Душанбе, 23‑юми августи соли 2018
Ба диққати довталабоне, ки ба тақсимоти асосии довталабон (натиҷаҳои он 7‑уми август эълон гардид) роҳ ёфта, лекин дар тақсимоти мазкур аз рӯйи ягон комбинатсияи ихтисоси интихобкардаашон комёб нагардиданд, расонида мешавад, ки барои иштироки довталабон дар тақсимоти такрорӣ аз рӯйи ҷойҳое, ки тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баъд аз тақсимоти асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2018 холӣ мондаанд, азнавбақайдгирӣ баргузор карда мешавад. Азнавбақайдгирии довталабон барои иштирокашон дар тақсимоти такрорӣ аз 24‑ум то 27‑уми август сурат мегирад. Натиҷаҳои тақсимоти такрорӣ, ки дар асоси балҳои аз имтиҳонҳо бадастовардаи довталабон ба таври худкор тавассути системаи иттилоотии “Довталаб”, яъне бе дахолати омили инсонӣ гузаронида мешавад, 30‑юми август эълон карда мешавад.
Хотиррасон менамоем, довталабоне, ки дар озмуни тақсимоти асосӣ аз рӯйи яке аз ихтисосҳои интихобкардаашон ба ин ё он муассисаи таълимӣ гузашта буданд, инчунин довталабоне, ки холҳои гузаришро аз як ё якчанд субтест соҳиб нагардида, ба озмуни тақсимоти асосӣ роҳ наёфта буданд, ҳуқуқи иштирокро дар озмуни тақсимоти такрорӣ надоранд.
Довталабро зарур аст, ки барои азнавбақайдгирӣ ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ, ки рӯйхаташон дар зер оварда шудааст, муроҷиат карда, ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кунад:
1) шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият бо сурат, ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст;
2) варақаи бақайдгирӣ (ё даъватнома);
3) расид аз филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” оид ба пардохти маблағи иловагӣ (25 сомонӣ).
ТАВАҶҶУҲ! Рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои дорои ҷойҳои холӣ, ки барои тақсимоти такрорӣ пешниҳод мегардад, дар дар сомонаи Марказ гузошта шудааст. Ба довталабон тавсия дода мешавад, ки комбинатсияҳои ихтисосҳоро пешакӣ интихоб карда, баъдан ба нуқтаҳои азнавбақайдгирӣ муроҷиат кунанд. Тибқи тартиботи муқарраршуда ба бартарии интихобҳо диққат диҳанд ва ба хатоҳо роҳ надиҳанд.
Тартиби тақсимоти такрории довталабон ба ҷойҳое, ки тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баъд аз тақсимоти асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2018 холӣ мондаанд, бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20‑уми авугсти соли 2018, № 3323 тасдиқ гардидааст.
Мувофиқи тартиби мазкур тақсимоти такрории довталабон аз нав имтиҳон супоридани довталабонро талаб намекунад ва он аз рӯйи комбинатсияи ихтисосҳои аз нав интихобкардаи довталабон дар асоси балҳои умумии аз қисмҳои дахлдор бадастовардаашон мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути алгоритм ва модули барномавии махсуси системаи иттилоотии “Довталаб” дар асоси озмун анҷом дода мешавад.
Дар тақсимоти такрорӣ довталабоне ҳуқуқи иштирок карданро доранд, ки ба тақсимот роҳ ёфта, лекин тибқи натиҷаҳои тақсимоти асосӣ дар асоси балҳои умумии бадастовардаашон аз рӯйи комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон нагузаштаанд.
Довталабе, ки дар тақсимоти такрорӣ ҳуқуқи иштирок карданро дорад, дар доираи як гурӯҳи ихтисосҳо то 12 комбинатсияи ихтисосҳоро метавонад интихоб намояд.
Довталабе, ки:
- аз ҳамаи субтестҳои қисмҳои А (имтиҳони умумӣ) ва Б (имтиҳони ихтисос) холҳои гузаришро соҳиб гардидааст, метавонад ихтисосҳоеро интихоб намояд, ки супоридани қисмҳои А ва Б-ро талаб менамоянд;
- аз ҳамаи субтестҳои танҳо қисми А (имтиҳони умумӣ) ва аз қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ё маҳорати махсус) холҳои гузаришро соҳиб гардидааст, метавонад ихтисосҳоеро интихоб намояд, ки супоридани қисмҳои А ва В-ро талаб менамоянд;
- аз ҳамаи субтестҳои қисмҳои А (имтиҳони умумӣ) ва Б (имтиҳони ихтисос) ва аз қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ё маҳорати махсус) холҳои гузаришро соҳиб гардидааст, метавонад ихтисосҳоеро интихоб намояд, ки супоридани қисмҳои А ва Б-ро талаб менамоянд ва ҳам ихтисосҳоеро, ки супоридани қисмҳои А ва В-ро талаб мекунанд;
- аз ҳамаи субтестҳои қисмҳои А (имтиҳони умумӣ) ва Б (имтиҳони ихтисос) ва аз қисми Г (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ) холҳои гузаришро соҳиб гардидааст, метавонад ҳам ихтисосҳоеро интихоб намояд, ки супоридани қисмҳои А ва Б-ро талаб менамоянд ва ҳам ихтисосҳоеро, ки супоридани қисмҳои А, Б ва Г-ро талаб мекунанд.
Довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) ҳуқуқи интихоб кардани ихтисосҳоро дар доираи танҳо ҳамин гурӯҳи ихтисосҳо доранд.
Довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география) ҳуқуқ доранд, ки ихтисосҳоеро, ки супоридани қисмҳои А (имтиҳони умумӣ) ва Б (имтиҳони ихтисос)‑ро талаб мекунанд, дар доираи ҳамин гурӯҳи ихтисосҳо ё гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) интихоб кунанд. Агар довталаби гурӯҳи ихтисосҳои 2‑юм (иқтисод ва география) аз ҳамаи субтестҳои қисмҳои А (имтиҳони умумӣ) ва Б (имтиҳони ихтисос), инчунин аз қисми Г (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ)‑ро холҳои гузаришро ба даст оварда бошаду ихтисосҳоро дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) интихоб кардан хоҳад, дар доираи ин гурӯҳ ихтисосҳоеро, ки супоридани қисмҳои А, Б ва Г-ро талаб мекунанд, интихоб карда метавонад.
Довталабони гурӯҳҳои ихтисосҳои 3-юм (филология, педагогика ва санъат), 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) ва 5-ум (тиб, биология ва варзиш), ки аз ҳамаи субтестҳои қисмҳои А (имтиҳони умумӣ) ва Б (имтиҳони ихтисос) холҳои гузаришро соҳиб гардидаанд, ихтисосҳоеро, ки супоридани қисмҳои А ва Б-ро талаб менамоянд, дар доираи яке аз гурӯҳҳои ихтисосҳои зерин интихоб карда метавонанд:
- гурӯҳи ихтисосҳои қаблан интихобкардаашон;
- гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ);
- гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география);
Агар довталаби гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм (филология, педагогика ва санъат) ё 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) ё 5-ум (тиб, биология ва варзиш) аз ҳамаи субтестҳои қисмҳои А (имтиҳони умумӣ) ва Б (имтиҳони ихтисос), инчунин аз қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ё маҳорати махсус) ва (ё) аз қисми Г (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ) холҳои гузаришро соҳиб гардида бошад, ихтисосҳои дахлдорро дар доираи яке аз гурӯҳҳои ихтисосҳои зерин чунин интихоб карда метавонад:
- ихтисосҳои супоридани қисмҳои А ва Б талабкунанда ва (ё) ихтисосҳои супоридани қисмҳои А ва В талабкунанда ва (ё) ихтисосҳои супоридани қисмҳои А, Б ва Г талабкунандаро аз гурӯҳи ихтисосҳои қаблан интихобкарда;
- ихтисосҳои супоридани қисмҳои А ва Б талабкунандаро аз гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ);
- ихтисосҳои супоридани қисмҳои А ва Б талабкунандаро аз гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география).
Агар довталаби гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм (филология, педагогика ва санъат) ё 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) ё 5-ум (тиб, биология ва варзиш) аз ҳамаи субтестҳои танҳо қисми А (имтиҳони умумӣ) ва аз қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ё маҳорати махсус) холҳои гузаришро соҳиб гардида бошад, ихтисосҳоеро, ки супоридани қисмҳои А ва В-ро талаб менамоянд, дар доираи танҳо гурӯҳи ихтисосҳои қаблан интихобкардаашон метавонад интихоб кунад.
Довталабе, ки аз рӯйи ихтисосҳои интихобкардааш қисми А (имтиҳони умумӣ) ва қисми В (имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсус)-ро супорида, ба тақсимот роҳ ёфтааст, ҳуқуқ дорад, ки дар сурати якхела будани шарту талаботи қисми В-и як ихтисос дар якчанд муассисаи таълимӣ барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ чунин ихтисосро дар доираи самти дахлдор (санъат (тасвирӣ ё мусиқӣ), варзиш, дизайн, меъморӣ, ҳайкалтарошӣ ё динӣ) аз якчанд муассисаи таълимӣ интихоб намояд.
Тақсимоти такрории довталабон аз рӯйи комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон дар асоси балҳои аз қисмҳои дахлдор бадастовардаашон дар доираи шумораи ҷойҳое, ки тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ҷудо гардидааст, амалӣ мешавад.
Вобаста аз намуд ва гурӯҳи ихтисосҳо тақсимоти такрории довталабон аз рӯйи комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардаашон дар асоси балҳои умумии зерин анҷом дода мешавад:
- бали умумие, ки аз ҷамъи балҳои аз субтетҳои қисми А ва бали аз ҳисоби имтиёз (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст – дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) ва 2-юм (иқтисод ва география) барои ихтисосҳое, ки супоридани қисмҳои А ва Б-ро талаб мекунанд;
- бали умумие, ки аз ҷамъи балҳои аз қисмҳои А ва Г, инчунин бали аз ҳисоби имтиёз (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст – дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) ва 2-юм (иқтисод ва география) барои ихтисосҳое, ки супоридани қисмҳои А, Б ва Г-ро талаб мекунанд
- бали умумие, ки аз ҷамъи балҳои аз қисмҳои А ва Б, инчунин бали аз ҳисоби имтиёз ё коэффитсиент (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст
- дар доираи гурӯҳҳои ихтисосҳои 3-юм (филология, педагогика ва санъат), 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) ва 5-ум (тиб, биология ва варзиш) барои ихтисосҳое, ки супоридани қисмҳои А ва Б-ро талаб мекунанд;
- бали умумие, ки аз ҷамъи балҳои аз қисмҳои А ва В, инчунин бали аз ҳисоби имтиёз (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст – дар доираи ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо барои ихтисосҳое, ки супоридани қисмҳои А ва В-ро талаб мекунанд;
- бали умумие, ки аз ҷамъи балҳои аз қисмҳои А, Б ва Г, инчунин бали аз ҳисоби имтиёз (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст – дар доираи гурӯҳҳои ихтисосҳои 3-юм (филология, педагогика ва санъат), 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) ва 5-ум (тиб, биология ва варзиш) барои ихтисосҳое, ки супоридани қисмҳои А, Б ва Г-ро талаб мекунанд.
Тақсимоти такрории довталаб аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш мувофиқи бартарии интихоб ва ҷойи довталаб дар рӯйхати тибқи балҳои умумии дахлдори бадастовардаи довталабон мураттабшуда, ки барои ҳар яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои мазкур тартиб дода шудааст, анҷом дода мешавад.
Тақсимоти довталаб дар раванди тақсимоти такрорӣ дар навбати аввал аз рӯйи комбинатсияи ихтисосе, ки дар рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳо дар варақаи бақайдгирӣ дар ҷойи якум нишон додааст (яъне бартарии интихобаш якум), баррасӣ карда мешавад. Агар довталаб дар асоси бали умумии бадастовардааш аз рӯйи комбинатсияи ихтисоси якум нишондодааш муваффақ шавад, тақсимоти ӯ аз рӯйи комбинатсияҳои ихтисосҳои минбаъдаи интихобкардааш ба роҳ монда намешавад.
Агар довталаб дар асоси бали умумии бадастовардааш аз рӯйи комбинатсияи ихтисосе, ки дар рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳо дар варақаи бақайдгирӣ дар ҷойи якум нишон додааст (яъне бартарии интихобаш якум), нагузарад, тақсимоти ӯ аз рӯйи комбинатсияи ихтисосе, ки дар рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳо дар варақаи бақайдгирӣ дар ҷойи дуюм нишон додааст (яъне бартарии интихобаш дуюм), ба роҳ монда мешавад. Раванди тақсимот бо ин тартиб то замоне идома меёбад, ки довталаб ё аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш муваффақ мешавад ё аз рӯйи ҳеҷ яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш комёб намешавад.
Агар довталаб дар асоси бали умумии бадастовардааш аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш тақсимот шуда бошад, он гоҳ, новобаста аз он ки бали умумии бадастовардааш барои тақсимот шуданаш аз рӯйи комбинатсияи (комбинатсияҳои) ихтисоси (ихтисосҳои) минбаъдаи интихобкардааш кофӣ аст, тақсимоти ӯ аз рӯйи комбинатсияи (комбинатсияҳои) ихтисоси (ихтисосҳои) минбаъдаи интихобкардааш баррасӣ намешавад.
РӮЙХАТИ
нуқтаҳои азнавбақайдгирии довталабон барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ тибқи натиҷаҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2018
Р.т. |
Муассисаи таълимие, ки дар заминаи он нуқтаи бақайдгирӣ ташкил кард шудааст |
||
ном ва рақам |
нишонӣ |
нуқтаи роҳнамо (ориентир) |
|
Шаҳри ДУШАНБЕ |
|||
1. |
Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 34 |
ш. Душанбе, н. И. Сомонӣ, хиёбони Рӯдакӣ, 149 |
Факултаи агробизнеси Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон |
2. |
Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 70 ба номи 15-солагии Конститутсияи Тоҷикистон |
ш. Душанбе, н. И. Сомонӣ, кӯч. Ҳ. Шерозӣ, 15 |
Бетонка, хонаҳои Қайроқум |
3. |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 25 |
ш. Душанбе, н. Сино, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 9 |
Беморхонаи Қаряи боло |
4. |
Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 24 |
ш. Душанбе, н. Фирдавсӣ, кӯч. Фирдавсӣ, 61 |
Бозори Саховат (паси тарабхонаи Суғдиён) |
5. |
Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 71 ба номи Юсуф Акобиров |
ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кӯч. Айнӣ, 265/1 |
Маҳаллаи 7-ум километр |
6. |
Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 100 |
ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кӯч. Назаршоев, 17 |
Маркази савдои “Ёқут-2000” |
Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ |
|||
7. |
Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 1 ба номи Х. Абдулхайров |
н. Рашт, шаҳраки Ғарм, кӯч. И. Сомонӣ, 27 |
Шаҳраки Ғарм |
Вилояти СУҒД |
|||
8. |
Гимназияи № 24-и ба номи Бобоҷон Ғафуров |
ш. Хуҷанд, маҳаллаи 19-ум |
Маҷмааи “Баҳори Аҷам” |
9. |
Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 5-и ба номи 20-солагии Тоҷикистон |
ш. Хуҷанд, кӯч. Калинников, 79 |
Агроинвестбонк |
10. |
Гимназияи № 5-и ба номи Раҷаб Амонов |
ш. Истаравшан, кӯч. А. Юсупов, 93 |
Маҳаллаи Қаробек |
11. |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ба номи И. П. Разин |
ш. Панҷакент, кӯчаи Даврон Бобораҷабов, 57 |
Ҳукумати шаҳр |
Вилояти ХАТЛОН |
|||
12. |
Литсейи тамоюли технологии ба номи Н. Назирматов |
ш. Қӯрғонтеппа, кӯчаи Айнӣ, 67 |
Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав |
13. |
Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 12-и ба номи Анварбек Ҳамидов |
ш. Бохтар, кӯч. Дзержинский, 17 |
Бинои маркази ҷавонон |
14. |
Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ба номи В. П. Чкалов |
ш. Кӯлоб, кӯч. И. Сомонӣ, 40 |
Боғи фарҳангӣ |
15. |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 53-и ба номи Саидҷон Ҳакимзода |
ш. Кӯлоб, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 2 |
Терминали мусофирбарии шаҳр |
16. |
Литсейи тамоюли техникии ба номи Афлотун |
н. Данғара, кӯчаи Марказӣ, 30 |
Шуъбаи маориф |
Вилояти МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН |
|||
17. |
Муассисаи таълимии давлатии “Мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон” |
ш. Хоруғ, кӯч. Шоҳқирғизов, 11 |
Маркази шаҳр |