Душанбе, 3-юми марти соли 2018
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар калид (ҷавоби дуруст)-и яке аз саволҳои тести маҷмӯаи саволу масъалаҳои тест аз таърихи халқи тоҷик ва асосҳои давлат ва ҳуқуқи қисми А (имтиҳони умумӣ) баъд аз нашр кардан хатои техникӣ маълум гардид. Ҷавоби дуруст ба саволи № 200-и фанни таърихи халқи тоҷик (саволу масъалаҳо бо интихоби як ҷавоби дуруст) гуна (вариант)-и дурусти ҷавоб “D” буда, дар калидҳо иштибоҳан гунаи “C” нишон дода шудааст.
Савол ин аст:
200 |
Давраи дарозтарини таърихи инсоният кадом аст? |
|||||||
|
||||||||
А) |
асри иттилоот |
В) |
асри саноат |
С) |
асри оҳан |
D) |
асри санг |
Лозим ба қайд аст, ки гунаи электронии ислоҳшудаи маҷмӯаи мазкур дар сомонаи Марказ аз 3‑юми март (соати 12:00) гузошта шуд. Вобаста ба ин, хоҳиш менамоем, ки ҳолати мазкур дар гунаи чопии маҷмӯаи саволу масъалаҳои тест аз таърихи халқи тоҷик ва асосҳои давлат ва ҳуқуқи қисми А (имтиҳони умумӣ), ки ба муассисаҳои таълимӣ дастрас гардонида шудааст, инчунин гунаи электронии он, ки аз сомонаи Марказ то 3‑юми март (соати 12:00) боргузорӣ карда шудааст, ба назар гирифта шавад.