Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲО – ҚИСМҲОИ А (ИМТИҲОН ДАР ЗАМИНАИ ТАҲСИЛОТИ УМУМӢ) ВА Б (ИМТИҲОН ДАР ЗАМИНАИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ АСОСӢ) ДАР СОЛИ 2022

Нашр шуд: 12 Июли 2022
Диданд: 5235

Душанбе, 12-уми июли соли 2022

12-уми июл барои довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум), миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки дар марҳалаи иловагии бақайдгирӣ (аз 10‑ум то 30‑юми июни соли 2022) барои иштирок дар ИМД номнавис шуда буданд ва довталабоне, ки дар даври асосии қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ – синфи 11-ум) ё қисми Б (имтиҳон дар заминаи умумии асосӣ – синфи 9-ум) иштирок карда натавониста, барои супоридани имтиҳони дахлдор дар даври иловагӣ ба Марказ ариза пешниҳод намудаанд, даври иловагии имтиҳонҳо оғоз гардид. Даври иловагии имтиҳонҳо барои ҳар ду қисм –  А ва Б дар як рӯз – 12-уми июл баргузор карда мешавад.

Шумораи умумии довталабоне, ки дар марҳалаи иловагии бақайдгирӣ (аз 10‑ум то 30‑юми июн) барои иштирок дар ИМД худро номнавис кардаанд ва довталабоне, ки дар даври асосии қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ё қисми Б (имтиҳон дар заминаи умумии асосӣ) иштирок карда натавониста, барои супоридани имтиҳони дахлдор дар даври иловагӣ ба Марказ ариза пешниҳод намудаанд, 2624 нафарро ташкил медиҳад (аз ҷумла 2023 нафар барои супоридани қисми А ва 601 нафар барои супоридани қисми Б).

Даври иловагии имтиҳонҳо дар 7 маркази имтиҳонии шаҳри Душанбе, ки тибқи рӯйхати тасдиқкардаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ташкил карда шудаанд, баргузор мегардад.

Барои ташкил, баргузорӣ ва идораи даври иловагии имтиҳонҳо низ 316 корманди муваққатии дар асоси озмун интихобгардида, ки бо онҳо шартномаи меҳнатӣ баста шудааст, ҷалб карда шудаанд. Барои назорат ва ёрии амалӣ расонидан дар омода кардани марказҳои имтиҳонӣ, назорати раванди имтиҳон дар марказҳои имтиҳонӣ ва мониторинги он, инчунин барои қабули қарори дахлдор дар сурати рух додани мушкилот намояндагони ваколатдори Марказ ба марказҳои имтиҳонӣ равона карда шудаанд. Инчунин, мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини шаффофият ва назорати раванди имтиҳонҳо дар ҳар маркази имтиҳонӣ комиссияи ҷамъиятӣ фаъолият мекунад, ки ҳайати онро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ё ноҳияе, ки дар ҳудуди он маркази имтиҳонӣ амал мекунад, муайян ва тасдиқ кардааст.

Даври иловагии имтиҳонҳо мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар бораи он пеш аз оғози имтиҳон дар ҳар як синфхонаи имтиҳонӣ ба довталабон маълумот ва барои риояи талаботу қоидаҳои муқарраршуда дастур дода мешавад, баргузор карда мешавад.

Ҷавобҳои дуруст (калидҳо)-и саволу масъалаҳои тести дар имтиҳонҳо истифодашуда пас аз анҷоми имтиҳонҳо дар сомонаи Марказ ба нашр мерасанд. Ин ба довталаб имкон медиҳад, ки ӯ дар асоси нусхаи варақаи ҷавобҳояш, ки дар кабинети инфиродияш гузошта шудааст ва ҷавобҳои дуруст – калидҳои саволу масъалаҳои тести дар сомонаи Марказ нашршуда холҳояшро аз ҳар субтести имтиҳон мустақилона ҳисоб кунад. Ҳамчунин, то нашри варақаи ҷавобҳо дар кабинети инфиродияш довталаб метавонад бо истифода аз китобчаи тест, ки дар дасташ аст, холҳои бадастовардаашро мустақилона ҳисоб кунад.

Пахши раванди имтиҳонҳо аз марказҳои имтиҳонӣ дар ҳолати бархат (онлайн) тавассути камераҳои назоратӣ ба роҳ монда мешавад.

Эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо 20‑уми июли соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.

 

РӮЙХАТИ 

МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИЕ, КИ ДАР ЗАМИНАИ ОНҲО МАРКАЗҲОИ ИМТИҲОНӢ (МИ) БАРОИ БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ БА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНА ВА ОЛИИ КАСБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2022 ТАЪСИС ШУДААНД

Р/т

№ МИ

Муассисаи таълимие, ки дар он МИ ташкил дода шудааст

ном

нишонӣ

нуқтаи роҳнамо

(ориентир)

1 

01/07

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 94‑и ноҳияи Сино

шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Алишери Навоӣ, 21

дорухонаи “Санта-Фарм” (маҳаллаи 92-юм)

2 

01/08

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 95-и ноҳияи Сино

шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, маҳаллаи Зарафшон-1

Бонки “Эсхата”, беморхонаи бемориҳои сироятӣ, (маҳаллаи Зарафшон)

3 

01/09

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 96-и ноҳияи Сино

шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, маҳаллаи Зарафшон-1

маркази савдои “Испечак”, бозорчаи “Зарафшон” (маҳаллаи Зарафшон)

4 

01/10

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ – гимназияи № 74-и ноҳияи Фирдавсӣ

шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Деҳотӣ, 23

Маркази ҷумҳуриявии ташхисӣ, маҳаллаи 46-ум

5 

01/12

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 42-и ноҳияи Фирдавсӣ

шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Фирдавсӣ, 93/2

филиали ҶСК “Агроинвестбонк” (бозори “Саховат”)

6 

01/13

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 16‑и ба номи И.Е. Душкини ноҳияи Шоҳмансур

шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи М. Мастонгулов, 2а

фурудгоҳи куҳна, мағозаи масолеҳи сохтмонии “Строймаркет”

7 

01/14

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 100-и ноҳияи Шоҳмансур

шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Назаршоев, 17

маркази савдои “Ёқут-2000”, чойхонаи “Вохӯрӣ” (саристгоҳи роҳи оҳан)

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон