиби муқарраргардида;

- дар зарурат иваз кардани яке аз бақайдгирандагон дар нуқтаи бақайдгирӣ;

- пешниҳоди ҳисоботи ҳаррӯза ва ҷамъбастӣ ба роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ.

 

Талаботи тахассусӣ:

- таҳсилоти олии касбӣ ё олии касбии нопурра;

- таҷрибаи кори ташкилотчигӣ: ташкили чорабиниҳои васеъ бо иштироки шумораи зиёди иштирокчиён;

- маҳорати хуби муошират;

- малакаи кор бо воситаҳои барномавӣ-идоравии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ: ноутбук, веб-камера, чопгар (принтер), шабакаҳои маҳаллӣ, флеш-хотира, барномаҳои офисӣ ва бастаи барномаҳои коркарди электронии ҳуҷҷатҳо;

- малакаи озодона суҳбат намудан ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ.

 

Бо дарназардошти хусусияти кор ба ҷавононе, ки ба талаботи тахассусии муқарраршуда ҷавобгӯй мебошанд, бартарӣ дода мешавад.

Интихоби бақайдгирандагони нуқтаҳои бақайдгирӣ дар асоси озмун ба роҳ монда мешавад. Пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун дар ҳолати бархат (онлайн) сурат мегирад. Хоҳишмандон бояд бо нишонии http://vacancy.ntc.tj/ ба саҳифаи пешниҳоди ҳуҷҷатҳо гузашта, маълумотварақаро, ки дар он дастрас аст, бо забони тоҷикӣ пур кунанд. Сипас нусхаи рангаи шиноснома (бо нишон додани ҷойи зист), нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда, нусхаи рақами инфиродии суғуртавӣ ва нусхаи билети ҳарбиро (агар дошта бошад) замима карда, дархостро ирсол намоянд. Нусхаи ҳуҷҷатҳои бесифат пешниҳодшуда (агар равшану хоно набошанд) ба эътибор гирифта намешаванд. Муҳлати ниҳоии пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун: 20-уми январи соли 2019, то соати 17:00.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нуқтаҳои бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД-2021Нуқтаҳои бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД-2021
  • Роҳнамои довталаб - 2021Роҳнамои довталаб - 2021
  • Намунаи саволу масъалаҳои тестНамунаи саволу масъалаҳои тест
  • Нақшаи қабули с.т. 2021-2022(ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2021-2022(ҷадвали ихтисосҳо)
  • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)

Мақолаҳо

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2021 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон