Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ДАВРАИ ДУЮМИ БАҚАЙДГИРӢ ВА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ ДОВТАЛАБОН БАРОИ ИШТИРОК ДАР ИМД-2023

Нашр шуд: 05 Июни 2023
Диданд: 5582

Душанбе, 5-уми июни соли 2023

Ба таваҷҷуҳи шахсони хоҳишманди иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2023, ки худро дар давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирӣ (аз 1-уми март то 1-уми май) номнавис карда натавонистаанд, расонида мешавад, ки давраи дуюми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои мазкур аз 10-ум то 30‑юми июн аст.

Давраи дуюми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2023 дар нуқтаҳои бақайдгире, ки дар заминаи муассисаҳои таълимии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент, Хоруғ, Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои Данғара ва Рашт ташкил карда мешаванд, ба роҳ монда мешавад.

 

Рӯйхати муассисаҳои таълимие, ки дар заминаи онҳо аз 10-ум то 30-юми июн нуқтаҳои бақайдгирӣ ташкил карда мешаванд

 

Р/т

Муассисае, ки дар заминаи он нуқтаи бақайдгирӣ ташкил карда мешавад

ном

нишонӣ

нуқтаи роҳнамо (ориентир)

 

Шаҳри Душанбе

1.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 70 ба номи 15-солагии Конститутсияи Тоҷикистони ноҳияи Исмоили Сомонӣ

шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ, 15

Хонаҳои Қайроққум дар роҳи бетонӣ (дар муқобили шаҳраки донишҷӯёни ДМТ)

2.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 100-и ноҳияи Шоҳмансур

шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Назаршоев, 17

Саристгоҳи роҳи оҳан, рӯбарӯи маркази савдои “Ёқут-2000”

 

Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ

3.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ба номи Хоҷа Абдулхайрови ноҳияи Рашт

ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 27

Маркази ноҳия (шаҳраки Ғарм)

 

Вилояти Суғд

4.

Бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Маркази миллии тестӣ дар шаҳри Хуҷанд

шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Мадади Сино, 5

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2-и ба номи Зайниддин Осимов, маҳаллаи Бофанда (Шелкокомбинат)

5.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3-и ба номи Набӣ Каримов

шаҳри Панҷакент, хиёбони Рӯдакӣ, 208

Маркази шаҳр (дар муқобили бозори либосӣ)

 

Вилояти Хатлон

6.

Бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Маркази миллии тестӣ дар шаҳри Бохтар

шаҳри Бохтар, кӯчаи А. Расулов, 35

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 4, бозори марказӣ,

7.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и шаҳри Кӯлоб

шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 40

Оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (рӯбарӯи боғи фарҳангӣ)

8.

Литсейи тамоюли техникӣ ба номи Афлотуни ноҳияи Данғара

ноҳияи Данғара, кӯчаи Марказӣ, 30

Шуъбаи маориф

 

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

9.

Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев

шаҳри Хоруғ, кӯчаи Шириншоҳ Шоҳтемур, 28

Бинои ҳукумати вилоят

 

Шахсони хоҳишманди иштирок дар ИМД-2023 метавонанд барои номнависӣ ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирии дар боло нишондода бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зерин муроҷиат кунанд:

1) шиносномаи миллӣ ё маълумотнома бо муҳру сурат аз ШВКД ва нусхаи он – барои шахсоне, ки синнашон ба 16 расидааст (барои шахсони то 16-сола – шаҳодатномаи таваллуд, маълумотнома бо муҳру сурат аз ҷойи зист ва нусхаи онҳо);

2) ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот:

• маълумотнома (бо муҳр ва сурат) аз муассисаи таълимӣ дар бораи хатмкунандаи синфи 9-ум будан (барои шахсоне, ки дар синфи 9-уми муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ ё миёнаи умумӣ мехонанд);

• маълумотнома (бо муҳр ва сурат) аз муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ дар бораи хатмкунандаи синфи 11-ум будан (барои хатмкунандаҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ);

• маълумотнома (бо муҳр ва сурат) аз муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар бораи хатмкунанда будан (барои хатмкунандаҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ);

• маълумотнома (бо муҳр ва сурат) аз муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар хусуси хатмкунандаи гурӯҳи таҳсилаш пулакӣ будан (барои хатмкунандаҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ);

• аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ ва нусхаи он (барои онҳое, ки синфи 9-умро хатм намудаанд);

• аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва нусхаи он (барои онҳое, ки синфи 11-умро хатм кардаанд);

• диплом ва замимааш дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва нусхаи онҳо (барои онҳое, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбиро хатм кардаанд);

• диплом ва замимааш дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва нусхаи онҳо (барои онҳое, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбиро хатм намудаанд);

3) рақами расид (квитансия)-и пардохти маблағ аз яке аз марказҳои хизматрасонӣ ё филиалҳои Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”, ё аз барномаи мобилии “Амонат мобайл”;

4) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи имтиёзҳо (агар дошта бошад).

Довталабоне, ки дар давраи дуюми бақайдгирӣ (аз 10-ум то 30-юми июн) худро номнавис мекунанду боз интихобҳои аввалаи худро иваз кардан мехоҳанд, имкон доранд, ки барои ин кор аз нав сабти ном кунанд. Азнавбақайдгирии чунин довталабон ҳамзамон бо давраи дуюми бақайдгирӣ ба роҳ монда мешавад ва чунин довталабон ба нуқтаи бақайдгирие бояд муроҷиат кунанд, ки худро қаблан дар он номнавис кардаанд.

Инчунин, барои довталабоне, ки дар давраи якуми бақайдгирӣ (аз 1-уми март то 1-уми май) худро номнавис кардаанду интихобҳои аввалаи худро иваз кардан мехоҳанд, давраи дуюми азнавбақайдгирӣ аз 10-уми июн оғоз ва то 30-юми июн давом меёбад. Давраи дуюми азнавбақайдгирии ин довталабон низ дар нуқтаҳои бақайдгирии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент, Хоруғ, Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои Данғара ва Рашт сурат мегирад. Довталабони мазкур барои азнавбақайдгирӣ метавонанд ба нуқтаи бақайдгирии барояшон наздик ё мувофиқ муроҷиат кунанд.

Ҳангоми азнавбақайдгирӣ довталаб бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кунад:

1) шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият (бо муҳру сурат), ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст;

2) варақаи бақайдгирии даври бақайдгирии асосӣ;

3) рақами расид (квитансия) аз яке аз марказҳои хизматрасонӣ ё филиалҳои Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”, ё аз барномаи мобилии “Амонат мобайл” оид ба пардохти маблағи хизматрасонии дахлдор.

ТАВАҶҶУҲ! Довталабоне, ки худро дар давраи дуюми бақайдгирӣ (аз 10‑ум то 30-юми июн) номнавис мекунанд ё дар давраи дуюми азнавбақайдгирӣ (аз 10-ум то 30‑юми июн) интихобҳои аввалаи худро иваз мекунанд, имтиҳонҳоро дар даври иловагӣ месупоранд. Соли ҷорӣ даври иловагии имтиҳонҳо – қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) 12-уми июл дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб баргузор карда мешавад. Аз ин лиҳоз, довталабони мазкур ҳангоми бақайдгирӣ ё азнавбақайдгирӣ барои имтиҳонсупорӣ яке аз ин чор шаҳрро интихоб карда метавонанд.

Хотиррасон мекунем, ки тибқи Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  29 апрели соли 2023, №188 тасдиқ шудааст ва дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасонӣ барои довталаб вобаста аз зинаи таҳсилоташ бо дар назар доштани ҳар яке аз давраҳои бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои мазкур ва азнавбақайдгирӣ барои ворид кардани тағйирот ба интихоби аввала ва (ё) маълумоти шахсӣ чунин муқаррар гардидааст:

 

1) Бақайдгирии довталабон (шахсони якум маротиба номнависшаванда) барои иштирок дар ИМД-2023, инчунин азнавбақайдгирии довталабоне, ки дар давраи якуми бақайдгирӣ (аз 1‑уми март то 1-уми май) номнавис карда шудаанд.

          

Р/т

Гурӯҳи довталабон

Маблағ

шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ

шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9‑ум)

1

Довталабони беимтиёз

300

210

2

Кӯдакони маъюб ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II

150

105

3

Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падар ё модарашон маъюби гурӯҳи I ё II мебошад

150

105

4

Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё падар ё модари танҳо доранд

150

105

5

Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падару модарашон ва ё падар ё модари танҳояшон вафот кардаанд

-*

-*

6

Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки бо сабабҳои маҳдуд ё маҳрум карда шудани падару модар, падар ё модари танҳояшон аз ҳуқуқи падарумодарӣ, бедарак ғоиб эътироф ё фавтида эълон гардидани падару модар, ғайри қобили амал дониста шудани онҳо, барои адои ҷазо дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ қарор доштани падару модар, саркашӣ кардани падару модар аз тарбияи кӯдак ё ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ӯ, аз ҷумла ҳангоми рад кардани гирифтани кӯдаки худ аз муассисаҳои таълимӣ-тарбиявӣ ва ё табобатӣ бе падару модар мондаанд

-*

-*

7

Кӯдакони маъюб ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падар ё модарашон вафот кардааст ва ё падар ё модари танҳо доранд

-*

-*

8

Кӯдакони маъюб ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падару модари маъюби гурӯҳи I ё II ва ё падар ё модари танҳои маъюби гурӯҳи I ё II доранд

-*

-*

9

Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падару модарашон маъюби гурӯҳи I ё II ва ё падар ё модари танҳояшон маъюби гурӯҳи I ё II мебошад (мебошанд)

-*

-*

 

 2) Азнавбақайдгирии довталабоне, ки дар давраи дуюми бақайдгирӣ (аз 10-ум то 30-юми июн) номнавис карда мешаванд**.

 

Р/т

Гурӯҳи довталабон

Маблағ

шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ

шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9‑ум)

 

1

Довталабони беимтиёз

25

25

 

2

Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падару модарашон ва ё падар ё модари танҳояшон вафот кардаанд

-*

-*

 

3

Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки бо сабабҳои маҳдуд ё маҳрум карда шудани падару модар, падар ё модари танҳояшон аз ҳуқуқи падарумодарӣ, бедарак ғоиб эътироф ё фавтида эълон гардидани падару модар, ғайри қобили амал дониста шудани онҳо, барои адои ҷазо дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ қарор доштани падару модар, саркашӣ кардани падару модар аз тарбияи кӯдак ё ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ӯ, аз ҷумла ҳангоми рад кардани гирифтани кӯдаки худ аз муассисаҳои таълимӣ-тарбиявӣ ва ё табобатӣ бе падару модар мондаанд

-*

-*

 

4

Кӯдакони маъюб ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падар ё модарашон вафот кардааст ва ё падар ё модари танҳо доранд

-*

-*

 

5

Кӯдакони маъюб ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падару модари маъюби гурӯҳи I ё II ва ё падар ё модари танҳои маъюби гурӯҳи I ё II доранд

-*

-*

 

6

Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падару модарашон маъюби гурӯҳи I ё II ва ё падар ё модари танҳояшон маъюби гурӯҳи I ё II мебошад (мебошанд)

-*

-*

 

 

* ин гурӯҳи довталабон аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД-2023 озоданд. Агар вобаста ба мансуб будани довталаб ба ин ё он гурӯҳи шахсони дар пардохти маблағи хизматрасонӣ имтиёздошта шубҳа ҷой дошта бошад, барои маълум кардани ин масъала довталаб бо ҳуҷҷатҳои дахлдор ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирии наздиктарин ё тавассути телефони 224 53 68 ва 224 53 73 ба Марказ муроҷиат кунад;

** довталаб дар муҳлати барои азнавбақайдгирӣ муқаррарнамудаи Марказ ба миқдори номаҳдуд худро аз нав номнавис карда метавонад. Агар довталаби дар давраи якуми бақайдгирӣ (аз 1-уми март то 1-уми май) номнависшуда интихобҳои аввалаи худро дар давраи дуюми азнавбақайдгирӣ (аз 10-ум то 30-юми июн) як маротиба иваз карда бошад, маротибаи баъдӣ барои азнавбақайдгирӣ ҳамагӣ 25 сомонӣ пардохт мекунад.

Маблағи хизматрасонӣ дар ИМД бояд пеш аз бақайдгирӣ дар яке аз филиалҳо ё марказҳои хизматрасонии филиалҳои Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ё тавассути барномаи мобилии “Амонатмобайл” пардохт карда шавад.

Маълумоти муфассалро дар бораи бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ, муассисаҳои таълимии ба низоми ИМД дохилшуда ва дигар раванду марҳалаҳои имтиҳонҳои мазкур метавон аз дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб”, ки гунаи электронии он дар сомонаи Марказ ҷойгир карда шудааст, дастрас кард.

Феҳристи ихтисосҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбие, ки аз рӯйи онҳо донишҷӯён қабул карда мешаванд, низ дар сомонаи Марказ ҷой дода шудааст.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон