Маркази миллии тестии назди
Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонДушанбе,
20-уми декабри соли 2018
Мансаб: бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣ (140 ҷой)
Макони иҷрои вазифа: ш. Душанбе – 30 нафар, ш. Ваҳдат – 6 нафар, ш. Турсунзода – 4 нафар, ш. Ҳисор – 2 нафар, ш. Хуҷанд – 10 нафар, ш. Истаравшан – 4 нафар, ш. Исфара – 2 нафар, ш. Конибодом – 2 нафар, ш. Панҷакент – 2 нафар, ш. Бохтар – 12 нафар, ш. Кӯлоб – 12 нафар, ш. Хоруғ – 4 нафар, н. Рашт – 4 нафар, н. Рӯдакӣ – 2 нафар, н. Ашт – 2 нафар, н. Б. Ғафуров – 4 нафар, н. А. Ҷомӣ – 2 нафар, н. Вахш – 2 нафар, н. Восеъ – 4 нафар, н. Данғара – 6 нафар, н. Ёвон – 4 нафар, н. Панҷ – 2 нафар, н. Фархор – 2 нафар, н. Ҳамадонӣ – 2 нафар, н. Ҷ. Балхӣ – 4 нафар, н. Шаҳритус – 6 нафар, н. Айнӣ – 2 нафар, н. Деваштич – 2 нафар
Муддати кор: барои ноҳияҳои Айнӣ ва Деваштич 26 рӯз (аз 1-ум то 30-юми апрели соли 2019 бо имкони тамдид) ва барои шаҳру ноҳияҳои дигар 34 рӯз (аз 1-уми март то 15-уми апрели соли 2019 бо имкони тамдид)
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марказ) бо мақсади бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2019 дар заминаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои интихобшудаи ҷумҳурӣ нуқтаҳои бақайдгириро таъсис медиҳад. Барои бақайдгирии довталабон дар нуқтаҳои бақайдгирӣ кормандони муваққатӣ ҷалб ва омӯзонида мешаванд. Бо ин мақсад Марказ барои интихоби бақайдгирандагони нуқтаҳои бақайдгирӣ озмун эълон менамояд. Кормандони интихобгардида барои ташкил ва бақайдгирии довталабон дар нуқтаҳои бақайдгирии вобасташуда масъул мегарданд.
Вазифаҳои асосӣ:
- омода намудани нуқтаи бақайдгирӣ ва таҷҳизоти техникӣ барои бақайдгирии довталабон;
- таъмини дақиқ ва дуруст ворид намудани маълумот тибқи қоида ва дастурамали мансабӣ;
- таъмини нигаҳдории маълумоти чопӣ ва электронии довталабон то замони ба роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ супоридани он;
- пешниҳоди ҳисоботи ҳаррӯза ва ҷамъбастӣ ба роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ.
Талаботи тахассусӣ:
- таҳсилоти олии касбӣ ё олии касбии нопурра;
- таҷрибаи корӣ дар соҳаи маориф;
- малакаи кор бо воситаҳои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ: ноутбук, веб-камера, чопгар (принтер), шабакаҳои маҳаллӣ, флеш-хотира, барномаҳои офисӣ ва бастаи барномаҳои коркарди электронии ҳуҷҷатҳо;
- малакаи озодона суҳбат намудан ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ.
Бо дарназардошти хусусияти кор ба ҷавононе, ки ба талаботи тахассусии муқарраршуда ҷавобгӯй мебошанд, бартарӣ дода мешавад.
Интихоби бақайдгирандагони нуқтаҳои бақайдгирӣ дар асоси озмун ба роҳ монда мешавад. Пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун дар ҳолати бархат (онлайн) сурат мегирад. Хоҳишмандон бояд бо нишонии http://vacancy.ntc.tj/ ба саҳифаи пешниҳоди ҳуҷҷатҳо гузашта, маълумотварақаро, ки дар он дастрас аст, бо забони тоҷикӣ пур кунанд. Сипас нусхаи рангаи шиноснома (бо нишон додани ҷойи зист), нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда, нусхаи рақами инфиродии суғуртавӣ ва нусхаи билети ҳарбиро (агар дошта бошад) замима карда, дархостро ирсол намоянд. Нусхаи ҳуҷҷатҳои бесифат пешниҳодшуда (агар равшану хоно набошанд) ба эътибор гирифта намешаванд. Муҳлати ниҳоии пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун: 20-уми январи соли 2019, то соати 17:00.