Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ЭЪЛОМИЯИ МАТБУОТӢ: ДАВРИ ЯКУМИ ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ БА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНА ВА ОЛИИ КАСБИИ ҶУМҲУРӢ ДАР СОЛИ 2023

Нашр шуд: 01 Июли 2023
Диданд: 3537

Душанбе, 1-уми июли соли 2023

1‑уми июли соли 2023 даври якум (асосӣ)-и имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ – қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) барои довталабони дар давраи якуми бақайдгирӣ (аз 1-уми март то 1-уми май) номнависшуда оғоз гардид.

Барои баргузории даври асосии имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б дар заминаи 45 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 20 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ (Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Рашт, Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Бохтар, Кӯлоб, Восеъ, Данғара, Ёвон, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Шаҳритус ва Хоруғ) марказҳои имтиҳонӣ ташкил карда шудаанд, ки дар онҳо 1129 синфхона барои баргузории имтиҳонҳо омода карда шудаанд.

Тибқи ҷадвали тасдиқгардида рӯзи 1-уми июл дар 42 маркази имтиҳонӣ довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ)-ро интихобкарда қисми А-ро месупоранд.

Қисми А аз чор субтест иборат буда, барои гурӯҳи ихтисосҳои зикршуда фанҳои забони тоҷикӣ, математика, химия ва физикаро дар бар мегирад. Дар ин қисми имтиҳон довталаб субтести забони тоҷикиро ҳатман ба забони тоҷикӣ ва субтестҳои дигарро, вобаста аз забони имтиҳонсупорӣ, ки ҳангоми бақайдгирӣ интихоб кардааст, ба забони тоҷикӣ ё русӣ месупорад. Аз 73461 довталаби дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбии гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ)-ро интихобкарда 10255 нафарашон қисми А-ро хоҳанд супорид. Барои иҷрои саволу масъалаҳои қисми А 220 дақиқа муқаррар шудааст.

Лозим ба зикр аст, ки дар давраи якуми бақайдгирӣ (аз 1-уми март то 1-уми май) 86521 довталаб, ки аз онҳо 73461 нафарашон довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва 13060 нафари дигарашон довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) мебошанд, номнавис карда шудаанд.

Дар марказҳои имтиҳонӣ 1875 нафар дар асоси шартномаи меҳнатӣ, ҳамчун корманди муваққатӣ, барои ташкил ва идораи имтиҳонҳо фаъолият хоҳанд кард. Дар ҳар маркази имтиҳонӣ бо мақсади ҳифзи сиҳати иштирокдорони имтиҳонҳо ва пешгирӣ аз ҳолатҳои ногувори эҳтимолӣ, таъмин ва риояи талаботи қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ дар ҳудуди маркази имтиҳонӣ 1-нафарӣ корманди тиб дар асоси шартномаи меҳнатӣ ба кор ҷалб гардидааст.

Инчунин, барои назорат ва ёрии амалӣ расонидан дар омода кардани марказҳои имтиҳонӣ, назорати раванди имтиҳон дар марказҳои имтиҳонӣ ва мониторинги он, барои қабули қарори дахлдор, дар сурати рух додани мушкилот, 120 нафар аз кормандони ҳайати асосӣ (74 нафар) ва кормандони муваққатӣ (46 нафар) ба ҳайси намояндаи ваколатдори Марказ дар маркази имтиҳонӣ равона карда мешаванд. Мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои таъмини шаффофият ва назорати раванди имтиҳонҳо дар ҳар маркази имтиҳонӣ комиссияи ҷамъиятӣ низ фаъолият мекунад, ки ҳайати онро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ё ноҳияе, ки дар ҳудуди он маркази имтиҳонӣ амал мекунад, муайян ва тасдиқ кардааст. Шумораи умумии шахсони ба ҳайати комиссияҳои ҷамъиятии ҳамаи марказҳои имтиҳонӣ дохилшуда соли ҷорӣ 135 нафарро ташкил медиҳад.

Тибқи ҷадвале, ки Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти теъдоди довталабон ва ҷойҳои нишаст дар марказҳои имтиҳонии ташкилшаванда таҳия ва тасдиқ кардааст, даври якум (асосӣ)-и қисми А барои довталабони ҳар гурӯҳи ихтисосҳо аз 1-ум то 6-уми июл – барои довталабони гурӯҳҳои ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ), 2‑юм (иқтисод ва география), 3-юм (филология, педагогика ва санъат) ва 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) дар давоми якрӯзӣ ва барои довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум (тиб, биология ва варзиш) дар давоми ду рӯз баргузор карда мешавад.

Инчунин, тибқи ҷадвали мазкур соли ҷорӣ даври якум (асосӣ)-и қисми Б барои довталабони гурӯҳҳои ихтисосҳои 1-ум, 2‑юм, 3-юм ва 4-ум рӯзи 4-уми июл ва барои довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум (тиб ва биология) рӯзи 7-уми июл гузаронида мешавад. Хотиррасон мекунем, ки солҳои пеш даври асосии қисми Б барои ҳамаи довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9‑ум), новобаста ба гурӯҳҳои ихтисосҳои интихобкардаашон, пас аз баргузор шудани даври асосии қисми А – 7-уми июл баргузор мегардид.

Ҳар маркази имтиҳонӣ вобаста аз шумораи довталабону шахсони дигар дар маркази имтиҳонӣ ҳузурашон пешбинишуда бо оби нӯшокӣ (барои ҳар як нафар дар зарфи алоҳида) таъмин карда шудааст.

Мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи довталабон дар ҳар як синфхонаи имтиҳонӣ бояд аз 15 нафар беш набошад. Довталабон дар синфхона дар паси ҳар як миз 1-нафарӣ шинонида мешаванд. Имтиҳонҳо тибқи тартиби мазкур, ки дар бораи он пеш аз оғози имтиҳон дар ҳар як синфхонаи имтиҳонӣ ба довталабон маълумот ва барои риояи талаботу қоидаҳои муқарраршуда дастур дода мешавад, баргузор мегарданд.

Довталаб бояд шарту талаботи барои имтиҳонҳо муқарраршуда, аз ҷумла инҳоро, риоя намояд:

1. Бо худ овардани ҳуҷҷату ашёи зерин ҳатмист:

- шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият (бо муҳр ва сурат), ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст;

- даъватнома;

- 2 дона ручкаи одии рангаш сиёҳ (рангҳои дигар иҷозат дода намешавад, зеро варақаи ҷавобҳои бо рангҳои дигар қайдшуда аз ҷиҳати технологӣ дуруст коркард намешавад);

Довталаб метавонад дар зарфи шаффоф барои худ оби нӯшокӣ орад.

2. Овардани ашёи зерин қатъиян манъ аст:

- ҷузвдон, китоб, ҳар гуна навиштаҳо, дафтар, маводи иттилоотӣ;

- телефони мобилӣ ва дигар таҷҳизоту воситаҳои алоқа ва ҳисоббарор (калкулятор, ноутбук, планшет ва ғайра).

3. Дар рафти имтиҳон қатъиян манъ аст:

- гуфтугӯ, ёрӣ додан, халал расонидан ба ҳамдигар ва (ё) истифода кардан аз ёрии шахсони дигар дар иҷрои саволу масъалаҳои тестӣ;

- иваз кардани ҷойҳо ва (ё) китобчаҳои тест, варақаҳои ҷавобҳо ва ҳар гуна навиштаҳои ҳамдигар;

- аз ҷой хестан ва ё рафтуомад кардан дар синфхона ва (ё) бе иҷозати маъмури имтиҳон берун баромадан аз он;

- бо худ мавод, восита ва (ё) ашёи тибқи банди 145 Тартиби мазкур мамнуъро доштан ва (ё) истифода кардан аз онҳо;

- дар варақаи ҷавобҳо, аз ҷумла дар ҳошияҳои он қайду ишораҳои ба имтиҳон ва (ё) варақа дахлнадошта;

- варақаи ҷавобҳо ва (ё) маводди дигари барои баргузории имтиҳон пешбинишударо аз синфхона баровардан;

- идома додани иҷрои саволу масъалаҳои тестӣ баъд аз итмоми вақти барои имтиҳон ҷудошуда;

- анҷом додани ҳар амали дигаре, ки хилофи талаботи тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳон аст.

Агар довталаб талаботи мазкурро вайрон кунад, маъмури имтиҳон дар ин хусус санад тартиб дода, ӯро аз имтиҳон хориҷ мекунад ва кори имтиҳонии довталаб аз эътибор соқит дониста мешавад.

Тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ҳуқуқҳои шахсӣ ба арзёбии воқеӣ (объективӣ) ва ҳалли масъалаҳои баҳсталаби марбут ба тартиби гузаронидани имтиҳонҳо ба довталаб ҳуқуқи додани аризаи апеллятсионӣ дар шакли хаттӣ дар бораи вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳонҳо дода мешавад.

Аризаи апеллятсионӣ дар бораи вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи баргузории ИМД, ки агар ба натиҷаи имтиҳонсупории довталаб таъсири манфӣ расонда бошад, бояд бо далелҳо асоснок ва рӯзи имтиҳон, то баромадан аз маркази имтиҳонӣ ба номи роҳбари маркази имтиҳонӣ пешниҳод карда карда шавад.

Қолаби аризаи апеллятсиониро дар бораи вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи баргузории ИМД ба довталаб тибқи дархосташ роҳбари маркази имтиҳонӣ медиҳад. Довталаб аризаро дар бораи вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳонҳо пур карда, ба роҳбари маркази имтиҳонӣ месупорад. Роҳбари маркази имтиҳонӣ уҳдадор аст, ки довталабро аз муҳлати баррасии ариза ва пешниҳоди натиҷаи он огоҳ намояд.

Комиссияи апеллятсионӣ хулосаи комиссияи кории маркази имтиҳонӣ ва маводи дахлдорро баррасӣ намуда, (1) дар сурати қонеъ гардонидани аризаи апеллятсионӣ қарор қабул мекунад, ки натиҷаи имтиҳони довталаб аз эътибор соқит дониста, ба ӯ барои супоридани имтиҳони дахлдор дар даври дуюм иҷозат дода шавад; (2) дар сурати беасос донистани даъвои довталаб қарор қабул менамояд, ки аризаи апеллятсионии довталаб рад карда, натиҷаи имтиҳони ӯ бетағйир мононда шавад.

Ҷавобҳои дуруст (калидҳо)-и саволу масъалаҳои тест дар давраи баргузории имтиҳонҳо ҳамарӯза пас аз анҷоми имтиҳонҳо дар сомонаи Марказ ба нашр мерасанд. Ин ба довталаб имкон медиҳад, ки ӯ дар асоси нусхаи варақаи ҷавобҳояш, ки дар кабинети инфиродияш гузошта шудааст ва ҷавобҳои дуруст – калидҳои саволу масъалаҳои тести дар сомонаи Марказ нашршуда холҳояшро аз ҳар субтести имтиҳон мустақилона ҳисоб кунад. Ҳамчунин, то нашри варақаи ҷавобҳо дар кабинети инфиродияш довталаб метавонад бо истифода аз китобчаи тест, ки дар дасташ аст, холҳои бадастовардаашро мустақилона ҳисоб кунад.

Соли ҷорӣ низ, чун солҳои гузашта, раванди имтиҳонҳо аз ҳамаи марказҳои имтиҳонӣ тавассути камераҳои назоратӣ дар ҳолати бархат (онлайн) дар Марказ пахш карда мешавад. Марказ барои ин ҳар як маркази имтиҳониро бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ таъмин кардааст.

Эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо (хол ва балҳои бадастовардаи ҳар яке аз довталабон ва ба озмуни тақсимот роҳ ёфтан ё наёфтани онҳо) 20‑уми июли соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон