Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ДАВРИ СЕЮМИ КОРҲОИ ИТТИЛОЪРАСОНИИ МАРКАЗ ОҒОЗ ШУД

Нашр шуд: 01 Феврали 2024
Диданд: 30414

Душанбе, 1-уми феврали соли 2024

Мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи фаъолияти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марказ) корҳои иттилоърасонию таблиғотӣ дар шакли курсҳои шиносоӣ ҳамасола аз моҳи январ то охири моҳи март дар се сатҳ (давр) – миқёси 1) ҷумҳурӣ, 2) шаҳру ноҳияҳо ва 3) муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ (-и дахлдор) баргузор карда мешавад.

1-уми феврали соли 2024 Марказ ба даври сеюми корҳои иттилоърасониаш оғоз бахшид. Бо ин мақсад 39 нафар корманди Марказ барои ташкилу баргузории вохӯриҳо аз 1-ум то 9-уми феврали соли ҷорӣ ба 68 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ сафарбар мешаванд. Ҷаласаю вохӯриҳо дар 269 муассисаи таълимӣ бо ҷалби хонандагону волидони онҳо ва омӯзгорон доир хоҳад гашт.

Дар вохӯрие, ки рӯзи 1-уми феврали соли равон дар муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 2‑и ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бо иштироки 500 нафар хатмкунандаи 8 МТМУ-и ин ноҳия ва волидонашону омӯзгорон гузашт, директори Марказ Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ шахсан ҳузур дошт. Мазкур дар ин ҳамойиш оид ба баъзе масъалаҳои муҳимтарини низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД), ҳадафи ба роҳ мондани корҳои иттилоърасонию тарғиботӣ барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ (синфҳои 9-ум) ва миёнаи умумӣ (синфҳои 11-ум) ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ сухан гуфта, аз ҷумла иброз дошт, ки дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани корҳои иттилоърасонию тарғиботӣ шиносоии аҳли ҷомеаро бо кори Марказ ва низоми имтиҳонҳои марказонида афзун карда, барои пешгирӣ аз фирефтаи ашхоси қаллоб гардидани довталабон ва падару модарони онҳо низ кумак мекунад. Вобаста ба ин, Марказ мекӯшад, ки алоқамандони имтиҳонҳои мазкур дар корҳои иттилоотию таблиғотӣ ва вохӯриҳо сол ба сол бештар фаро гирифта шаванд.

Ҷаъфарзода Сабзалӣ ба довталабон муроҷиат карда баён дошт, ки бо ҳамаи ин шароите, ки Марказ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бароятон муҳайё кардааст, шумо тамоми имкониятҳоро баҳри донишҷӯй шудан доред. Бинобар ин, фақат инро таъкид карданиям, ки омӯзед, барномаҳои таълимии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаро азхуд намоед, ба имтиҳонҳо хуб омода шавед ва танҳо ба донишу маҳорату лаёқати худ такя кунед! Фирефтаи ашхоси қаллобу маккор нагардед, зеро дастгири шумо барои донишҷӯй ва соҳиби таҳсилоти миёна ё олии касбӣ шудан танҳо донишу кӯшишатон хоҳад буд. Шумо фақат бо омӯзишу кӯшиш донишҷӯй ва соҳиби касбу ҳунари дилхоҳи худ ва ояндаи шоиста ва зиндагии арзанда мегардед.

Директори Марказ, ҳамчунин ба падару модарону парасторони довталабон низ руҷуъ карда, аз ҷумла таъкид кард, ки онҳо дар таълиму тарбияи фарзандонашон саҳлангор набошанд. Барои омодагии фарзандон ба ИМД, дуруст интихоб кардани ихтисосҳо аз ҷониби довталабон, сари вақт ҳозир шудани онҳо барои номнависӣ бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ мададгор ва машваратгар бошанд.

Бояд гуфт, ки дар асоси нақшаи кории Марказ барои шиносоӣ пайдо кардани довталабон ва алоқамандони дигари ИМД аз низоми имтиҳонҳои мазкур моҳҳои феврал ва марти соли ҷорӣ дар 3799 муассисаи таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо ҷалби зиёда аз 150000 нафар хатмкунандаи мактабҳо вохӯриҳо ба роҳ монда хоҳад шуд. Марказ дар ин давра, ҳамчунин, тақдиму дастрас кардани маводди иттилоотию методии марбут ба ИМД, аз ҷумла дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб”, маҷмуаи саволу масъалаҳои тести қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ – синфи 11-ум) ва қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ – синфи 9-ум)-ро ба муассисаҳои таълимӣ ба таври ройгон дар назар дорад.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон