Душанбе, 27-уми сентябри соли 2026
27-уми сентябри соли 2026 даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) – қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) дар соли 2026 оғоз шуд.
Дар ин даври имтиҳонҳо дар 36 маркази имтиҳонии шаҳру ноҳияҳои Душанбе (Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур), Хоруғ, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Данғара, Ёвон ва Рашт, ки дар заминаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии шаҳрҳои зикршуда ташкил карда шуд, баргузор гардид.
Бо мақсади назорат ва ёрии амалӣ расонидан дар омода кардани марказҳои имтиҳонӣ, назорати раванди имтиҳонҳо ва мониторинги он, инчунин барои чораандешӣ дар сурати рух додани мушкилот намояндагони ваколатдори Марказ ба марказҳои имтиҳонӣ равона карда шудаанд. Мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини шаффофият ва назорати раванди имтиҳонҳо дар ҳар маркази имтиҳонӣ комиссияи ҷамъиятӣ фаъолият мекунад, ки ҳайати онро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ё ноҳияе, ки дар ҳудуди он маркази имтиҳонӣ амал мекунад, муайян ва тасдиқ кардааст.
Ҳар маркази имтиҳонӣ вобаста аз шумораи довталабону шахсони дигар дар маркази имтиҳонӣ ҳузурашон пешбинишуда бо оби нӯшокӣ (барои ҳар як нафар дар зарфи алоҳида) таъмин карда шудааст. Пахши раванди имтиҳонҳо аз марказҳои имтиҳонӣ дар ҳолати бархат (онлайн) тавассути камераҳои назоратӣ ба роҳ монда мешавад.
Мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи довталабон дар ҳар як синфхонаи имтиҳонӣ бояд аз 15 нафар беш набошад. Довталабон дар синфхона дар паси ҳар як миз 1-нафарӣ шинонида мешаванд. Имтиҳонҳо тибқи тартиби мазкур, ки дар бораи он пеш аз оғози имтиҳон дар ҳар як синфхонаи имтиҳонӣ ба довталабон маълумот ва барои риояи талаботу қоидаҳои муқарраршуда дастур дода мешавад, баргузор мегарданд.
Тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ҳуқуқҳои шахсӣ ба арзёбии воқеӣ (объективӣ) ва ҳалли масъалаҳои баҳсталаби марбут ба тартиби гузаронидани имтиҳонҳо ба довталаб ҳуқуқи додани аризаи апеллятсионӣ дар шакли хаттӣ дар бораи вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳонҳо дода мешавад.
Аризаи апеллятсионӣ дар бораи вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи баргузории ИМД, ки агар ба натиҷаи имтиҳонсупории довталаб таъсири манфӣ расонда бошад, бояд бо далелҳо асоснок ва рӯзи имтиҳон, то баромадан аз маркази имтиҳонӣ ба номи роҳбари маркази имтиҳонӣ пешниҳод карда карда шавад.
Қолаби аризаи апеллятсиониро дар бораи вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи баргузории ИМД ба довталаб тибқи дархосташ роҳбари маркази имтиҳонӣ медиҳад. Довталаб аризаро дар бораи вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳонҳо пур карда, ба роҳбари маркази имтиҳонӣ месупорад. Роҳбари маркази имтиҳонӣ уҳдадор аст, ки довталабро аз муҳлати баррасии ариза ва пешниҳоди натиҷаи он огоҳ намояд.
Эълони натиҷаҳои даври сеюми ИМД 2026 рӯзи 2-юми октябр ва эълони натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ, тибқи натиҷаҳои давраи сеюми имтиҳон 4-уми оятябр ба нақша гирифта шудааст.





