Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ДАВРИ СЕЮМИ ИМД-2023 – ҚИСМҲОИ А ВА Б

Нашр шуд: 17 Сентябри 2023
Диданд: 4627

Душанбе, 17-уми сентябри соли 2023

17-уми сентябри соли 2023 даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) – қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) дар соли 2023 оғоз гардид. Дар имтиҳонҳои ин давр довталабоне, ки дар давраи сеюми бақайдгирӣ (аз 4‑ум то 13‑уми сентябри соли 2023) барои иштирок дар ИМД номнавис шудаанд, иштирок мекунанд.

Дар давраи сеюми бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД-2023 ҳамагӣ 8739 нафар, аз ҷумла 6534 довталаби дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва 2205 довталаби дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) худро номнавис кардаанд.

Даври сеюми имтиҳонҳо барои ҳар ду қисм –  А ва Б дар як рӯз – 17-уми сентябр дар 26 маркази имтиҳонӣ баргузор карда мешавад. Марказҳои имтиҳонӣ барои ин даври имтиҳонҳо дар 11 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ (Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Роғун, Турсунзода, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Шаҳритус ва Хоруғ) дар заминаи муассисаҳои таълимӣ, ки рӯйхати онҳо дар зер оварда шудааст, ташкил карда шудаанд. Ба рақами телефони мобилии ҳар довталаб, ки дар варақаи бақайдгирӣ нишон додааст, дар бораи макони имтиҳонсупориаш паёмак (SMS) фиристода шудааст. Агар довталаб бо сабабе ин паёмакро дарёфт накарда бошад, барои гирифтани маълумот дар бораи макони имтиҳонсупориаш тавассути телефон (рақамҳо: 224 53 68 ва 224 53 73) бо шахси масъули Марказ дар тамос шавад.

Ҷавобҳои дуруст (калидҳо)-и саволу масъалаҳои тести дар ин даври имтиҳонҳо истифодашуда пас аз анҷоми имтиҳонҳо дар сомонаи Марказ ба нашр мерасанд. Ин ба довталаб имкон медиҳад, ки ӯ дар асоси нусхаи варақаи ҷавобҳояш, ки дар кабинети инфиродияш гузошта шудааст ва ҷавобҳои дуруст – калидҳои саволу масъалаҳои тест, ки дар сомонаи Марказ гузошта мешавад, холҳояшро аз ҳар субтести имтиҳон мустақилона ҳисоб кунад. Ҳамчунин, аз ҳамон рӯз то нашри варақаи ҷавобҳо дар кабинети инфиродияш довталаб метавонад бо истифода аз китобчаи тест, ки дар дасташ аст, холҳои бадастовардаашро мустақилона ҳисоб кунад.

Ҳар маркази имтиҳонӣ вобаста аз шумораи довталабону шахсони дигар дар маркази имтиҳонӣ ҳузурашон пешбинишуда бо оби нӯшокӣ (барои ҳар як нафар дар зарфи алоҳида) таъмин карда шудааст. Пахши раванди имтиҳонҳо аз марказҳои имтиҳонӣ дар ҳолати бархат (онлайн) тавассути камераҳои назоратӣ ба роҳ монда мешавад.

Мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи довталабон дар ҳар як синфхонаи имтиҳонӣ бояд аз 15 нафар беш набошад. Довталабон дар синфхона дар паси ҳар як миз 1-нафарӣ шинонида мешаванд. Имтиҳонҳо тибқи тартиби мазкур, ки дар бораи он пеш аз оғози имтиҳон дар ҳар як синфхонаи имтиҳонӣ ба довталабон маълумот ва барои риояи талаботу қоидаҳои муқарраршуда дастур дода мешавад, баргузор мегарданд.

Довталаб бояд шарту талаботи барои имтиҳонҳо муқарраршуда, аз ҷумла инҳоро, риоя намояд:

1. Бо худ овардани ҳуҷҷату ашёи зерин ҳатмист:

- шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият (бо муҳр ва сурат), ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст;

- даъватнома;

- 2 дона ручкаи одии рангаш сиёҳ (рангҳои дигар иҷозат дода намешавад, зеро варақаи ҷавобҳои бо рангҳои дигар қайдшуда аз ҷиҳати технологӣ дуруст коркард намешавад);

Довталаб метавонад дар зарфи шаффоф барои худ оби нӯшокӣ орад.

2. Овардани ашёи зерин қатъиян манъ аст:

- ҷузвдон, китоб, ҳар гуна навиштаҳо, дафтар, маводи иттилоотӣ;

- телефони мобилӣ ва дигар таҷҳизоту воситаҳои алоқа ва ҳисоббарор (калкулятор, ноутбук, планшет ва ғайра).

3. Дар рафти имтиҳон қатъиян манъ аст:

- гуфтугӯ, ёрӣ додан, халал расонидан ба ҳамдигар ва (ё) истифода кардан аз ёрии шахсони дигар дар иҷрои саволу масъалаҳои тестӣ;

- иваз кардани ҷойҳо ва (ё) китобчаҳои тест, варақаҳои ҷавобҳо ва ҳар гуна навиштаҳои ҳамдигар;

- аз ҷой хестан ва ё рафтуомад кардан дар синфхона ва (ё) бе иҷозати маъмури имтиҳон берун баромадан аз он;

- бо худ мавод, восита ва (ё) ашёи тибқи банди 145 Тартиби мазкур мамнуъро доштан ва (ё) истифода кардан аз онҳо;

- дар варақаи ҷавобҳо, аз ҷумла дар ҳошияҳои он қайду ишораҳои ба имтиҳон ва (ё) варақа дахлнадошта;

- варақаи ҷавобҳо ва (ё) маводди дигари барои баргузории имтиҳон пешбинишударо аз синфхона баровардан;

- идома додани иҷрои саволу масъалаҳои тестӣ баъд аз итмоми вақти барои имтиҳон ҷудошуда;

- анҷом додани ҳар амали дигаре, ки хилофи талаботи тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳон аст.

Тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ҳуқуқҳои шахсӣ ба арзёбии воқеӣ (объективӣ) ва ҳалли масъалаҳои баҳсталаби марбут ба тартиби гузаронидани имтиҳонҳо ба довталаб ҳуқуқи додани аризаи апеллятсионӣ дар шакли хаттӣ дар бораи вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳонҳо дода мешавад.

Аризаи апеллятсионӣ дар бораи вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи баргузории ИМД, ки агар ба натиҷаи имтиҳонсупории довталаб таъсири манфӣ расонда бошад, бояд бо далелҳо асоснок ва рӯзи имтиҳон, то баромадан аз маркази имтиҳонӣ ба номи роҳбари маркази имтиҳонӣ пешниҳод карда карда шавад.

Қолаби аризаи апеллятсиониро дар бораи вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи баргузории ИМД ба довталаб тибқи дархосташ роҳбари маркази имтиҳонӣ медиҳад. Довталаб аризаро дар бораи вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳонҳо пур карда, ба роҳбари маркази имтиҳонӣ месупорад. Роҳбари маркази имтиҳонӣ уҳдадор аст, ки довталабро аз муҳлати баррасии ариза ва пешниҳоди натиҷаи он огоҳ намояд.

Эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо 22‑юми сентябри соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.

 

Рӯйхати марказҳои имтиҳонӣ (МИ) барои баргузории даври сеюми ИМД-2023

(қисмҳои А ва Б)

Р/т

Рақами МИ

Муассисае, ки дар заминаи он МИ ташкил карда мешавад

ном

нишонӣ

нуқтаи роҳнамо

1

01/02

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ

шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Шарқ, 56

Бозори “Меҳргон”

2

01/03

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ

шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, хиёбони Рӯдакӣ, 149/1

Факултаи агробизнеси Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Депои троллейбусҳои № 1

3

01/04

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 25-и ба номи Убайд Раҷаби ноҳияи Сино

шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 59

Беморхонаи “Қаряи боло”, Ширкати саҳомии холдингии кушодаи “Барқи  Тоҷик”

