Душанбе, 16-уми феврали соли 2018
Ислом динест, ки аз замони зуҳураш мардумро аввалан ба илму дониш омӯхтан, некӣ кардан, поктинат будан, ростқавл будан, сулҳу дӯстӣ ва дӯст доштани Ватан ва ҳифзи он, таълиму тарбияи ахлоқи ҳамида, нигаҳ доштани ҳуқуқи якдигар, пешгирии тамоми ҷиноятҳо ва умуман барои шифо бахшидани дардҳо ва мушкилоте, ки ҷомеаи башарӣ ба он ниёз дорад, омадааст.
Худованд ин дини исломро мукаммал гардонидааст. Чуноне, ки дар ояти 3-юми сураи Моида мефармояд: “Имрӯз Ман дини шуморо комил, неъматамро бар шумо пурра кардам ва хушнуд шудам, ки Ислом дини шумо шуд”. Ислом дини мукаммал аст ва дар он ягон нуқсону камбудие вуҷуд надорад. Пас хулосаи мантиқӣ чунин буда метавоанд, ки агар ин дин дини комилу пурра бошад, пас ниёзе ба дилхоҳ гурӯҳ, ҷараён ё ҳизби хосс надорад. Зеро агар ислом ба ташкили ҳизб эҳтиёҷ медошт, Расули акрам (с) аввалин шуда, ҳизбро таъсис медоданд. Худованд дар ҷои дигаре мефармояд: “Шумо, аз касоне, ки дини худро пароканда карда ба фирқаҳо ҷудо шуданду ҳар фирқа ба роҳи гирифтаашон шод ҳастанд, набошед!” (Сураи Рум ояти 32).
Худованд дар ҳамин ояти карима барои мо мусулмонҳо амр мекунад, ки аввалан ба парокандагӣ роҳ надиҳем, ки ин миллати мо як маротиба азобу шиканҷаи пароканадагиро дид ва ҳоло дигар намехоҳад, ки боз пароканда шуда ба азобу уқубат гирифтор шавад. Дуввум ин, ки аз ба фирқаҳо ҷудо шудан моро боз медорад. Мо бояд зиракиро аз даст надода, аз оқибати ҳалокатбори тафриқаандозию фирқагароӣ амиқ бияндешем. Худованди мутаъол мусалмононро аз бархўрду рафтори хушунатомез бо дигарон ва аз тафриқаандозӣ, вайронкорӣ, зулму ситаму қудратнамоӣ ва ба гурӯҳҳо ҷудо намудани мардум, манъ намудааст. Бинобар ин Худованд мефармояд: “Ҳамоно касоне, ки динашонро пора – пора карданду ба гурўҳҳо ҷудо шуданд, Ту бо онҳо ҳеҷ робита надорӣ. Ҳамоно корномаи онҳо дар назди Худованд аст. Акнун Худованд худаш онҳоро аз амалкардҳояшон бохабар мекунад (сураи Анъом, ояти 159).
Аз ҳазрати Умар (р) ривоят аст, ки Расули акрам (с) ба модари мӯъминон ҳазрати Оишаи Сиддиқа (р) фармуданд: “Ҳамоно касоне, ки динашонро пора – пора карданду ба гурўҳҳо ҷудо шуданд, онҳо бидъаткорон ва касоне, ки пайравии ҳаво ва ҳавасанд ва гумроҳони ин уммат ҳастанд. Эй Оиша! Ҳар як гуноҳ тавба дорад ба ғайр аз бидъаткорон ва касоне, ки пайравии ҳаво ва ҳавас ҳастанд, ки инҳо роҳи тавба надоранд ва ман аз онҳо безорам ва онҳо низ аз ман безоранд”.
Аз ин маълум мегардад, ки агар мусулмонҳо ба гурӯҳҳо тақсим шуда, динашонро пора-пора кунанду ба ташкили ҳизбу ҳаракатҳо ба монанди ҲНИТ ва дигар ташкилотҳои террористӣ ва экстримистӣ даст зананд, онҳо бо Расули гиромии ислом Муҳаммади Мустафо (с) ҳеҷ робитае надоранд.
Онҳое, ки ба таассубгароӣ ва тафриқа даъват мекунанд муртакиби гуноҳи кабира мешаванд. Чуноне, ки ба ривояти Абӯдовуд аз Ҷубайр ибни Мутъим (р) омадааст, ки Расули акрам (с) фармуданд: “Касе, ки ба тассубгароӣ даъват мекунад, аз мо нест”. Таассубгаройӣ - худро ҳақ ва дигаронро ботил донистан аст. Ҳоло он, ки Худованд мефармояд: “Оё надидӣ касонеро, ки худситоӣ мекунанд?” (Сураи Нисо ояти 49).
Он касе, ки худситоӣ мекунад, намехоҳад, ки дигарон мисли ӯ бошанд, ки ин худ бо таълимоти дини ислом мухолифат дорад. Расули акрам (с) фармуданд: “То чизи писандидаи худро барои бародари мусулмонат низ дӯст надорӣ, ту мӯъмини ҳақиқӣ нестӣ”.
Яке аз сабабҳои ақибмондагии мо мусулмонҳо, ин тафриқа ва ба гурӯҳҳо тақсим шудан аст. Душманони миллати мо мехоҳанд, ки байни мо доимо ихтилоф, гурӯҳбозӣ ва фикру ақидаҳое бошад, ки миёни мо тафриқа эҷод карда ин миллатро аз рушду такомул ва аз ободу зебо гаштан боз дорад. Аммо Пешвои миллати мо мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо кӯшишу ғайрат мекунанд, ки ин ватани азизи мо боз ҳам ободу зебо гардида, байни мо миллати бофарҳанги тоҷик тафриқа, гурӯҳбозӣ ва фикру андешаҳои террористӣ ва экстримистӣ вуҷуд надошта бошад. Бояд ҳамаи мо, худ ва фарзандону хешу табор ва наздикону пайвандонамонро аз чунин фикру андешаҳои ифротӣ огоҳонида то метавонем онҳоро аз ин вартаи ҳалокат нигаҳ дорем. Бинобар ин, ин дурандешии Пешвои миллат буд, ки соли 2009-ро соли Имоми Аъзам эълон карданд. Чун мазҳаби Имоми Аъзам (р) яке аз мазоҳиби чаҳоргонаи аҳли суннату ҷамоат буда, бо якчанд хусусиёташ, ки дар дигар мазоҳиби аҳли суннату ҷамоат дида намешавад, аз ҷумла бо таҳаммулгароияш машҳур гаштааст.
Инчунин ба ривояти Табаронӣ аз Маъқал ибни Ясор (р) омадааст, ки Расули акрам (с) фармуданд: “Шахси ҷудоиандоз аз мо нест”. Ба тафриқа ва ҷудоиандозӣ даст задан ва даъват кардан ва миллатро ба гурӯҳҳо тақсим кардан, бузургтарин гуноҳҳои кабира ба ҳисоб меравад. Онҳое, ки мардумро ба парокандагӣ ва тафриқа даъват мекунанд, ҳақиқати таълимоти исломро нафаҳмидаанд. Роҳе, ки моро ба мақсуди аслӣ мерасонаду аз тафриқа нигоҳ медорад ва дар дунё ва охират сарбаланд мегардонад, ин аст, ки Худованд мефармояд: “Ин аст роҳи ман, ки рост аст. Шумо бояд онро пайравӣ кунед ва пайрави роҳҳои дигар нашавед, ки шуморо аз роҳи ҳақ пароканда месозад. Ин аст, ки Худованд шуморо ба он супориш мекунад, то шояд порсо шавед”.
Худованд мефармояд: Худованд дӯсти мўъминон аст, ки онҳоро аз торикиҳо ба равшанӣ мебарорад. Аммо дӯстони кофирон шайтонҳост, ки онҳоро аз равшанӣ ба торикиҳо мебароранд” (Сураи Бақара ояти 257).
Худованд дар ин ояти карима калимаи “нур”-ро ба шакли танҳо ва “торикиҳо”-ро ба шакли ҷамъ зикр кардааст. Аз ин бармеояд, ки ҳақиқат яктост ва роҳҳои каҷу гумроҳӣ бисёр аст. Бинобар ин, дини ислом барои муттаҳид кардани қалби мо омадааст на барои пароканда кардан. Қудрату обрӯйи мо мусулмонҳо ягона дар ваҳдат аст, на дар парокандагӣ. Агар мо ба Қуръон назар андозем, мебинем, ки Фиръавн чи гуна мардумро ба гурӯҳҳо тақсим кард.
