29 январи соли 2014. Аз 20 то 25 январи соли ҷорӣ дар давоми 6 рӯз давраи дуюми курсҳои омӯзишӣ ҷиҳати ташкили корҳои омӯзишию фаҳмондадиҳии моҳият ва раванди низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 68 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо иштироки директорон, муовинони директорон, роҳбарони синфҳои болоӣ ва муаллимони пуртаҷрибаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва ибтидоии касбӣ доир гардид.
Ба шунавандагони давраи дуюми курсҳои омӯзишӣ тренер-омӯзгороне, ки дар давраи якум иштирок намуда, соҳиби сертификати сатҳи ҷумҳурӣ гаштанд, дар асоси барнома ва модули омӯзишӣ дар ҳаҷми 36 соати дарсӣ дарс гуфтанд.
Дар давоми 6 рӯз зиёда аз 2800 шунавандагон дар курсҳои омӯзишӣ иштирок намуда, баъд аз анҷоми курсҳои омӯзишӣ ва супоридани санҷиши тестӣ соҳиби сертификат ва ба унвони тренер-омӯзгорони сатҳи маҳаллӣ сарфароз гардиданд.
Ба шунавандагони курсҳои омӯзишӣ маводи иттилоотӣ (барнома ва модул, роҳнамои довталаб, видеороликҳои омӯзишӣ дар дискҳо) тақсим карда шуд. Дар баробари ин, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, раёсат, идора ва шуъбаҳои маориф, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ маводи иттилоотӣ дастрас карда шуд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илм ва Муассисаи давлатии “Маркази миллии тестӣ” давраи сеюм ба давраи оғози идомаи таҳсил дар мактабҳо (1 феврал) рост омода, аз ҷониби тренер-омӯзгорони сатҳи маҳаллӣ дарсҳои омӯзишӣ оид ба мавзӯи низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар раванди дарсҳо ташкил ва гузаронида мешавад. Дар нақша аст, ки дар давоми як моҳ давраи сеюм гузаронида шуда, зиёда аз 100000 нафар хатмкунандагонро фаро мегирад.