4

01/05

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50-и ноҳияи Сино

шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Юсуф Вафо, 69

Масҷиди ҷомеъ, калисои адвентистҳо

5

01/06

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №93‑и ноҳияи Сино

шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Испечак 2, М-25

Литсейи “Ҳотам ва ПВ”

6

01/07

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №94‑и ноҳияи Сино

шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Алишери Навоӣ, 21

Дорухонаи “Санта-Фарм” (маҳаллаи 92-юм)

7

01/08

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ – гимназияи № 74-и ноҳияи Фирдавсӣ

шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Деҳотӣ, 23

Маркази ҷумҳуриявии ташхисӣ, маҳаллаи 46-ум

8

01/09

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 42-и ноҳияи Фирдавсӣ

шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Фирдавсӣ, 93/2

Филиали ҶСК “Агроинвестбонк” (бозори “Саховат”)

9

01/10

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 16‑и ба номи И. Е. Душкини ноҳияи Шоҳмансур

шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи М. Мастонгулов, 2а

Фурудгоҳи куҳна, мағозаи масолеҳи сохтмонии “Строймаркет”

10

01/11

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №100-и ноҳияи Шоҳмансур

шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Назаршоев, 17

Маркази савдои “Ёқут-2000”, чойхонаи “Вохӯрӣ” (саристгоҳи роҳи оҳан)

11 

01/13

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и шаҳри Роғун

шаҳри Роғун, кӯчаи Мирзо Турсунзода

Осоишгоҳи “Оби гарм”

12

01/14

Литсей барои хонандагони болаёқатии шаҳри Турсунзода

шаҳри Турсунзода, маҳаллаи 5-ум, кӯчаи Мадкозимов, 129

Бозори нав, беморхонаи касалиҳои сироятӣ

13

02/01

Гимназияи № 24-и ба номи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Хуҷанд

шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 19-ум

Хаймаи “Хайём”, ташкилоти амонатии қарзии хурд “Матин” (маҷмааи “Баҳори Аҷам”)

14

02/02

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ба номи Зайниддин Осимови шаҳри Хуҷанд

шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Мадади Сино, 5

Маҳаллаи Бофанда (Шелкокомбинат)

15

02/03

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ба номи 20-солагии Тоҷикистони шаҳри Хуҷанд

шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Калинников, 79

Телевизиони “Сафина” (Агроинвестбонк)

16

02/04

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-и шаҳри Хуҷанд

шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 12‑ум

Тарабхонаи “Шоҳин”

17

02/05

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 23‑и ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Хуҷанд

шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 13‑ум, кӯчаи Мевагул

Бозори “Наврӯз”

18

03/01

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Бохтар

шаҳри Бохтар, кӯчаи Рӯдакӣ, 2 а

Заводи трансформаторбарорӣ

19

03/02

МТМУ №9-и ба номи Александр Муминови шаҳри Бохтар

шаҳри Бохтар, кӯчаи Кайҳонавардон, 22

Кохи “Лоҳутӣ”, иттифоқи касаба

20

03/03

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и шаҳри Бохтар

шаҳри Бохтар, маҳаллаи Кайҳоннавардон, 72

Боғчаи кӯдакони № 20

21

03/04

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 12‑и ба номи Анварбек Ҳамидови шаҳри Бохтар

шаҳри Бохтар, кӯчаи Дзержинский, 17

Маркази ҷавонон

22

03/05

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ба номи В.П. Чкалови шаҳри Кӯлоб

шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 40

Боғи фарҳангӣ

23

03/06

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и ба номи Давлаталӣ Назарови шаҳри Кӯлоб

шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Даминзода, 385

Роҳи марказӣ

24

03/08

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 51‑и ба номи Худоёр Раҷабови шаҳри Кӯлоб

шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 1

Корхонаи нонбарорӣ

25

03/18

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Шаҳритус

ноҳияи Шаҳритус, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 54

Маркази таҳсилоти иловагӣ

26

04/01

Муассисаи таълимии давлатии “Мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон”

шаҳри Хоруғ, кӯчаи Шоҳқирғизов, 11

Маркази шаҳр

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон