Душанбе, 21-уми январи соли 2015
Мансаб: ёвари роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ (26 ҷой)
Муҳлат: аз 7 то 9 ҳафта (аз 1-уми март то 15-уми апрел бо имкони тамдид)
Макони иҷрои вазифа: ш. Душанбе – 4 нафар, н. Рӯдакӣ – 1 нафар, н. Ҳисор – 1 нафар, ш. Ваҳдат – 1 нафар,
ш. Турсунзода – 1 нафар, н. Рашт – 1 нафар, ш. Қӯрғонтеппа – 2 нафар, н. Шаҳритус – 1 нафар,
ш. Кӯлоб – 1 нафар, н. Данғара – 1 нафар, н. Қумсангир – 1 нафар, н. Восеъ – 1 нафар,
н. Ҳамадонӣ – 1 нафар, н. Фархор – 1 нафар, ш. Хуҷанд – 2 нафар, н. Б. Ғафуров – 1 нафар,
ш. Панҷакент – 1 нафар, ш. Истаравшан – 1 нафар, ш. Конибодом – 1 нафар,
н. Ашт – 1 нафар, ш. Хоруғ – 1 нафар
Барои бақайдгирии довталабон дар доираи ташкил ва баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММТНПҶТ) дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нуқтаҳои бақайдгирӣ таъсис медиҳад. Барои идораи раванди бақайдгирии довталабон дар нуқтаҳои бақайдгирӣ кормандони муваққатӣ ҷалб ва омӯзонида мешаванд.
Бо ин мақсад ММТНПҶТ барои интихоби ёварони роҳбарони нуқтаҳои бақайдгирӣ озмун эълон менамояд. Кормандони интихобгардида барои ташкил ва идораи раванди бақайдгирии довталабон ва ёрӣ расонидан ба роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ масъул мегарданд.
Вазифаҳои асосӣ:
- иштироки фаъолона дар ташкил ва идораи раванди бақайдгирии довталабон
- омода намудани нуқтаи бақайдгирӣ ва бақайдгирандаон барои бақайдгирии довталабон
- назорат аз рӯи фаъолияти кормандони муваққатӣ тибқи тартиби муайян
- дар вақти зарурӣ иваз намудани яке аз бақайдгирандагон дар нуқтаи бақайдгирӣ
- таҳия ва пешниҳоди ҳисоботҳои ҳаррӯза ва ҷамъбастӣ (дар ҳолатҳои зарурӣ)
Талаботи тахассусӣ:
- маълумоти олӣ ё олии нопурра
- таҷрибаи кори ташкилотчигӣ: ташкили чорабиниҳои калонҳаҷм бо иштироки шумораи зиёди иштирокчиён
- мавҷудияти қобилияти координаторӣ ва ё идораи раванд
- малакаи зарурии корӣ бо воситаҳои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ: ноутбук, веб-камера, принтер, шабакаҳои маҳаллӣ, флеш-хотира, барномаҳои офисӣ ва дастаи барномаҳои коркарди электронии ҳуҷҷатҳо
- озодона суҳбат намудан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ
- ба иштирокчиёни имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ–2014 афзалият дода мешавад.
Барои иштирок дар озмун хоҳишмандон бояд ҳолнома (CV) бо забонҳои тоҷикӣ ё русӣ, тавсиянома аз ҷойи кор, рақами мушаххаси андозсупоранда, рақами мушаххаси суғуртавӣ ва нусхаи шиноснома бо қайди ҷойи зистро ба суроғаи зерин пешниҳод намоянд:
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шахсони мутасаддӣ:
Дар ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ,192
Т. Каримов – 915 98 00 88 (ш. Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ)
e-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Телефон: (992-37) 224-53-67, 224-53-68
Факс: (992-37) 224-53-66
Дар вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯчаи Ҳаким Карим, 16
В. Сабуров – 915 98 00 89 (вилояти Суғд)
e-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Дар вилояти Хатлон, ш. Қӯрғонтеппа, кӯчаи Борбад, 13
Р. Халилов – 915 98 00 58 (вилояти Хатлон)
e-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ш. Хоруғ, кӯчаи Иҷубов Мамадато, 234
М. Шоназарова – 915 98 00 51 (ВМКБ)
e-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Интихоб тариқи озмун гузаронида мешавад.
Муҳлати ниҳоии пешниҳоди дархост барои иштирок: 30-юми январи соли 2015, то соати 16:00