18-уми августи соли 2016
Ихтисосҳое, ки дар онҳо пас аз озмуни тақсимоти асосӣ ва инчунин бинобар сари вақт барои аз қайди муассисаҳои таълимӣ гузаштан ҳозир нашудан ё аз таҳсил даст кашидани довталабони дар озмуни тақсимоти асосӣ комёбгардида ҷойҳои холӣ мондааст, муайян ва барои интихоби довталабон пешниҳод мегардад. Рӯйхатҳои ихтисосҳои зикршуда дар сомонаи Марказ гузошта шуд.
Лозим ба қайд аст, ки аз рӯйи ихтисосҳои зерини факултаи муштараки технологияи информатсионии Тоҷикистону Белорусияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки пас аз озмуни тақсимоти асосӣ дар онҳо ҷойҳои холӣ монда, барои озмуни тақсимоти такрорӣ пешниҳод гардидаанд, донишҷӯёни қабулшуда 2 сол дар донишгоҳи мазкур ва 2 соли дигар дар Донишгоҳи давлатии Белорусия таҳсилро идома дода, пас аз хатм соҳиби 2 диплом мегарданд ва аз имтиёзҳои барои шаҳрвандони Белорусия муқарраргардида истифода менамоянд. Бо назардошти он ки забони таҳсил аз рӯйи ин ихтисосҳо танҳо русӣ мебошад, забони русиро донистани довталабон ҳатмист.
Рамзи ихтисос |
Номи ихтисос |
Шакли таҳсил |
Намуди таҳсил |
Мавҷудияти забони таҳсил |
Нақшаи қабул |
Ҷойҳои холӣ |
198010101 |
Амнияти компютерӣ (ФТБ) |
рӯзона |
пулакӣ (7850 сомонӣ) |
русӣ |
22 |
22 |
131030700 |
Информатикаи татбиқӣ (ФТБ) |
рӯзона |
пулакӣ (7850 сомонӣ) |
русӣ |
22 |
22 |
1310302 |
Математика ва технологияи информатсионӣ (ФТБ) |
рӯзона |
пулакӣ (7850 сомонӣ) |
русӣ |
22 |
22 |
Ба довталабон тавсия дода мешавад, ки бо ихтисосҳои дорои ҷойҳои холӣ тавассути сомонаи Марказ пешакӣ шинос шуда, дар интихоби комбинатсияи ихтисосҳо, бахусус муқаррар кардани афзалияти интихобҳо, шакли таҳсил (рӯзона, ғоибона, шабона, фосилавӣ), намуди таҳсил (ройгон, пулакӣ), муассисаҳои таълимӣ (донишгоҳ, донишкада, коллеҷ) ва макони ҷойгиршавии онҳо ба шитобкорӣ ва хато роҳ надиҳанд. Инчунин, комбинатсияи ихтисосҳоро бо назардошти бали умумии бадастовардаашон интихоб намоянд.
Хотиррасон менамоем, ки аз рӯйи баъзе комбинатсияи ихтисосҳое, ки таваҷҷуҳи довталабон ба онҳо зиёд аст, имкони озмуни баланд вуҷуд дорад ва ин боиси он мегардад, ки довталаби бали камтардошта агар чунин комбинатсияи ихтисосҳоро интихоб карда бошад, дар озмуни тақсимоти такрорӣ низ комёб нагардад. Лозим ба ёдоварист, ки дар гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) шумораи нисбатан зиёди ҷойҳои холӣ вуҷуд дорад ва ба довталабони гурӯҳҳои ихтисосҳои 2-юм, 3-юм, 4-ум ва 5-ум имкон дода мешавад, ки дар сурати аз гурӯҳҳои ихтисосҳои пештар интихобкардаашон даст кашидан ихтисосҳои ҷойҳои холидоштаро аз гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) интихоб кунанд. Озмуни тақсимоти такрорӣ барои ихтисосҳои гурӯҳи 1-ум дар асоси балҳои умумии танҳо аз қисми А (имтиҳони умумӣ) бадастовардаи довталабон доир карда мешавад.