Таҳаммулгароӣ, ободӣ ва пешгирӣ аз парокандагию вайронкорӣ яке аз усулҳое аст, ки Парвардигор ба он дастур додааст ва ҳеҷ инсони мунсифе ин ҳақиқатро инкор намекунад. Бинобар ин мо бояд исломе дошта бошем, ки монанди об соф бошад ва дар он рангу таъму бӯе вуҷуд надошта бошад. Яъне ин исломи ба монанди об софу беолоиш ва ин мазҳаби сироҷи уммат Имоми Аъзам (р)-ро бо ҳамроҳ шудан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстримистӣ аз ҷумла ташкилоти ифротию ирҳобии ҲНИТ олуда нагардонем.
Сарвари давлат, Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохўрӣ бо аҳли ҷомеа чунин таъкид намуданд: «Рисолати таърихии дин ваҳдат ва суботи ҷомеа аст, на тафриқаандозӣ дар байни уммати мусулмон. Мо бояд дини мубини исломро аз тафриқаангезӣ ва олудашавӣ бо ифротгароӣ ҳифз намоем, ҷавҳар ва чеҳраи ҳақиқии маънавию ахлоқӣ ва таҳаммулгароии онро ба мардум ва махсусан ба насли ҷавонамон нишон диҳем ва дар тарбияи ахлоқиву маънавии онҳо аз арзишҳои исломӣ истифода намоем».
Худованд мефармояд: “Шумо ҳамагӣ ба ресмони Худованд чанг анеду пароканда нашавед”(Сураи Оли Имрон ояти 103).
Аз фармудаҳои Худованд дур шудан ва ин ояти Қуръонро фаромӯш кардан ва ё гурӯҳбозӣ кардан, ин ҳама моро ба парокандагӣ бурда мерасонад ва оқибати хуб ҳам надорад. Худованд мефармояд: “Касе, ки кори хуб биёрад, ӯ даҳ баробарашро мегирад” (Сураи Анъом ояти 160). Бинобар ин, ҳар яки моро зарур аст, ки ба анҷоми амалҳои солеҳ кӯшем ба то ба қадри имконияти худамон ба халқу миллати худ хубие карда бошем, илмҳои фоиданокеро ба мардум тақдим карда бошем ва ё қалбҳоро ба ҳам пайваст карда, ҳоҷатҳои мардумонро бароварда бошем. Агар ба амал кардани корҳои хайр қудрат надошта бошем, ақаллан нияти худамонро нек кунем, то аз мукофотҳои Худованд баҳраманд шавем, ки Имом Байҳақӣ дар “Шуъабул имон” аз ҳазрати Анас (р) ривоят мекунанд, ки Расули гиромии ислом фармуданд: “Нияти мӯъмин аз амалаш дида беҳтар аст”. Инчунин дар ҳадиси шариф ба ривояти Имом Аҳмад омадааст, ки Расули акрам (с) фармуданд: “Парвардигоратон меҳрубон аст. Касе, ки қасди нияти нек кунад, аммо онро амалӣ карда натавонист, барояш савоби як некӣ навишта мешавад. Агар онро амалӣ кард, барояш аз даҳ то ба ҳафтсад ва ё чандин баробар некӣ навишта мешавад. Ва агар қасди нияти бадро кунад, аммо (аз Худованд тарсида) онро амалӣ насозад, барояш савоби як некӣ навишта мешавад. Аммо агар онро амалӣ кард, барояш як гуноҳ навишта мешавад ва агар бар он тавба ва ё пушаймонӣ кунад, Худованд он (гуноҳ)-ро пок мегардонад”.
Бинобар ин, ҳамаи моро зарур аст, ки аввалан шукронаи давру замон кунем ва сониян аз дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, ки дар Паёми имсола садо дод, дарси ибрат гирем ва дар роҳи амнияту ободии кишварамон саҳмгузор бошем.
Бобомурод Қаландаров,
мутахассиси пешбари Кумита
Бознашр аз сомонаи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳоимиллии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (http://din.tj/?q=node/636).