Душанбе, 3-юми апрели соли 2015
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати довталабон мерасонад!
Аз 16-уми апрели соли ҷорӣ азнавбақайдгирии довталабоне шурӯъ мешавад, ки аз қайд гузаштаанду хоҳиши иваз кардани интихобҳои аввалия ё маълумоти шахсии худро доранд. Азнавбақайдгирӣ то 30-юми апрел идома ёфта, барои он довталаби хоҳишманд ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва расиди пардохти маблағи иловагиро ба нуқтаи бақайдгирие бояд пешниҳод намояд, ки қаблан дар он ба қайд гирифта шудааст. Довталабоне, ки дар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ аз қайд гузаштаанд, барои муайян кардани макони ҷойгиршавии нуқтаҳои азнавбақайдгирӣ барои чунин нафарон бо телефонҳои хатти мустақим (224-53-66, 224-53-67, 224-53-68) бояд дар тамос шаванд.
Ҳуҷҷатҳои зарурӣ:
1. шиноснома ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият бо сурат, ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст;
2. варақаи бақайдгирии давраи асосии бақайдгирӣ;
3. расиди пардохти маблағи иловагӣ дар филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” барои иштирок дар ИМД.
Иттилоъ медиҳем, ки дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасонӣ барои азнавбақайдгирӣ 18 сомонӣ муқаррар карда шудааст.
Тибқи тартиби муқарраргардида ятимони кулл ва бепарасторон аз пардохти маблағ пурра озоданд.
Пардохти маблағ дар яке аз филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” бояд анҷом дода шавад.
Хотиррасон мекунем, довталабоне, ки ҳангоми бақайдгирии асосӣ аз қайд нагузаштаанд, дар ин давра ба қайд гирифта намешаванд.