Душанбе, 9-уми июли соли 2024
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар калид (ҷавоби дуруст)-и яке аз саволу масъалаҳои тест аз забони англисӣ, гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум - "Ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ"-и қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) баъд аз нашр кардан хатои техникӣ маълум гардид. Вобаста ба ин, хоҳиш менамоем, ки калид (ҷавоби дуруст)-и санаи 9‑уми июл дар сомонаи Марказ боргузорӣ карда шуда, ба назар гирифта шавад.