Душанбе, 13-уми августи соли 2026
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати довталабоне, ки ба озмуни тақсимоти асосии довталабон роҳ ёфта, лекин дар озмуни мазкур аз рӯйи ягон комбинатсияи ихтисоси интихобкардаашон муваффақ нагардиданд, мерасонад, ки бинобар зиёд будани шумораи довталабони хоҳишманд муҳлати азнавбақайдгирӣ барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ то 14-уми август дар нуқтаҳои бақайдгирии зерин дароз карда шуд.
Хотиррасон менамоем, маълумоти муфассал дар бораи тартиби азнавбақайдгирӣ ва озмуни тақсимоти такрорӣ, инчунин рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳое, ки баъд аз озмуни тақсимоти асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ мувофиқи нақшаи қабули донишҷӯён дар онҳо ҷойҳои холӣ мондаанд, дар эълонҳои қаблии Марказ ҷойгир карда шудааст.
Рӯйхати муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумие, ки дар заминаи онҳо барои азнавбақайдгирии довталабон ҷиҳати иштирок дар тақсимоти такрорӣ тибқи натиҷаҳои ИМД 2026 нуқтаҳои бақайдгирӣ ташкил карда мешаванд
|
Р/т |
Рақами НБ |
Муассисае, ки дар заминаи он НБ ташкил карда мешавад |
||
|
ном |
нишонӣ |
нуқтаи роҳнамо |
||
|
Шаҳри Душанбе |
||||
|
1 |
01/01 |
Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 12-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ |
шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, хиёбони Рӯдакӣ, 189 |
чорроҳаи истгоҳи “Водонасос” |
|
2 |
01/02 |
Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 24-и ноҳияи Фирдавсӣ |
шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Фирдавсӣ, 61 |
бозори “Саховат”, паси тарабхонаи “Суғдиён” |
|
3 |
01/03 |
Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 56 |
шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Абдураҳмони Ҷомӣ, 67а |
бозорчаи “Дӯстӣ” |
|
4 |
01/04 |
Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 95‑и ноҳияи Сино |
шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, маҳаллаи Зарафшон-1 |
маҳаллаи Зарафшон |
|
5 |
01/05 |
Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 100-и ноҳияи Шоҳмансур |
шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Назаршоев, 17 |
маркази савдои “Ёқут-2000”, чойхонаи “Вохӯрӣ” (саристгоҳи роҳи оҳан) |
|
Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ |
||||
|
6 |
01/06 |
Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 98 |
шаҳри Турсунзода, маҳаллаи 3-юм |
маркази савдои “Ветеран” |
|
7 |
01/07 |
Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ба номи Хоҷа Абдулхайрови ноҳияи Рашт |
ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 27 |
маркази ноҳия (шаҳраки Ғарм) |
|
Вилояти Суғд |
||||
|
8 |
02/01 |
Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 2-и ба номи Зайниддин Осимии шаҳри Хуҷанд |
шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Мадади Сино, 5 |
маҳаллаи Бофанда (Шелкокомбинат) |
|
9 |
02/02 |
Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 3-и ба номи Набӣ Каримов |
шаҳри Панҷакент, хиёбони Рӯдакӣ, 208 |
бозори масолеҳи сохтмонии “Ҳумо”, бозори либос |
|
Вилояти Хатлон |
||||
|
10 |
03/01 |
Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 4-и шаҳри Бохтар |
шаҳри Бохтар, кӯчаи А. Расулов, 35 |
кӯдакистони № 10, комбинати ордбарорӣ |
|
11 |
03/02 |
Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 6‑и ба номи Д. Назарови шаҳри Кӯлоб |
шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Даминзода, 385 |
роҳи марказӣ |
|
12 |
03/03 |
Литсейи тамоюли техникии ба номи Афлотун |
ноҳияи Данғара, кӯчаи Марказӣ, 30 |
шуъбаи маориф |
|
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон |
||||
|
13 |
04/01 |
Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев |
шаҳри Хоруғ, кӯчаи Ленин, 28 |
маркази шаҳр |





