Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ДАВРИ СЕЮМИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ БАРОИ ДОВТАЛАБОНИ ЧАНДЕ АЗ КОЛЛЕҶҲОИ ҶУМҲУРӢ

Нашр шуд: 28 Октябри 2023
Диданд: 2429

Душанбе, 28-уми октябри соли 2023

29-уми октябри соли 2023 даври сеюми иловагии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ барои довталабони аз рӯйи ихтисосҳои нав ва ё ихтисосҳои дорои ҷойҳои холии чанде аз коллеҷҳои ҷумҳурӣ худро номнавискарда баргузор мешавад. Дар ин даври имтиҳон, ҳамчунин довталабони аз рӯйи ихтисосҳои дорои ҷойҳои холӣ ва ё ихтисосҳои нав аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон худро бақайдгирифтае, ки рӯзи 22‑юми октябри соли ҷорӣ иштирок карда натавонистанд, ширкат меварзанд.

Ёдовар мешавем, ки даври сеюми иловагии номнависии довталабони коллеҷҳои дорои ихтисосҳои нав ё ҷойҳои холӣ тибқи баъзе аз ихтисосҳо аз 10‑ум то 19-уми октябри соли ҷорӣ давом карда, ин муҳлат боз то 22-юми октябр тамдид карда шуд. Рӯйхати нуқтаҳои бақайдгирии таъсисёфта дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар сомонаи Марказ ба нашр расида буд.

Коллеҷҳои  дорои  ихтисосҳои нав ва ё ихтисосҳои дорои ҷойҳои холӣ, ки довталабонашон дар имтиҳонҳои даври мазкур иштирок мекунанд, инҳоянд: Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода, Коллеҷи тиббии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (ғайридавлатӣ), Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом, Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар, Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Левакант (ғайридавлатӣ) ва филиали ин коллеҷ дар шаҳри Норак, Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат, Коллеҷи сайёҳӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоии шаҳри Хуҷанд, Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Зафаробод, Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб (ғайридавлатӣ), Коллеҷи тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара, Коллеҷи тиббии хусусӣ дар ноҳияи Муъминобод (ғайридавлатӣ), Коллеҷи тиббии ноҳияи Фархор (ғайридавлатӣ), Коллеҷи саноат ва хизматрасониҳои иҷтимоии шаҳри Левакант ва Коллеҷи омӯзгорӣ-муҳандисӣ дар ноҳияи Ҷайҳун (ғайридавлатӣ).

Барои баргузории имтиҳони мазкур 12 маркази имтиҳонӣ дар пойтахти ҷумҳурӣ ва шаҳру ноҳияҳои дигар ташкил карда шуд, ки рӯйхаташ дар зер оварда мешавад.

Ба рақами телефони мобилии ҳар довталаб дар бораи замону макони имтиҳонсупориаш паёмак (SMS) фиристода шуд. Агар бо сабабе довталаб ин паёмакро дарёфт накарда бошад, бояд барои иттилоъгирӣ тавассути телефонҳои 224 53 67 ва ё 224 53 68 бо Марказ дар тамос шавад.

Довталабон бояд на дертар аз соати 11:00 дар маркази имтиҳонии дахлдор ҳозир шаванд.

Риояи шарту талаботи барои имтиҳонҳо муқарраршуда, аз ҷумла инҳо, барои довталабон ҳатмӣ аст:

1. Бо худ овардани ҳуҷҷату ашёи зерин:

- шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият (бо муҳр ва сурат), ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст;

- 2 дона ручкаи одии рангаш сиёҳ (рангҳои дигар иҷозат дода намешавад, зеро варақаи ҷавобҳои бо рангҳои дигар қайдшуда аз ҷиҳати технологӣ дуруст коркард намешавад);

Довталаб метавонад дар зарфи шаффоф барои худ оби нӯшокӣ оварад.

2. Овардани ашёи зерин қатъиян манъ аст:

- ҷузвдон, китоб, ҳар гуна навиштаҳо, дафтар, маводди иттилоотӣ;

- телефони мобилӣ ва дигар таҷҳизоту воситаҳои алоқа ва ҳисоббарор (калкулятор, ноутбук, планшет ва ғайра).

 

РӮЙХАТИ

муассисаҳои таълимие, ки дар заминаи онҳо рӯзи 29-уми октябри соли 2023 марказҳои имтиҳонӣ барои баргузории даври 3-юми иловагии имтиҳонҳои

марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешаванд

 

Р.т.

Маркази имтиҳонӣ / муассисаи таълимӣ

(нишонӣ)

Нуқтаи роҳнамо

(ориентир)

Шаҳр / ноҳия

I

шаҳри Душанбе

1

01/01

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 25-и ба номи Убайд Раҷаб

(ш. Душанбе, н. Сино, кӯч. Исмоили Сомонӣ, 59)

Назди беморхонаи Қарияи Боло

2

01/02

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 94

(ш. Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Алишери Навоӣ, 21)

Дорухонаи “Санта-Фарм” (маҳаллаи 92-юм)

3

01/03

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 42

(ш. Душанбе, н. Фирдавсӣ, кӯч. Фирдавсӣ, 93/2)

Аз тарафи маркази ноҳия баъд аз бозори “Саховат” дар самти чап  

 

ноҳияи

Фирдавсӣ

4

01/04

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 100

(ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кӯч. Назаршоев, 17)

Дар шафати

Маркази савдои “Ёқут-2000”

 

ноҳияи

Шоҳмансур

II

шаҳри Турсунзода

5

01/05

Муассисаи таълимии “Литсей барои хонандагони болаёқат” дар шаҳри Турсунзода

(ш. Турсунзода, маҳаллаи 5-ум, кӯчаи Мадкозимов, 129)

 

Бозори нав, беморхонаи касалиҳои сироятӣ

шаҳри

Турсунзода

III

ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд

6

02/01

Гимназияи № 1-и ба номи Абдурасул Нозиров

(в. Суғд, н. Б.Ғафуров, кӯч. А. Нозиров, 44)

Назди комиссариати ҳарбӣ

ноҳияи

Бобоҷон Ғафуров

IV

шаҳри Бохтари вилояти Хатлон

7

03/01

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 9-и ба номи А. У. Муминов

(в. Хатлон, ш. Бохтар, кӯч. Кайҳоннавардон, 22)

Дар шафати кохи Лоҳутӣ

шаҳри

Бохтар

V

шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон

8

03/02

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ба номи В. П. Чкалов

(в. Хатлон, ш. Кӯлоб, кӯч. И. Сомонӣ, 40)

Рӯ ба рӯйи боғи фарҳангӣ

шаҳри

Кӯлоб

VI

шаҳри Нораки вилояти Хатлон

9

03/03

Муассисаи таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Норак” (ғайридавлатӣ)

Фабрикаи дӯзандагӣ

шаҳри Норак

VII

ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон

10

03/04

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 4

(в. Хатлон, н. Данғара, кӯч. Исмат Шариф)

Дар шафати идораи

“Хоҷагии ҳифзи ҷангал”

ноҳияи

Данғара

VIII

ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон

11

03/05

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 2

Маркази ноҳия, майдони Исмоили Сомонӣ

ноҳияи

Муъминобод

XI

ноҳияи Фархори вилояти Хатлон

12

03/06

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 2-и ба номи С. Айнӣ

Саристгоҳи автомобилҳо (автовокзал)

ноҳияи Фархор

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон